Оғози сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ дар ноҳияи Данғара1-09-2016, 10:34
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва беморхонаи бисёрсоҳавӣ оғози расмӣ бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи иншооти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат дар майдони беш аз 23 гектар марҳила ба марҳила бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар ин ҷо беш аз 15 бино ва дигар иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои асосӣ, чор бинои таълимӣ, ду хобгоҳ барои донишҷӯён ва як хобгоҳ барои омӯзгорон, се толори лексионӣ, ошхона, толору майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва як дармонгоҳи замонавӣ бо тарҳи ҷадид ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии сохтмону меъморӣ бунёд гардида, бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот ва ашёи илмомӯзӣ муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд. Зимни муаррифии лоиҳаи иншооти бунёдшаванда ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои асосии донишгоҳ, ки 9 ошёнаро дар бар мегирад, дар зарфи қариб ду сол бо сифати баланд сохта ба истифода дода мешавад. Ба гуфти лоиҳакашони иншооти мазкур дар бинои асосӣ аслан утоқҳои кории роҳбарияти донишгоҳ, кафедраҳои мухталиф, толорҳои лексионию баргузории конфронс, осорхона, китобхона, озмоишгоҳҳои гуногун, маркази тестӣ ва дигар шуъбаҳои ин муассисаи олии таълимии касбӣ ҷойгир гардида, ҳамзамон як маҷлисгоҳи калон бо фарогирии ҳазор ҷойи нишаст бунёд хоҳад шуд. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки рафти корҳои бунёдӣ зери назорати доимӣ қарор бигирад ва ҳамаи биноҳои таълимию ёрирасони донишгоҳи мазкур дар асоси лоиҳа бо сатҳу сифати баланд сохта шаванд. Иттилоъ дода шуд, ки дар навбати аввал кулли иншооти донишгоҳ барои 4 ҳазору 500 нафар донишҷӯ дар давоми шаш соли таҳсил пешбинӣ гардидааст. Ёдовар мешавем, ки соли равон ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати мамлакат Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуд, ки ин яке аз нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мебошад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амалисозии ин тарҳро идомаи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат унвон намуда, онро дар беҳдошти солимии ҷомеа қадами устувор арзёбӣ карданд. Дар мавзеи бунёди донишгоҳ, ҳамзамон корҳои сохтмонӣ дар Колеҷи тиббии ноҳияи Данғара ва беморхонаи касалиҳои сироятӣ оғоз гардида, бомаром пеш меравад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.