Қазоқистон будубоши бераводиди хориҷиҳоро кутоҳтар кард18-01-2023, 11:52
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Мақомоти Қазоқистон қоидаҳои вуруд ва будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар карданд.
Тибқи қарори ахири ҳукумати Қазоқистон, муҳоҷирон метавонанд аз рӯзи воридшавии худ бидуни раводид то 30 шабонарӯз дар ин кишвар бимонанд. Қоидаҳои нав барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки Русияро дар бар мегирад, 90 шабонарӯзи будубош бе визаро дар муҳлати 180 рӯзи тақвимӣ пешбинӣ мекунанд. Ҳаминтариқ, қоидаҳои мазкур кори онҳоеро, ки барои нав кардани санадҳои будубоши худ Қазоқистонро тарк карда, дубора ворид мешуданд, мушкил сохт. Акнун "Visa Run" (убури марз барои аз нав кардани санадҳо) номумкин хоҳад буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.