Шарҳи масъалаи авфи муҳоҷирони меҳнатӣ21-04-2017, 11:51
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи гузашта дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиди сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва авф кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламравии Россия дар чойхонаи кумитаи маҳаллаи «Қорираҳмат Қурбонов»-и шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ҳуқуқшиноси муассисаи давлатии марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон дар шаҳри Хуҷанд Фарида Ибрагимова баргузор гардид. Дар оғоз Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масъалаи расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуданд, ки он мавриди амал қарор гирифт. Тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар муҳлати як моҳ, аз санаи 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии иқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода мешавад. Фарида Ибрагимова дар баромади худ оиди қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони кориро дар қаламравии Россия сухан ронд ва ба иштирокчиён дастурамалҳо дастрас карда шуд. Чунин вохӯриҳо дар шаҳри Хуҷанд идома доранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.