Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Низоми раводид миёни Қазоқистон ва Бразилия бекор мешавад

Низоми раводид миёни Қазоқистон ва Бразилия бекор мешавад

26-07-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Низоми раводид миёни Қазоқистон ва Бразилия бекор мешавад
Ҳукуматҳои Қазоқистон ва Бразилия дар бораи равуои шаҳрвандони ду кишвар ба давлатҳои ҳамдигар бидуни раводид созишномаеро ба имзо расониданд.

Зери ин созишнома Мухтор Тлеубердӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон ва Деметрио Буэно Карвало, сафири Бразилия дар шаҳри Остона имзо гузоштаанд.

Бар пояи ин созишнома, шаҳрвандони Бразилия ва Қазоқистон метавонанд, ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Мухтор Тлеубердӣ гуфтааст, Қазоқистон ва Бразилия талош хоҳанд кард, ки созишномаи мазкурро то оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро амалӣ кунанд.

"Мо бовар дорем, ки барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома расмиёти дохилӣ сари вақт иҷро хоҳад шуд, то шаҳрвандони мо тавонанд бе раводид сафар намоянд", - иқтибос овардааст хабаргузории "Новости — Казахстан" аз суханронии Мухтор Тлеубердӣ.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 августи соли равон баргузор хоҳад шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон соли гузашта эълон карда буд, ки шаҳрвандони 19 давлати дунё метавонанд, барои 15 рӯз бе раводид вориди ин кишвар шаванд. То 31 декабри соли 2017 шаҳрвандони Австралия, Венгрия, Италия, Монако, Белгия, Испания, Нидерландия, Норвегия, Шветсия, Малайзия, АМА, Сингапур, Бритониё, ИМА, Олмон, Фаронса, Финляндия, Швейтсария ва Ҷопон ҳаққи сафар бераводидро ба Қазоқистон доранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: