Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон дар оғози соли 2016 ба паймони апостил пайваст

Тоҷикистон дар оғози соли 2016 ба паймони апостил пайваст

4-01-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон дар оғози соли 2016 ба паймони апостил пайваст
Тоҷикистон сар аз оғози соли 2016 ба паймони апостил пайваст, ки будубоши қонунии шаҳрвандонашро дар аксар кишварҳои хориҷи дуру наздик осонтар мекунад. Айни замон 149 кишвари дунё нуктаҳои ин паймонро ба расмият шинохтаанд ва ҳар ҳуҷҷате, ки дар кишварҳои узви ин паймон содир шуда, дар он муҳри апостил гузошта шудааст, дар кишварҳои дигари узв эътироф карда мешавад.

Апостил - як шеваи байналмилалии таъйиди аснод аст, ки аслӣ будани ҳуҷҷати расмии дигар кишварҳо, мисли шаҳодатномаи таваллуд, никоҳ, марг ва ё ҳукми додгоҳро тасдиқ мекунад ва дар ҳоли ҳозир дар 149 кишвар, аз ҷумла дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо эътироф карда мешавад.

Некрӯз Оймаҳмадов, сокини шаҳри Душанбе авввалин шуда аз Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои таҳсилаш соҳиби муҳри апостил гашт. Некрӯз рӯзи 2-юми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қасди таҳсил дар донишгоҳҳои Лаҳистонро дорад ва дар ташвиши ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳояш дар ҳудуди он кишвар буд.

Вай афзуд: “Ба бахти ман Тоҷикистон узви Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ гашт. Ман дар ду ҳуҷҷатам− аттестати хатми мактаби миёна ва дипломи хатми донишгоҳам муҳри апостил гузоштам”.

Некрӯз мегӯяд, ҷараёни гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳо чандон мушкил ва пурташвиш нест. Ба гуфтаи Некрӯз, вай нусхаи аз сӯи нотариус эътирофшудаи ҳуҷҷатҳояшро бо нусхаи шиносномааш ба бахши консулии Вазорати корҳои хориҷӣ супорид ва баъди панҷ рӯз бидуни ташвиш ва давутози зиёд, омада ҳуҷҷатҳояшро бо муҳри апостил дастрас кард.

Ҷараёни эътирофи ҳуҷҷатҳо дар кишварҳои хориҷӣ вақт ва муддати зиёдеро металабад. Барои мисол, аксар кишварҳои Аврупо танҳо пас аз гузаштани амалиёти “нострификатсия” ҳуҷҷатҳои таҳсили дар кишварҳои ғайриаврупоӣ додашударо эътироф мекунанд. Аммо ҳуҷҷатҳои таҳсили Некрӯз бо гирифтани муҳри апостил акнун дар 149 кишвари дунё, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ эътироф мешавад.

Ӯ мегӯяд:“ Ният дорам ба Лаҳистон равам ва таҳсиламро дар магистратура дар риштаи барномасозӣ ва ё тарҷумонӣ идома бидиҳам. Бо ин, ки ман дар ҳуҷҷатҳоям муҳри апостил дорам, дар Лаҳистон ҳуҷҷатҳои ман бидуни ба расмиятдарорӣ, эътироф хоҳанд шуд”.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ду мақоми давлатӣ−вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати адлия ҳаққи гузоштани муҳри апостил дар ҳуҷҷатҳои расмиро доранд. Ҳуҷҷатҳое, мисли шаҳодатномаи таваллуд, ақди никоҳ ва дигар санадҳои шаҳрвандӣ аз сӯи вазорати адлия тафтиш ва дар он муҳри апостил гузошта мешавад.

Кулли ҳуҷҷатҳои дигар дар Вазорати корҳои хориҷӣ санҷида шуда, дар он апостил гузошта мешавад. Тибқи қоидаҳои муқараркардаи вазорати корҳои хориҷӣ, барои гирифтани апостил дар ҳуҷҷат супурдани 25 сомонӣ боҷӣ давлатӣ ва 5 доллар хироҷи консулӣ, зарур аст.

Зимнан Русия -- кишвари муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон, низ узви паймони апостил аст. Аз ин рӯ, бо гузоштани апостил, санаду ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия эътироф хоҳад шуд.

Тоҷикистон охирин кишвари узви Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ буд, ки узви конвенсияи Гаага доир ба апостил гашт. Аксар кишварҳои пасошӯравӣ ҳанӯз авалҳои солҳои 90−ум шомили ин паймон шуда буданд. Барои шомил шудани Тоҷикистон ба ин паймон, созмонҳои байналмилалӣ ҳам назири Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ, кӯмак расонида буданд.

Кристофер Миллер - роҳбари намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молӣ (IFC) дар Тоҷикистон мегӯяд, тасвиби ин конвенсия натанҳо ба муҳоҷирон, балки барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар низ мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, барои як ширкат ва ё шаҳрванди хориҷӣ, ки хоҳиши боз кардани бизнесро дар Тоҷикистон дорад, эътироф шудани ҳуҷҷатҳояш дар инҷо хеле муҳим аст. Аммо бо шомил шудани Тоҷикистон ба паймони апостил, ин раванд хеле осону сода шуда ва ба ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ мусоидат мекунад.
©ozodi.org
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: