Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ИА сабукиҳои визаро барои гурҷиҳо ба таъхир андохт

ИА сабукиҳои визаро барои гурҷиҳо ба таъхир андохт

19-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
ИА сабукиҳои визаро барои гурҷиҳо ба таъхир андохт
Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо роҳандозии сабукиҳои визаро барои шаҳрвандони Гурҷистон ба таъхир андохтанд. Туркия, Украина ва Косоворо низ мебояд барои пайдо кардани ҳаққи равуои бевиза бо ИА каме мунтазир шаванд. Ин тасмими ИА дар пайи боло рафтани шумори муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишварҳои аврупоӣ гирифта шудааст.

Сафирони ИА дар Брюссел равуои будини визаро барои Гурҷистон баррасӣ карданд, аммо ба далели эътирози Олмону Фаронса ҳеч тасмиме напазируфтанд. Сафирон 14 июн дубора ба ин мавзуъ бар хоҳанд гашт.

Ба гуфтаи яке аз дипломатҳои аврупоӣ, гап дар бораи комилан қатъ кардани ин раванд намеравад, балки бояд каме аз эҳтиёт кор гирифт.

Туркия равуои бидуни визаро бо ИА подоши кумакаш дар ивази ҳалли масъалаи муҳоҷирон номид. Барои Украина ва Гурҷистон равуои бидуни виза бахше аз муборизаи геополтикӣ бо Русия аст. Косово охирин кишвари Балкани Ғарбӣ хоҳад буд, ки равуои бевизаро бо ИА пайдо мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: