Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҲИЗБӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ ҲИЗБӢ

22-12-2022, 15:45
Хабарро хонданд: 400 нафар
Назарҳо: 0
ТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ  ҲИЗБӢ

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои ҳизбӣ пешниҳод гардидаанд, мулоқот намуд.
Бояд зикр намуд, ки бо пешниҳоди кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷавонони фаъолу арзанда ба вазифаҳои сохтории ҳизбӣ пешниҳод гардиданд. Зимни суҳбат иброз гардид, ки интихоби кадрҳои ҷавон барои ташаккули ғояи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ин росто, Фирдавс Салимӣ - муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Фаррух Зоидов - роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Мунзифа Пӯлотова– мудири шуъбаи таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Қумринисо Гулмуродзода - муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Рухсора Ғафурзода -мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Дилшод Шодиев -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Азимҷон Расулов -мудири бахши омор ва махзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Назригул Шамсиева -муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод, Амрулло Аҳадов–мудири шуъбаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Файзобод ва Фарҳодҷон Ғаюров -мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат интихоб гардиданд.
Абдуҷаббор Азизӣ ба кадрҳои тозаинтихоб барори кор хоста, зикр намуд, ки ҳизб аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, ташаббусҳои созандаи ҷавононро пайваста дастгирӣ менамояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ-ҷавонон, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ амалӣ мегарданд.


ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..."
16-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими супоридани мукофоти пулӣ ба иштирокчиёни даври чоруми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидаанд, баргузор шуд.
Дар ин маросими бошукӯҳ дар баробари намояндагони сохторҳои давлатӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ширкат намуда, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 26 нафар иштирокчии фаъоли озмун, аз ҷумла ба 13 нафар ятим ва шахси маҳдудимкон 4000 сомонӣ ва ба 13 нафар пиронсол ба маблағи 3000 сомонӣ аз номи Раиси ҳизб тақдим намуд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.

ИСТИҚБОЛ АЗ ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТТАЪИНОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРҲОИ  ҲИЗБӢ
Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, бахшида ба қабули қатънома оид ба ташаббуси навбатӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид силсилаиқдомҳои ҷашнӣ роҳандозӣ гардид.
Вобаста ба ин рӯйдоди беназири таърихӣ, субҳи 17-уми декабр бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва шумораи зиёди аъзои КИМ ҲХДТ аз назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ бо ширкати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва тараннумгари Истиқлоли мамлакат, то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур роҳпаймоии идона доир гардид.
Сипас, дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори масоили об дар ҷаҳон» дар ҳамовозӣ ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Усмон Маҳмадёрзода, ректори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Рустам Ғаниев, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Аҳмадзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода баргузор гардид.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, қабул гардидани қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии мо дар мавзуи обу иқлим арзёбӣ мегардад, иштирокчиёнро таҳният намуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ бо суханӣ табрикотӣ кулли иштирокчиёнро бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, чунин қайд кард: "Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо - ҳамватанон ҳаст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусу иқдомҳои оламшумули Роҳбари моро дастгирӣ ва мавриди корбарӣ қарор медиҳанд. Дар ин радиф, аз шаҳрвандони кишвари офтобӣ ва макони обҳои мусаффо масъулияту уҳдадории дучанд баҳри амалӣ намудани ин ормонҳои наҷиб тақозо карда мешавад. Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистони биҳиштосо давоми даврони соҳибистиқлолӣ мизбони як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили соли 2003 «Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”, соли 2013 «Соли ҳамкории байналмилалӣ дар риштаи об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” гардида буд.
Натиҷаи ин ҳама иқдомҳои пайвастаи Президенти муҳбуби кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад".
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи оби тоза ба ҳисоб рафта, аз рӯи масоҳат дар дунё ҷойи 85-ум, аз ҷиҳати захираҳои обӣ 11-ум, аз рӯи таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷои 8-ум дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Россия аз рӯйи нишондод дар минтақа мақоми аввалро ишғол менамояд». Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва татбиқ хоҳанд шуд.
Дар суҳбат ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор Усмон Маҳмадёрзода ёдовар шуд, ки боиси ифтихор аст имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи оби тоза ба ҳисоб меравад. Аз ҳисоби истифодаи оби ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯнабуда ҳамасола беш аз 5 миллион нафар одам аз олам чашм мепӯшанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор мешаванд. Зиёда аз 3 миллиард инсон аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд.
Дар бораи муҳимияти қабули ин қатънома Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ хеле бамаврид зикр намудаанд: ”Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзуъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.”
Кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз қабул гардидани ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат самимона истиқбол мегиранд ва ин рӯйдоди пуршукӯҳро ба мардуми сарбаланди тоҷик муборак мегӯянд.
ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КОНЧОЧ”
4-уми апрели соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд.
Аз ин иқдомҳои бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандон ва фаъолони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” изҳори қаноатмандӣ намуда, талош карда истодаанд, ки дар ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар нақши назарраси худро гузоранд. Дар баробари ҳадафҳои стратегӣ масъулини Ҷамъияти саҳомӣ дар иҷрои бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ пайваста чораҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.
Тибқи нақша дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО-Голд” маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид, ки дар кори он муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода ва дигар фаъолони ҳизб иштирок доштанд.
Муовини директори ҶСП “Толко Голд” Мурод Ҷумъазода маҷлиси муассисонро ҳусни оғоз бахшида, оид ба банди якуми рӯзномаи маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Ҷамъиятии саҳомии пӯшидаи “Толко Голд”, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва номгузории он бо номи “Кончоч” баромад намуд, ки иштирокчиён пешниҳоди мазкуррро қобили таваҷҷуҳ донистанд.
Мурод Ҷумъазода қайд кард, ки узви ин ҳизби пешсафи ҷомеа будан ифтихору шараф буда, аз ҳар узви он масъулияту кордонӣ, садоқату заҳмат баҳри нафъи ин миллату давлат мехоҳад. «Мо пайравӣ аз иқдомҳои шоистаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоӣ якдилона барои ташкили ташкилот ҷамъ омадем, ки хушбахтона, имрӯз расмӣ кунонида шуд.
Заҳмату фидокориҳои Раиси муаззами ин ҳизби бонуфуз, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳаду канор ва боиси таҳсину офарин буда, аъзои онро низ чунин садоқату ҷоннисорӣ баҳри манфиатҳои миллат мебояд».
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода зикр намуд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: - “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри Истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”. Ин суханони Пешвои миллат мароми мо ҳизбиён дар роҳи ватандӯстиву созандагӣ буда, шиори барномавии ҲХДТ- “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” самти муайяншудаи фаъолияти мост.
Дар идомаи баромад Асрор Латифзода тариқи овоздиҳӣ ва дастгирии иштирокчиёни маҷлиси муассисон Мурод Ҷумъазодаро ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Кончоч” интихоб намуда, даъват ба амал оварданд, ки бо шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагии мамлакатамон фаъолияти хешро дар самти таблиғу ташвиқиғояҳои оинномавию барномавии ҳизб ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли мамлакат идома бахшида, барои сулҳу ҳамбастаги ҳамешагӣ саъю талош варзанд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода оид ба ташаббусҳои беназири Пешвои миллат дар рушди саноат, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг ва зиндагии шоистаи мардум маълумоти муфассал доданд. Баъд аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба чанд нафар коргар, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Дар рафти маҷлис кормандони ҷавони Ҷамъияти саҳомӣ Ҷумъабой Шукуров, Умар Тағоев ба музокира баромада, аз Пешвои маҳбуби миллат изҳори сипос намуданд, ки барои мо, чунин шароитҳоро фароҳам оварда, бо маоши баланд ва шароити хуби корӣ фаъолият ва зиндагиамонро пеш бурда истодем. Ифтихор менамоем, ки имрӯз аъзои ҲХДТ шудем, минбаъд кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо сари баланд кору фаъолият намуда, дар пойдории сулҳу субот ва рӯзгори босаодати хеш нақши арзанда гузорем.
Меҳмонон баъд аз кори маҷлис бо ҷараёни корҳои Ҷамъияти саҳомӣ шинос шуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳ маслиҳатҳои судманд доданд.


МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "НЕРУБАХШ"

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нерубахш", ки дар назди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъсис дода шудааст, бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Амир Комилбек ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда маҷлисиғайринавбатӣ баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ба узвияти ҲХДТ қабул намудани аъзои тозаинтихоб мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст, Соҳибҷон Имомназаров ҳангоми шиносоӣ бо рӯзномаи маҷлис қайд намуд, ки амалӣ гардонидани ҳадафи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа, танзими ҳаракати аъзои ҳизб, ба манфиат истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ аз мо масъулияти дучанд талаб дорад.
Ҳамзамон, Соҳибҷон Имомназаров зикр намуд, ки бо сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии дар болозикршуда тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ба мо зарур аст, ки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро аз нав интихоб намоем. Вобаста ба масъалаҳои мазкур интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Нерубахш" қарорҳои дахлдор қабул гардида, Амир Комилбек раиси ташкилот ва Рӯшонгул Шофақирзода муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда интихоб гардиданд.
Зикр гардид, ки тӯли ин солҳо ҲХДТ тавонист дар таъмини зиндагии шоистаи мардум, некуаҳволии халқ, рушди тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла фарҳанг, иқтисод, иҷтимоиёт, илму маориф, тандурустӣ ва ғайра саҳми босазои худро гузошта, инчунин он барои таҳкими устувории сулҳу субот, амнияту оромӣ ва осоиштагии халқу кишвари Тоҷикистон мусоидат намудааст.
Дар охири маҷлис ба нафароне, ки ба сафи аъзои ҲХДТ шомил шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
«МХ»






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: