Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқболи ҳизбиён аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат

Истиқболи ҳизбиён аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат

19-12-2022, 08:14
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Истиқболи ҳизбиён аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, бахшида ба қабули Қатънома оид ба ташаббуси навбатӣ дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид силсилаиқдомҳои ҷашнӣ роҳандозӣ гардид.
Вобаста ба ин рӯйдоди беназири таърихӣ, субҳи имрӯз бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва шумори зиёди аъзои КИМ ҲХДТ, аз назди муҷассамаи устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ, бо ширкати роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо шиору овезаҳои ҷашнӣ ва тараннумгари Истиқлоли мамлакат, то Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур роҳпаймоии идона доир гардид.
Сипас, дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори масоили об дар ҷаҳон» дар ҳамовозӣ ба қабули Қатъномаи маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, Ректори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Рустам Ғаниев, Аҳмадзода Оятулло, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим баргузор гардид.
Ҳамоишро Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим ифтитоҳ намуда, ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим, қабул гардидани Қатъномаи саривақтии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии мо дар мавзӯи обу иқлим арзёбӣ мегардад, иштирокчиёнро таҳният намуд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ бо суханӣ табрикотӣ кулли иштирокчиёнро бо ин санаи фархунда муборакбодӣ намуда, чунин қайд кард: "Боиси хушнудӣ ва сарфарозии мо - ҳамватанон ҳаст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусу иқдомҳои олмашумули Роҳбари моро дастгирӣ ва мавриди корбарӣ қарор медиҳанд. Дар ин радиф, аз шаҳрвандони кишвари офтобӣ ва макони обҳои мусаффо, масъулияту уҳдадории дучанд баҳри амалӣ намудани ин ормонҳои наҷиб тақозо карда мешавад. Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистони биҳиштосо давоми даврони соҳибистиқлолӣ мизбони як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз қабили “Соли 2003- Соли оби тоза”, солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт”, “Соли 2013- соли ҳамкории байналмилаӣ дар риштаи об”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” гардида буд.
Натиҷаи ин ҳама иқдомҳои пайвастаи Президенти муҳбуби кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад".
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни суҳбат иброз дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи оби тоза ба ҳисоб рафта, аз рӯи масоҳат дар дунё ҷои 85-ум, аз ҷиҳати захираҳои обӣ 11-ум, аз рӯи таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷои 8-ум дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъди Русия аз рӯйи нишондод дар минтақа, мақоми аввалро ишғол менамояд. Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки чораҳои зарурии муштарак дар ҳалли масъалаҳои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ таҳия ва татбиқи хоҳанд шуд.Истиқболи ҳизбиён аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат
Дар суҳбати худ Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур ёдовар шуданд, яке аз проблемаҳои асосии пайдошавии бемориҳои гуногун дар ҷаҳон маҳз аз ифлосии об сарчашма гирифта, боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаи оби тоза ба ҳисоб меравад. Аз ҳисоби истифодаи оби ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ набуда, ҳамасола беш аз 5 миллион нафар одам аз олам чашм мепӯшанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дучор мешаванд. Зиёда аз 3 млрд. инсон аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро истифода мебаранд.
Дар бораи муҳиммият қабули ин Қатънома Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ хеле бамаврид зикр намуд: ”Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд.”
Кулли аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз қабул гардидани ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат самимона истиқбол мегирад ва ин руйдоди пуршукӯҳро ба мардуми сарбаланди тоҷик муборак мегуяд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: