Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ

Маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ

1-08-2022, 12:48
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Ёвон
14 июли соли 2022 дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон Конференсияи 20- уми ҲХДТ баргузор гардид. Дар он муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ва узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода иштирок доштанд. Дар конференсия 366 нафар вакил аз ҳисоби аъзои фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҳизбӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" ширкат намуданд. Дар конференсия 6 масъала баррасӣ шуд: 1. Дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (ноябри соли 2019 - июни соли 2022); 2. Ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар давраи ҳисоботӣ; 3. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ; 4. Интихоби ҳайати Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон; 5. Пешбарии номзадҳо ба вакилии Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои ҷорӣ.
Аз руйи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон М. Раҳматуллоев ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Анвар Мирзоев - муовини раиси ташкилоти ибтидоии "Пайравони Сино", Нигина Ашурзода - раиси ташкилоти ибтидоии шаҳраки Ёвон ва Иззатов Субҳиддин - раиси ташкилоти ибтидоии "Ғаюр-1" ба музокира баромада, гузоришро мусбат арзёбӣ карданд.
Асадулло Бекназаров аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома гузориш дод. Мутобиқ ба масъалаҳои дигари рӯзномаи конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроия дар ҳайати 45 нафар, Комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 3 нафар ва ҳайати вакилони Конференсияи 14- уми ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳайати 21 нафар интихоб гардиданд. Вакилони конференсия дар рафти қабули қарорҳо фаъолона иштирок доштанд. Дар рафти конференсия Хайринисо Юсуфӣ- муовини раиси ҲХДТ, Миралиён Қ. А.- раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро- узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳияи Ёвон суханронӣ намуда, фаъолияти ҳизбиёни ноҳияи Ёвонро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Дар охир, ба чанде аз фаъолони ҳизбӣ Сипосномаҳои КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон супорида шуд.
***
Душанбе
8 июл дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори агентӣ —раиси ташкилот Саидалӣ Сиддиқ, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ва аъзои ташкилот маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Маҷлиси ҳизбӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, нахуст раиси ташкилот дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дод ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи он пешниҳод шуд.
Зикр гардид, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ (аз июни соли 2021 то июни соли 2022) дар ҳамдастӣ бо мақомоти марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ХХДТ як зумра корҳоро сомон додаанд. Аъзои ҳизб ва дигар кормандони агентӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ, татбиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 саҳми муносиб гузошта, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуданд.
Аз рӯйи масъалаи дигари маҷлис бо пешниҳоди аъзои ҳизб раёсати ташкилоти ибтидоии “Эҷод”, раис, муовини раис ва котиб аз нав интихоб гардиданд. Инчунин, се нафар вакил барои ширкат дар Конференсияи 35-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки 29 июли соли равон доир мегардад, интихоб шуданд.
Мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода бобати таҳкими давлатдории миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани худогоҳӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, хизмати содиқонаву дастгирии самимонаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани иродаи сиёсии халқ суханронӣ намуд.
А.Шоҳиён фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Эҷод”-ро дар давраи ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ ва таъкид кард, ки нақши ҳизбиёни кишвар дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум назаррас аст.
Дар фарҷоми маҷлис ба ҷавононе, ки нав ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
***
Хоруғ
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Эҷод" бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибҷон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Нахуст, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Эҷод” аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ироа гардид. Зикр шуд, ки ташкилоти ибтидоии номбурда, дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, то имрӯз дарсҳои сиёсӣ оид ба амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи ҳизб доир намудаааст. Ҳамзамон, ҷиҳати саҳмгузории ташкилот дар корҳои ободониву созандагӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои он дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ибрози андеша намуданд.
Вобаста ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзнома Орумбекова Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ оид ба интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “Эҷод” суханронӣ намуда, бо пешниҳоди аъзои ҳизб, бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси соҳавӣ бо ҷонибдории кулли аъзои ҳизб, Муродасейнова Маърифат ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.
Оид ба масъалаи сеюми рӯзнома интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ бо пешниҳод ва ҷонибдории кулли аъзои ҳизб номзадии Маърифат Муродасейнова пешниҳод шуд.
Дар суханрониҳо, инчунин, зикр гардид, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон баҳри пешрафту шукуфоии тамоми самтҳои ҳаёт дар сиёсати дохилӣ ва дар сиёсати хориҷӣ шароитҳои заруриро муҳайё намудааст ва аз ин ҳама шукргузор ҳастем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохти бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.
Дар охир, ба чанде аз ҷавонони ватандӯсту хештаншинос дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Таҳияи С. Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: