Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - "МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - "МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

10-12-2022, 13:00
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - "МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” Таҳти ин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид.

Дар кори конфронс муовинони Раиси ҳизб, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насридинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири нақлиёт Азим Иброҳим, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, президенти АМИТ, академик Фарҳод Раҳимӣ, гурӯҳи калони аъзои КИМ ҲХДТ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви Фраксияи ҲХДТ дар Парлумон, роҳбарият ва аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, роҳбарони аввали ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, як қатор роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок намуданд.

Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, бо сухани муқаддимавӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баромад намуд. Мавсуф ёдовар гардид, ки 30 ноябр Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб баргузор гардидва дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

- Вазифаҳои асосии ҳизби мо дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд, - иброз дошт А.Азизӣ. - Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони тозаистиқлол роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд. Мусаллам аст, ки яке аз принсипҳои бунёди чунин ҷомеа гуногунфикрии сиёсӣ буда, дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои кишвар шахсиятҳои ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо ҳақ доранд ҳизби сиёсӣтаъсис диҳанд ва фаъолияти муназзами онро ба роҳмонанд. Ҳақиқати бебаҳс он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули таффакур ва андешаҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсӣ маҳз дар ибтидои соли 1993 роҳбари давлат пешниҳод намудаанд.

Ба таъкиди Абдуҷаббор Азизӣ, маҳз рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намоянд ва инак, бо гузашти 28 сол ҳизб ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ дар мамлакат тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ишора шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи дили таффакури мардум реша мегирад. Он аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои зиндагии босаодати миллат ва ободии Ватан зери шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» саъю талош меварзад. Имрӯз бешубҳа онро метавон ягона нерӯи сиёсии кишвар номид, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари миллӣ ба майдони сиёсат ворид гардида, борҳо ин афзалияти хешро собит намудааст.

Дар идомаи кори конфронс бо сухани табрикотӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насридинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо нутқи пурмуҳтаво ва андешаҳои ҷолибу созанда баромад намуд. Гуфта шуд, ки омӯзиши мактаби сиёсии Пешвои миллат моро водор месозад дар самти татбиқи рукнҳои илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мунтазам ҳамоишҳо доир намуда, чораҳои мушаххасро амалӣнамоем ва асосҳои ин мактабро дар байни ҷомеа талқин созем. ҲХДТ дар раванди давлатсозӣ ва ташаккулдиҳии мактаби Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи боэътимоди сиёсӣ ва мафкуравӣ нақши калидӣ бозид. Ишора шуд, ки ҳизб тавассути неруҳои созандаи худ чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа таҳия ва арзёбӣ менамояд.

Аз ҷониби муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Парлумон Қодири Қосим иброз гардид, ки ҳизби мо дар ҳама маъракаҳои сиёсӣ сазовори боварии мардум гардида, аксарияти раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Аз он ҷумла дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ соли 2020 номзадҳои мо пирӯзӣ ба даст овардаанд. Имрӯз мо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Фраксияи ҳизби худро дорем, ки дар ҳама самту бахшҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Дар идомаи конфронси ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар мавзӯи “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат” бо маърӯзаи пурмуҳтавои илмӣ баромад намуд. Гуфта шуд, ки Хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳии давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле назаррас аст. Дар ин раванд роҳи давлатсозии Пешвои миллат дар мактаби сиёсии пурғановати маънавиашон таваҷҷуҳи оламро ба худ кашид.

- Аҳаммиятнокии мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун замина барои ташаккулдиҳӣ ва рушди идеологияи миллӣ дар он аст, ки бо такя ба ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Сарвари кишвар дар ҳошияи татбиқи барномаҳои пешазнитихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбар поягузори сиёсати давлатӣ омода гардидааст, - таъкид дошт А.Азизӣ. – Имрӯз беш аз 517 ҳазор нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, онҳо дар 6577 ташкилотҳои ибтидоӣ ва 72 кумитаҳои иҷроия дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муттаҳид гардидаанд. Ин иқтидори институтсионалӣ – Мактаби сиёсии Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҳамчун пешоҳанг дигар сохторҳои идеологиро муттаҳид намуда, ҷиҳати ташаккул, татбиқ ва рушди устувори идеологияи сиёсӣ ва ҳам идеологияи миллӣ сафарбар намояд. ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - "МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

Барои эмин нигоҳ доштани ҷамъият аз ҳар гуна таъсирҳои берунӣ, аз ҷумла идеологияҳои нокомил, ташаккул додани заминаҳои мустаҳками сиёсӣ, идорӣ ва фарҳангӣ ва ба даст овардани динамикаи устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар зарур аст, ки таҳти шиори «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар муттаҳид карда шаванд ва ин яке аз ҳадафҳои асосии ҳизби мо маҳсуб меёбад. Ҳамин андеша нуктаи пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар ва муассиртарин воситаи ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол мебошад.

Собиқ муовини якуми Раиси ҲХДТ, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бо маърӯзаи илмӣ баромад намуда, ишора кард, ки собиқадорони ҳизб дар қаламрави кишвар яке аз гурӯҳҳои фаъол ва собитқадами ҷомеа мебошанд. Онҳо дар ҳолатҳои сангину барои миллат ва давлат сарнавиштсоз зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсиси ҳизб ва татбиқи ғояҳои созандаи он, ки аз ҷониби роҳбари муаззами мамлакат муайяну мушаххас гардидаанд, саҳми худро гузоштаанд. Дар шароити имруза низ истифода аз нерӯи зеҳнии онҳо дар самти тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи конфронс аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мавзӯи “Саҳми ҲХДТ дар амалӣ гардидани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат” баромади ҷолиб намуд. Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъалаи маорифро дар меҳвари барномаҳои худ қарор дода, ин бахши муҳимро яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ эълон менамояд. Ҳамин аст, ки барномаҳои ҳизби моро маорифпарвар низ мегӯянд.

Зимни маърӯза дар мавзӯи “ҲХДТ – ҳизби ормонҳои миллӣ” аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ иброз дошт, ки 30 ноябри соли равон Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мусоидат намуда, барои кормандони ҳизбӣ курсҳои такмили ихтисосро ташкил намоем. Итминон гардид, ки дар ҳамкорӣ ин иқдоми шоиста бо ҳадафи рушди касбияти кормандони ҳизбӣ амалӣ хоҳад шуд.

Маърӯзаҳои илмӣ ва пурмуҳтавои аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - мактаби тарбияи кадрҳои миллӣ», аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дар мавзӯи «Асосҳои идоракунӣ ва ташаббускориҳои ҲХДТ ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои миллат», аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар дар мавзӯи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ» идомабахши кори конфронси ҷумҳуриявӣ буданд.

Дар охир ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуда, чанд нафар ҷавонони содиқу ватандӯст ба узвияти ҳизб дар вазъияти тантанавӣ қабул гардиданд.

Бо ҳамин кори конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро зери унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – мактаби бузурги сиёсии Пешвои миллат” ба кори худ хотима бахшид.

Маркази матбуот ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: