Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ ЗОДАИ ИСТИТҚЛОЛ

ҲИЗБИ ЗОДАИ ИСТИТҚЛОЛ

9-12-2021, 08:22
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ ЗОДАИ ИСТИТҚЛОЛ

Таҳти ҳамин унвон 8-уми декабри соли ҷорӣ Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии ҳизбиёни пойтахт бахшида ба 27 - солагии Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии академии драмавии Опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор гардид.
Дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, собиқадорони соҳа, фаъолони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки 27 сол муқаддам Ҳизби Халқии Тоҷикистон бо мақсади муттаҳид намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа ва ба ҳам овардани онҳо зери як мафкураи созанда созмон ёфт, ки баъдан вобаста ба таҳаввулоти сиёсии кишвар унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба худ касб кард.
Тавре Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандўстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд”.
Бо ҳамин мақсад, ҲХДТ тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ҷомеаи кишварро аз як роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамун сохт.
Дар фарҷом як қатор фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохтаи кишвар анҷомбахши ҳамоиши мазкур гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: