Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

14-11-2020, 11:39
Хабарро хонданд: 456 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
Санаи 13 ноябри соли равон маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, раисони КИ ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, пешсафон ва аъзоёни ҳизб ва ВАО баргузор гардид. Маҷлисро муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ифтитоҳ бахшид. Дар маҷлис фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар нўҳ моҳи соли 2020 ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ оид ба масъалаи ташкилӣ дар бораи хизматҳои содиқонаи Сатториён Матлубахон Амонзода дар кумитаи иҷроия суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳизб ва кормандони он ҳамчун мактаби захираи кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №28 аз 3 ноябри соли 2020 Раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода ба вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Сатториён Матлубахон Амонзодаро барои таъин гардидан ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуданд.
Ҳамчунин дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд интихоб шуд.
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бовариву эътимодашон сипос намуда, иброз доштанд тамоми кўшишу ғайрати хешро баҳри иҷроиши ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар равона мекунанд.
Сипас, Раиси вилояти Суғд муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, кормандон ва аъзои Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистонро яке аз неруи бузургу пешбарандаи ҷомеа шуморида, ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳия дастур муфид манзур намуда, раиси навинтихоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро бо вазифаи пурмасъул табрик кард ва баҳри иҷроиши ҳадафу барномаҳои ҳизб муваффақиятҳо таманно намуд.
Дар фарҷоми маҷлис муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор барои самаранокии кор то ҷамъбасти соли равон назди кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: