«Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд Декабрь 10, 2021 15:343-12-2021, 08:00
Хабарро хонданд: 151 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 10.12.2021 Имрӯз ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур шуд. Бахшида ба ин рӯз дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, аъзои фаъоли ҲХДТ, намояндагони фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарону намояндагони ташкилоти ҳизбӣ иштирок намуданд. «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд»,- чунин зикр намуд муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён дар конференсия. Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ дар конференсия дар мавзӯи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ» сухан гуфт. Мавсуф иброз дошт, ки ҲХДТ тӯли 27 соли фаъолияти пурсамар зери шиори «Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи кишварро аз роҳи сарбаста ба масири сулҳу субот, шукуфоӣ ва пешрафтҳои рӯзафзун раҳнамоӣ намуд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, ки «басо рамзист, ки 27-солагии ҲХДТ тавъам бо тантанаҳои ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардида истодааст». Ҳамзамон мавсуф оид ба дастовардҳои вилояти Хатлон дар тӯли ин солҳо ибрози назар кард. Мавсуф аҳли толорро бо 27-солагии ҲХДТ табрик намуд. Инчунин зикр дошт, ки мақсаду мароми ҲХДТ бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда, ҳизби мазкур дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи халқ такя мекунад. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки дар тӯли 27 сол масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат бо маром рушд намуда, ба марҳилаҳои назаррас ноил гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.