Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

22-11-2022, 15:55
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
САФИ АЪЗОИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯДДар ноҳияи Шаҳринав 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд, хотирмон ва фаромӯшнопазир таҷлил шуд. Аз ҷумла бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” доир гардид.
Ҳамчунин, дар тамоми муассисаю ташкилотҳои ҳудуди ноҳия чорабиниҳои гуногун баргузор гашт. Кулли сокинон тариқи оинаи нилгун филмномаҳое, ки кори Иҷлосияи 16-ум ва корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум мекард, тамошо карданд. Баъди тамошои филмномаҳо сокини Ҷамоати деҳоти Шаҳринав Гулбаҳор Қурбоноваи 82-сола ҳамроҳи набераву хешовандонаш ба идораи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав омада хоҳиш намуданд, ки онҳоро ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул кунанд. Хоҳиши онҳо қонеъ гардонида шуд. Хушбахтона, теъдоди хоҳишмандон, ки мехоҳанд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шаванд, дар ноҳияи Шаҳринав сол то сол меафзояд.

Ҳотам РАБИЕВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: