СОЛИ ПУРСАМАР24-01-2019, 08:45
Хабарро хонданд: 266 нафар
Назарҳо: 0
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳуриро барои давраҳои оянда муайян карданд. Дар ҳамин радиф оид ба соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта, фаъолияти соли 2018-ро таҳлилу ҷамъбаст намуданд. Инчунин ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмони иншоотҳои таъиноти гуногун боз ҳам обод кардани Тоҷикистон мақсади асосӣ ва доимӣ муайян карда шуд. Ин нукта 11-уми январи соли 2019 дар мавриди шарҳу тавзеҳи ҳуҷҷати мазкур ҳамчун муайянкунандаи роҳи муносиби зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи давлатдории навин дар маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, ки дар толори шуъбаи маорифи ноҳия доир гардид, садо дод. Дар кори маҷлис аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода, аъзои Кумитаи иҷроия, фаъолони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд. Нахуст Абдуҷаббор Сатторов – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2018 ва нақшаҳо дар соли 2019 гузориш дод. Зимни баррасии масъалаи асосӣ зикр гардид, ки вазифаҳои асосии Кумитаи иҷроия пеш аз ҳама мардумро бо ободониву пешрафти Ватан муттаҳиду сафарбар намудан ва дар амри иҷрои ин ҳадафҳо ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густурдатар ба роҳ мондан аст. Қайд гардид, ки дар соли сипаригашта 372 нафар шаҳрвандон ба сафҳои ҲХДТ қабул шуданд. Дар ин давра 3 маҷлиси Кумитаи иҷроия, як Конференсияи ғайринавбатии ХVII вакилони ташкилотҳои ибтидоӣ ва 12 маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроия доир гардидааст. Абдуҷаббор Сатторов оид ба иҷрои маъракаи муҳими сиёсӣ обуна ба нашрияи ҲХДТ «Минбари халқ» сухан ронда, гуфт, ки обуна барои соли 2019 барзиёд иҷро шуд ва роҷеъ ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хотиррасон шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ошёнаҳои 1 ва 2 ба анҷом расида, пӯшидани боми бино оғоз гардидааст. Дар ин қисми ҳисобот аз дастгирию саҳми зиёди раиси ноҳия Н. Аюбзода ва фаъолони ҲХДТ М. Маҷидов, М. Раҳимов ва З. Музаффаров дар ин кори муҳим изҳори сипосгузорӣ намуд. Дар идомаи суханронӣ қайд шуд, ки соли хониши 2018-2019 ба 4 нафар ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби Кумитаи иҷроия ва соҳибкорон ба маблағи 50 сомонӣ стипендияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муқаррар гардид, ки он ҳар моҳ расонида мешавад. Ҳамкорӣ бо нашрияҳои «Минбари халқ», «Файзи Пешво» ва радиои «Паёми Шаҳринав» дар ин давра пурсамар буд. Тайи ин муддат 360 нафар муроҷиаткунанда аз ҷониби Кумитаи иҷроия ва 234 нафар муроҷиаткунандаҳо дар қабулгоҳи ҷамъиятӣ қабул гардида, арзу дархости онҳо мувофиқи талаботи қонунгузории кишвар баррасӣ шудаанд. Дар қисмати музокиравӣ Умед Нарзуллозода – раиси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», Майсара Муҳибуллозода - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Амонатбонк», А.Ҷамолов – сардори бахши муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Латофат Маликова - аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», Ҷовид Шукурзода – мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ , Мушаррафа Шарипова – мудири шуъбаи маориф ва раиси ноҳия Нусратулло Аюбзода суханронӣ намуда, фаъолияти кумитаро қаноатбахш арзёбӣ карданд. Дар ҷамъбасти маҷлис ба 7 нафар ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд ва як гурӯҳ фаъолони ҳизбӣ дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб, ҳамкориҳои судманд, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, иштирок дар чорабиниҳои ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ шуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.