Сафи аъзои ҳизб меафзояд14-03-2019, 05:49
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
![]() Хуҷанд:-Ба 30 нафар омўзгорони ҷавон аз ташкилоти ибтидоии “20–солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аъзои навро табрик гуфта, барояшон дар иҷрои масъулияти бузург – амалигардонии барномаву ғояҳои созандаи ҲХДТ комёбӣ таманно кард. Бояд зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия кору фаъолиятро дар самти корҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб дуруст ба роҳ монда, кӯшиш бар он дорад, ки сафи ҳизбро аз ҳисоби шахсони арзанда афзоиш диҳад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.