Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БАРГУЗОРИИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ҶУҒРОФИЁИ “ШОҲНОМА”-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ” МОҲИЯТИ БУЗУРГИ МИЛЛИВУ ТАЪРИХӢ ХОҲАД ДОШТ

БАРГУЗОРИИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ҶУҒРОФИЁИ “ШОҲНОМА”-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ” МОҲИЯТИ БУЗУРГИ МИЛЛИВУ ТАЪРИХӢ ХОҲАД ДОШТ

30-09-2022, 15:11
Хабарро хонданд: 1000 нафар
Назарҳо: 0
БАРГУЗОРИИ СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ҶУҒРОФИЁИ “ШОҲНОМА”-И ҲАКИМ ФИРДАВСӢ” МОҲИЯТИ БУЗУРГИ МИЛЛИВУ ТАЪРИХӢ  ХОҲАД ДОШТ
(Андешаҳо дар ҳошияи мақолаи Ҷумъахон Темурзода “Ҳошиядори таърих”, Минбари халқ, 24 августи соли 2022)

Мақолаи нависанда ва журналисти варзида Ҷумъахони Темурзода “Ҳошиядори таърих”, ки андешаҳои муаллифро роҷеъ ба китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров фарогир намудааст, дар баробари тавсифи хидматҳои ин муаррихи барҷаста ва нақши китоби “Тоҷикон” масъалаи дигарерро хотирнишон кардааст, ки бо вуҷуди моҳияти хеле арзишманди илмиву таърихӣ ва миллӣ доштанаш дар илми таърихи кишварамон то кунун дар гӯшаи фаромӯшӣ афтодааст. Ин масъала масъалаи ҷуғрофиёи “Шоҳнома” аст.
Тавре маълум аст, “Шоҳнома”-ро дар баробари “Тоҷикон” шиносномаи миллат меноманд. Аммо дар кишвари мо агарчи дар бораи баъзе паҳлуҳои ин шоҳасар якчанд мақолаву рисолаҳо ба нашр расида бошанд ҳам, роҷеъ ба ҷуғрофиёи он ҳеҷ гуна таҳқиқоти бунёдие сурат нагирифтааст. Роҷеъ ба ҷуғрофиёи “Авасто”-ву “Шоҳнома” китобҳои таҳқиқотии мо “Эрони гумшуда” (Душанбе, 2012), “Помир: таърихи гумшуда” (Душанбе, “Адиб”, 2018) ба нашр расидаанд, ки бо сабаби хеле кам будани теъдоди нашрашон (80-200 нусха) чандон дастраси олимону ҳаводорони таърихи миллат нагардидаанд.
Ҷумъахон Темурзода дар мақолааш суҳбатеро аз забони устод Соҳиб Табаров дар бораи Симпозиуми байналмилалии “Шеъри форсии тоҷикӣ”, ки охири солҳои 60-уми асри гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, далел оварда, аз нақли ӯ менависад: “Аллома Бобоҷон Ғафуров бо даҳҳо далели шаръии сарчашмаҳои таърихӣ собит намуд, ки ватани аслии аксари кулли қаҳрамонони “Шоҳнома” Тоҷикистони кунунӣ мебошад... Баъди Симпозиум Б. Ғафуров дар ҳузури иштирокчиёни он гуфта буд, ки он рӯз дур нест, ки бо номи “Ҷуғрофиёи “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ” симпозиуми ҷаҳониеро барпо хоҳад намуд. Дареғо, ки умр бевафоӣ намуду ин симпозиум то ҳанӯз барпо нагашт...”.
Муаллифи “Ҳошиядори таърих” дар пайнавишти мақолааш илова мекунад, ки “Хеле бамаврид ва амали нек мебуд, ки бо дастгирӣ ва амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг ва дигар идораву ташкилоти фарҳангиву илмии кишвар ин орзуву ормони аллома Бобоҷон Ғафуровро ба хотири эътибори ҷаҳониии давлату миллати тоҷик зери унвони “Шоҳнома” ва ҷуғрофиёи он” амалӣ гардонему рӯҳи поки ба Ҳақ пайвастаи аллома Бобоҷон Ғафуровро шод намоем.
Оре, ин масъала масъалаи муҳими сарнавиштсози таърихи миллат аст. Имрӯз низ таҳрифгарони таърих берӯёна кӯшиши аз худ намудани ҷуғрофиёи таърихӣ ва таъриху тамаддуни халқи моро қотеъона идома медиҳанд. Мутаассифона, олимони мо ба даъвоҳои бебунёди чунин таҳрифгарони таърих камтар посухи сазовор медиҳанд. Ва танҳо ошкор гардидани ҷуғрофиёи “Авасто”-ву “Шоҳнома”, “Бундаҳишн”-у дигар асарҳои ориёӣ ба таърихдуздон ҷавоби қотеъ ва сазовор дода метавонад.
Масъалаи марзии Эрону Турон як масъалаи муҳиму баҳсталаби таъриху ҷуғрофияи ориёҳои бостонист, ки садсолаҳо идома доштаву имрӯз низ ҳаллу фасл нашудааст. Роҷеъ ба ҷуғрофиёи кишварҳои эрониву туронӣ асарҳои зиёд мавҷуд бошанд ҳам, бештар аз ҳама се асари машҳур – “Авасто”, “Бундаҳишн” ва “Шоҳнома” ин масъаларо бештар дар худ гунҷоиш додаанд. Мавқеияти ҷуғрофии ҳафт кишвари ориёӣ – Аризаҳ, Саваҳ, Воврубарашт, Вовруҷарашт, Хванирас, Видадафш ва Фарадафш (Хуросон, Эроншаҳр, Бохтар, Шом ё Ховар ва Нимрӯз) панҷ сарзамини ориёӣ – Арияна, Турйа, Сайирма, Даҳя, Саена, шонздаҳ кишвари Аҳуроофарида – Эронвиҷ, Суғд, Марв, Балх, Нисо, Ҳарӣ, Ваекрета (Кобул), Урва, Хнента, Ҳарахватӣ, Ҳаетумант, Роға, Чахра, Варена, Ҳафтруд ва Упа Аудешу Аранг ҳанӯз ҳам пурра ошкор нагардидаанд. (Мо ин мавзӯъро дар китоби худ (ниг. “Эрони гумшуда” Душанбе, 2012) баррасӣ намудаем – М.Ҳ.) Дар замони Ҷамшеду Заҳҳоку Фаридун ин кишварҳо Эрон ё Эронзамин ном дошта, ба як шоҳи умумӣ тобеъ буданд. Бо тақсим шудани ин сарзаминҳо дар миёни фарзандони Фаридун Эронзамин ба се бахш ҷудо шуд ва баъди аз ҷониби бародарон кушта шудани Эраҷ Эрону Турон ном гирифт. Дар илми ориёишиносии имрӯз сарзаминҳои Эронӣ дар ҷануби руди Омӯ ва сарзаминҳои туронӣ дар шимоли ин руд дониста мешавад. Ин назар тақрибан се ҳазор сол, баъди муҳоҷирати ориёиҳо ба самти ҷанубу ғарб, дар номаҳо навишта шуда ва дар зеҳнҳо нишастааст, ки тағйир додани он хеле мушкил аст. Аммо воқеият ва мавқеияти Эрону Турон на оне буд, ки имрӯз мепиндоранду меангоранд. Воқеият он аст, ки тамоми кишварҳову сарзаминҳо ва руду кӯҳу кӯлҳое, ки дар “Авасто” ва “Бундаҳишн” зикр шудаанд, дар қисмати шарқии Осиёи Миёна ва бахши ғарбии кунунии Хитой мавқеият доштанд, аммо бар асари таҳрироти баъдӣ баъзе аз онҳо ба минтақаҳои кунунии Эрону Ироқ, ҷанубу ғарби Афғонистон ва ғайра кашонда шуданд. Дар “Шоҳнома” бошад, ҳол дигар аст. Дар ин шоҳасар рӯйдодҳо ва сарзаминҳо ва дигар воҳидҳои ҷуғрофӣ аз даврони Каюмарс, яъне аз оғоз то подшоҳии Ҳумой дар минтақаҳои шарқи Осиёи Миёна ва аз подшоҳии Дороб то анҷом дар Эрони кунунӣ ва минтақаҳои ҳамҷавори он ба амал омадаанд. Мутаассифона, муҳоҷирати ориёиҳо аз ҷонибибаъзе олимон ба эътибор гирифта нашуд ва ин ҳол боиси иштибоҳот дар ҷуғрофияи Эрону Турон гардид. Дар андаруни сандуқ аз ҷониби модар ба об андохта шудани Дороб як пайвандест, ки аз ҷониби Ҳаким Фирдавсӣ моҳирона истифода шуда, ҳамчун рамзи муҳоҷирати ориёиҳо зоҳир мегардад. Яъне, рӯйдодҳои қисмати дуввуми “Шоҳнома” бо ҳамон номҳои воҳидҳои ҷуғрофии қисмати аввал дар дигар минтақа ба амал меоянд. Вобаста ба ин ҳол, ду Эрону ду Порс, ду Зобул, ду Бағдод, ду Исфаҳон ва бисёр шаҳрҳои дигар дар ду мавқеият зикр мешавад: яке дар пеш аз муҳоҷиратӣ ва дигаре баъдимуҳоҷиратӣ. Ва албатта, дар қисмати дуввуми “Шоҳнома” вобаста бо дигар шудани ҷуғрофиё баъзе номҳои нав пайдо шуда, баъзе номҳои қисмати аввали он аз байн мераванд. Вале аз ҷониби баъзе олимони муҳаққиқи таърихи ориёиҳо ин ҳол ба эътибор гирифта нашуд ва дар шинохти ҷуғрофияи ориёҳо мушкилот ба бор овард. Воқеан ҳам дар “Шоҳнома” шинохт ва ошкор намудани ин нозукӣ хеле мушкил аст.
Дар “Шоҳнома” сарҳади миёни Эрону Турон руди Ҷайҳун аст. Ин руд чанд дафъа Омуй низ номида шудааст. Умуман дар “Шоҳнома” 37 номи об – руду дарё ва чашма ва дар маҷмуъ 329 номи ҷуғрофӣ зикр шудааст. Мо дар мақолаи мавриди назар дар бораи рӯдҳои дар “Шоҳнома” зикршуда оварда будем, ки 18 рӯду дарёи дигар бо 20 ном ба сарзаминҳои шарқи Осиёи Миёна ва қисмати ғарбии кунунии Хитой мутааллиқ буда, дар шумори рӯду дарёҳои асосии “Шоҳнома” қарор доранд.
Дар замони Фирдавсӣ (имрӯз низ!) назаре вуҷуд дошт, ки сарҳади миёни Эрону Турон руди Ҷайҳун – Ому буд. Ин назар баъди муҳоҷирати ориёиҳо (эрониҳо) аз сарзаминҳои миёни рудҳои Омуву Сир ва баъди ишғоли сарзаминҳои онҳо аз ҷониби турониён шакл гирифта, дар тайи садсолаҳо сарҳадҳои аслии миёни Эрону Туронро, яъне Сирдарё будани ин сарҳадро аз хотирҳо зудуда кард.
Дар даврони подшоҳии Куруш ва Доро, вақте мубадони зардуштӣ бар дарбор роҳ ёфта, Куруш дар замони худ ва Доро дар замони худ ба оини зардуштӣ гаравиданд, тамоми номҳои нахустмеҳани ориёиҳо ба таври сунъӣ дар минтақаҳои Эрони ғарбӣ бо маслиҳати мубадони зардуштӣ номгузорӣ гардид. Сарҳади Эрони бостонро аз Сирдарё ба Ҷайҳун кашонда шуд. Эрони бостону Эронвиҷ ба чоҳи тилисми фаромӯшӣ андохта шуд... Донишманди эронӣ Ҳашими Разӣ дар ин бора хеле саҳеҳ ишора кардааст: ”Дар яштҳо ҳеҷ ишорае ба ғарби Эрон нест. Ҳар гоҳ ишоратеро касоне ба ғарб мунтақил кунанд, бояд инро аз дастбурди зардуштиёни ғарби Эрон донист. Дарвоқеъ, бояд гуфт, ки зардуштиёни ғарби Эрон бар асари дастбурдҳои фаровон дар “Авасто” ва бахше, ки роҷеъ ба ҷуғрофиёст, балое бар сари таърих ва ҷуғрофиёи зардуштии шарқӣ оварданд, ки саргардониҳои ногуфтание ба бор овард. Ин аз ҳангоме аст, ки дини зардуштия ба Рай кашонда шуд. Маркази рӯҳонии Модҳо ва порсҳо дар ин сарзамин қарор дошт ва муғон дар он ҷо сукунат доштанд. Неруҳои сиёсӣ аз шарқи Ирон ба ғарб интиқол мешуд. Муғони Модӣ ба таассуби фаровон ҷои таърихи муқаддасро ногаҳон аз шарқтарин нуқтаи Ирон ба ғарбтарин нуқоти шимоли Ирон тағйир доданд, яъне аз мурури Ҷайҳун ба сӯи Мод интиқол доданд... Зодгоҳи Зардушт Аирянам Ваеҷа Отрупутан (Отарподгон, Озарбойҷон - М.Ҳ.) шуд. Рӯдхонаи Доитиё рӯдхонае шуд, ки аз шарқи Осиёи куҳан ба дарёи Мозандарон мерафт, яъне Арес ё Аракес дар навиштаҳои бостон. Ворукаша дарёи Мозандарон шуд. Рангҳа ба рӯдхонаи дигаре, ки ба дарёи Мозандарон мерезад, яке дониста шуд. Ҳара Баразайтӣ, кӯҳе, ки хуршед аз он сар мезанад, риштакӯҳҳое шуд дар ҷануби дарёи Мозандарон, чунон ки ин ном то имрӯз Албурз нигоҳ дошта шудааст.” (Разӣ Ҳ. “Авасто”, Теҳрон, саҳ.243, 244, 334). Яъне, баъди муҳоҷират ҳамаи ҷуғрофиё ва ҷойномҳои давраи пешазмуҳоҷиратӣ ба минтақаи баъдимуҳоҷиратӣ кӯчида, дуввумбора номгузорӣ гардиданд.
Дар Эрон ва дигар кишварҳо даҳҳо асарҳо роҷеъ ба ҷуғрофиёи “Шоҳнома” интишор ёфтаанд. Вале дар аксари онҳо номҳои ҷуғрофии ин шоҳасар ба минтақаҳои ғарб кашонда шуда ва ё номаълум дониста шудааст.
Имрӯз як ҷанги ноайёни таърихиву фарҳангии мислаш пеш диданашаванда дар минтақа ҷараён дорад. Ҳукми ноодилонаи таърих буд, ки ориёиҳо сарзаминҳои паҳновари худро аз Хутан то баҳри Хазар ва аз кӯли Балхашу даштҳои Урал то уқёнуси Ҳинд қисман аз даст доданд. Муаррихони баъзе кишварҳо дастовардҳои фарҳангии ориёиҳоро, ки дар ин минтақаҳо ҳазорсолаҳо пеш эҷод шуда буданд, аз они худ карда истодаанд ва қисмати хеле зиёдашро пурра аз худ кардаанд. Дар миёни китобу рисолаҳои бешумори ба ин мавзӯъ бахшидашуда асари калонҳаҷми Мурад Аҷиев “Азиатская Европа” (“Аврупои Осиёӣ”) аз ҳамаи ҳадду ҳудуд мегузарад, ҳама дастовардҳои халқҳои ориёиро туркӣ месозад. Мурад Аҷиев дар қисмати аввали асараш суханони Геббелсро ки моҳияташон чунин аст, овардааст: “Аз як халқ таърихашро биситон ва вай баъди як насл ба тӯда мубаддал мешавад ва баъди як насли дигар онро мисли пода ҳай кардан мумкин”. Ва худ ӯ ба гирифтан ва аз худ кардани таърихи як силсила халқҳои ориёӣ пардохта, бешармона ҳамаро туркиву қипчоқӣ месозад.
Аз ҷумлаи фаҳшҳои Мурат Аҷиев якчандтоашро мухтасаран номбар кардан мумкин: Маънои Парс (Порс) гӯё барс (бабр) будааст, маънои арий – ариқ (оби ҷӯӣ), Куруш баромади туркӣ-олтоӣ дорад, зардуштизм - дини ба эрониҳо созгоршудаи туркист, Ажи даҳҳок (Заҳҳок) туркест, ки барои дин мубориза бурдааст, эрониҳо - аксаран туркҳои забонашон форсишудаанд, Арияна Ваеҷа - сарзамини туркист, хатти мехӣ - ихтирои туркҳост, Парфия - давлати туркист, Рӯдакӣ, Низомӣ, Амир Хусрав, Хайём, парфиягиҳое, (гӯё туркҳое!) ки ба забони форсӣ эҷод кардаанд, эрониҳо наслҳои туркҳои Олтоянд, кушониҳо баромадашон аз Олтой аст ва даҳҳо даъвоҳои дигар. (Мурад Аджиев “Азиатская Европа”, Москва, АСТ, 2014, пятое юбилеӣное издание).
Дар халқ мегӯянд, ки чизатро маҳкам дору, ҳамсояатро дузд магӯ. Бале, айби мост, ки то ҳол таърихи худро пурра соҳибӣ накардаем. То ҳол сарзаминҳои аслии ориёӣ – Эрони бостонро нашинохтаем. Ҳанӯз ҳам сарҳадоти сарзаминҳои таърихии ниёгони шуҳратёри эрониву турониамонро муайян накардаем. Ҳанӯз ҳам Ҷамшеду Кайхусраву Рустаму дигар бузургони таърихиамонро аз коми асотиру афсона раҳо накардаем. Ба даъвогарони сарзаминҳои таърихӣ ва таъриху фарҳангамон хомӯшона ризоият медиҳем. Имрӯз Мурад Аджиев дар зоти худ ягона нест, даҳҳову садҳо олимони ҳамқавмаш дидаву дониста, беибо фарҳангу таърихи ориёиро аз худ карда истодаанд.
Бале, таърихи пуршарафамон мисли ганҷи бесоҳиб дар гӯшаҳо паҳну парешон хобидааст, ҳар раҳгузари бебасар аз он чи ҳадде, ки метавонад, ғорат мекунад, аз худ мекунад...
Оре, имрӯз ба ҷуғрофиёи “Шоҳнома”, “Авасто”, “Бундаҳишн”, “Маҳабҳарата”, “Ригведо”, ки ҷуғрофиёи ориёиҳо ки ниёгони мо будаанд, дилсӯзона муносибат кардаву онро ошкор ва дастраси ҳамагон бояд намуд. Барои амалӣ намудани чунин ҳадаф, баргузории як Симпозиуми байналмилалии “Ҷуғрофиёи “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ моҳияти бузург хоҳад дошт.
Муҳтарам Ҳотам, – Шоири халқии Тоҷикистон
PS. Боиси сарфарозӣ ва ифтихори бузурги ватандории Ориёӣ мебошад, ки пайнавишти нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи ҳафтаномаи соҳибарҷу эҳтироми мардумӣ “Минбари халқ” Ҷумъахони Темурзода аз ҷониби роҳбарияти маркази илмиву тадқиқотии мероси хаттии АМИТ ба инобат гирифта шуда, барои баргузории чунин як конфронси байналмилалӣ камари ҳиммат бастаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин конфронси пуршукӯҳи илмӣ уфуқҳои нави илмро дар таҳқиқи “Ҷуғрофияи Шоҳнома” хоҳад кушод. Ва рӯҳи поки ба ҳақ пайвастаи аллома Бобоҷон Ғафуров аз мо фарзандони арҷмандаш шод хоҳад гашт. Ин ҳама давоми иқдомҳои созандаву ватанхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои ояндагон ҳамчун Бунёдшиносии Ориёӣ дар равоқи эътибори миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳад гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: