Кӯлоб: «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ду асари бузурги миллат23-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 421 нафар
Назарҳо: 0
Мо мардуми хушбахту сарбаланди тоҷик шукргузор аз он ҳастем, ки имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ ва тинҷиву осудагӣ кору фаъолият намуда дар канори ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар бурда истодаем.
Дар шаҳри Кӯлоб чандест, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» баргузор гашта истодааст. Санаи 20.06.2016 дар толори Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» доир гардид. Дар аксия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева С., директори Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷаби Асозода., таърихшинос Шоинов Ҳасан, директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидов С ва устоди Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии ш. Кӯлоб Нозим Талаб иштирок карданд. Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб ба сухан баромада қайд кард, ки аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ ва китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мехонем!» дар шаҳри Кӯлоб ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Кӯлоб пеш аз ҳама кушиш менамояд, ки ба оммависозии хониши ин ду асари бузурги миллат мусоидат намояд. Баъд аз баромадҳо китоби «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба марази тамошо гузошта, дар баробари ин қироати порчаҳои шеърӣ аз достони безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҷониби хонандагон ва бародҳои кормандони Муҷтамаи осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб дар мавзуи ««Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» китоби рӯймизии мост» ва иқтибосҳо аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» пешкаши ҳозирин гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.