ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ30-09-2022, 14:45
Хабарро хонданд: 9985 нафар
Назарҳо: 6
Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, ба ташкили давлату Ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт. Эмомалӣ Раҳмон Бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоми дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматӣ маҳрум гашта, қисмате қурбони ин фоҷиаи миллӣ гардиданд. Новобаста ба ин, халқи тоҷик ба субҳи умед эътиқод дошта, сафедии шабро интизор шуд ва билохира, бо афкори тоза дари саодатро бикшод. Дар таърихи миллати тоҷик ин фоҷиаи гарон чун саҳифаи фаромӯшнашуданӣ ва ҳузнангез сабт шудааст, то ояндагонро сабақи зиндагӣ бошад. Бешубҳа Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард. Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи иҷлосияро ба сифати рӯйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Дар иҷлосияи фавқ ба раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид. Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, халъи силоҳ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, марудмро ба ояндаи дуррахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба тарофату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид. Ҳар сол истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутанад сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумуи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракти иҷлосияи мазкур сарашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат падид омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкори ҳидоят намуд. Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаҳои ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузоранд. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.