
Панҷ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ҷамоати деҳоти «Озодагон» вохурии собиқадорони ҳизб ва меҳнат бо ҷавонони деҳот таҳти шиори «Иҷлосияи ХУ1- иҷлосияи тақдирсоз» баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ раиси КИН Ё.Носиров оиди аҳамияти таърихии ин иҷлосия ва Наботов А. оиди заҳматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи аввали фаъолияти кориаш ҳамчун раиси шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон баромад ва сӯҳбатҳо намуданд. Аз ҷумла, дар сӯҳбатҳо қайд гардид, ки Иҷлосии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан ҳам, рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ-сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадамҳо гузошта шуд.
Маҳз, дар ҳамин иҷлосияи рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон- Парчам ва Нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи мутташаниҷ дарак медод.

Дар ҳамин замина ба эҷоди сохти нави давлату давлатдорӣ эъмори ҷомеаи тозаистиқлол ибтидо гузошта шуд. Дар ҳамин ҷо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқӣ ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифт.
Ҳукумати Ҷумхрии Тоҷикистон баъди Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсис додани Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадӣ ва амнияту милитсия оғоз намуд, то ки ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон пурзӯр карда, амнияти давлатӣ таъмин ва дастовардҳои истиқлолият ҳимоя ва афзун гардонда шавад.
Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарине мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Атавуллоева З.
Мудири бахши занони КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Панҷ.