Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҷоннисори роҳи Ватан

Ҷоннисори роҳи Ватан

24-09-2022, 11:05
Хабарро хонданд: 522 нафар
Назарҳо: 0
Ҷоннисори роҳи Ватан
Рӯзе пеш, Ҷамшедро ба манзили охирин равон карданд. Барои ҳамдардию дуою фотиҳа ҳамроҳи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба деҳаи Симиганҷ омадем. Хонаи акаи Асомиддин мотамхона буд. Қатори одамон канда намешуд. Аз дуру наздик барои ҳамдардӣ, барои дилбардории падару модар, зану фарзандон ва бародарони дилреши шаҳиди роҳи ҳифзи Ватан муовини командир оид ба техника ва аслиҳаи ҷангии қисми ҳарбии 3502-и раёсати қушунҳои дохилии ВКД майор Ҷамшед Набиев меомаданд. Ҳамроҳи омадагон мо низ нишаста, ба арвоҳи шаҳид фотеҳа хондем. Баъди ҳамдардию дилбардорӣ, лаҳзае бо падари ҷигарсӯхта ҳамсуҳбат шудем.
- Рӯзи чоршанбе охирин дидор бо писарам буд, - бо алам қисса намуд ӯ. – “Вазъияти сарҳад ноором аст, барои ҳимояи марз рафтанием” гуфту писараконашро ба оғӯш гирифта бӯсид ва бо мо хайрухуш кард. Ба ӯ фотиҳа дода, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистон барораш хостам. Намедонистам, ки ин охирин дидор бо писари кенҷагиам аст.
Ҷамшед Набиев баъди хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон соли 2012 хизмати ҳарбиро ихтиёр кард. 12 сол мешавад, ки дар қисми ҳарбии 3502-и Вазорати корҳои дохилӣ хизмат мекунад. Аз рутбаи лейтенантӣ то ба майорӣ расид. Барои хизмати аълояш бо медали чашнии “25-солагии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чандин раҳматномаю ифтихорномаи командири қисми ҳарбӣ қадрдонӣ гардидааст. Оиладор, соҳиби се писари дӯстрӯяк аст. Ҳамсараш Меҳрангез умедвор аст, ки ба наздикӣ духтардор мешаванд. Вале мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл. Насиб накард, ки Ҷамшед рӯи духтаракашро бинад.
Лаҳзае, ки ба модараш холаи Моҳшариф изҳори ҳамдардӣ мекардем, бо дили пур аз ғусса вале бо ифтихор изҳор дошт, ки “Худо худаш доду боз худаш гирифт”, писарам дар роҳи муҳофизати Ватан шаҳид шуд.
Бале, марги Ҷамшед Набиев марги одӣ набуд. ӯ ҳангоми ҳимояи хоки муқаддаси Ватан-Модар аз қадами нопоки ғосибони тангчашму номард, барои оромию осудагии мардуми кишвар ва ободию шукуфоии зодбумаш сина сипар карду қаҳрамонона ҳалок гардид.
ӯ акнун 33-сола шуда буд. Орзу дошт, ки писаронаш Валиҷони синфи 3, Умарҷони синфи 2 ва Аҳлиддини чорсоларо низ чун худаш дар рӯҳияи ватандӯстию мардонагӣ тарбият карда, орзую ормон мешиканад. Вале сад афсӯсу сад дареғ, ки ин орзуҳоро бо худ бурд.
- Мо бародаронаш фарзандони додарамонро намемонем хор шаванд, чӣ орзую ҳавасе дошт, барои хурсанд кардани арвоҳаш амалӣ мегардонем, - изҳор доштанд бародаронаш Амриддину Илҳом ва Алиҷон.
Бале, бародарон, наздикону пайвандон ва Ватан намегузоранд, ки фарзандону ҳамсарони ҷонфидоёни роҳи Ватан хор шаванд. Вале, танҳо як чиз аст, ки душмани нопок кӯдакони маъсумро аз силаи дасти падар, оғӯши гарми ӯ, ки нозбардорашон буд, маҳрум карданд. Худо ба чунин шахсон ҷазояшонро нишон диҳад, ки чанд дили кӯдаку зану падару модарро хуну лахт кард!
Лаҳзае, ки бо аҳли оилаи дилхуншуда худоҳофизӣ мекардем, аз шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ба аҳли оилаи шаҳиди роҳи ҳифзи Ватан як миқдор маводи хӯрока кумак оварданд.
Бори дигар ба наздикону пайвандон қаҳрамони роҳи тинҷию амонии Ватан Ҷамшед Набиев сабру таҳаммул хоста, дуо мекунем, ки манзили охираташ биҳишти анбарсиришт бошад.
Амруллоҳи ЗАБИР,
мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: