Дарёфти муҳимоти ҷангӣ аз деҳаи Симиганҷ10-03-2016, 16:39
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
![]() Бино ба иттилои манбаъ, Падари Фарзона полковники милитсия Ибрагимов Қ.Б. оид ба ин масъала фавран ба ШВКД дар ш.Ваҳдат хабар дода, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, гранатамёт (бисёристифодашаванда) ва лавозимоти ҷангии зиёдро мусодира ва ба Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод намуданд. Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ Фарзонаи Қурбон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофоти қимматноки «Ноутбук» ва падараш Ибрагимов Қурбонбег Бовобекович бо «Ифтихорнома»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва модараш Оева Гулнора Саидовна бо «Раҳматнома» сарфароз гардонида шуданд. Гуфта мешавад, ки ҷавононе, ки барои дарёфти силоҳ кӯмаки худро расонидаанд, минбаъд барои дохил шудан ба Донишкадаҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи кишвар дорои имтиёзҳо мебошанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.