Фарзанди диёри Ховалинг Шуҳрат Наҷмидинов – майори милитсия, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара рӯзи 15 сентябри соли 2022 дар муноқишаҳои сарҳадӣ аз дунё даргузашт.
Шуҳрат дар курси охири Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамуд. Орзу дошт, ки баъди хатми академия ба курси дусолаи роҳбарии ин муассиса дохил шуда, дар зинаҳои баланд дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намояд. Вале умр ба ӯ бевафоӣ намуд. ӯ шояд дониста ҳамсараш Шаҳодату фарзанди ягонааш Шукронаро аз Хуҷанд ба Ховалинг овард, ки то хатми курси омӯзишӣ дар академия дар назди падару модараш бошанд.
Ба апаи Момагул Мирзоева – модари Шуҳрат ва падараш Ҷамшед Наҷмиддинов барои безобита накарданашон гуфтанд, ки Шуҳрат аз пояш захмдор шудаасту бинобар ҷароҳати сабук гирифтанаш ӯро ба хона ҷавоб додаанд.
Мегӯянд, ки дил гувоҳи ҳақ аст. Дар ин ҳолат аз дили падару модар чӣ мегузашт, Худо медонаду худашон. Ҳамсараш як рӯз пеш гуфтааст, ки дилашро сиёҳӣ зер кардааст.
Шаб акаи Ҷамшед безобита буд. Азм дошт, ки ба шаҳри Исфара рафта, ҳолати писарашро аз наздик бинад. Ба писари калониаш Файзулло, ки мехост сади роҳаш шавад, гуфт:
– Ту чиро медонӣ? Ман падарам. Дар ин ҳолат бояд дар пеши писарам бошам. Шояд дар ин ҳолат ба ӯ чизе лозим шавад, ки ман онро иҷро карда тавонам, вале ҳамсояҳо ва бародаронаш, ки аз асли воқеа бохабар буданд, ба миён даромада, садди роҳаш гаштанд.
– Худаш ба хона меояд, боз куҷо саргардон шуда меравед, – гуфтанд ба ӯ.
Он шабу рӯз ҳама дар фикри он буданд, ки падару модар, зану фарзанд ва аҳли хонадон ин мусибатро чӣ тавр қабул мекарда бошанд. Аз забони ҳама мешунидем, ки мегуфтанд:
– Худо ин рӯзро ба сари ягон инсон наорад. Онҳое, ки Шуҳратро мешинохтанд, афсӯс мехӯрданд, ки чунин ҷавони меҳрубон, зебо, ҷасур ва ватандӯсту инсондӯст дар айни камолоти ҷавонмардӣ аз дунё даргузашт. Ба онҳое, ки ин оташи ҷангро афрӯхтаанд, лаънат мехонданд.
Ҷасади шаҳиди гулгункафан Шуҳрати ҷаҳоннодидаю ҷаҳоннахӯрда ва бо мақсаду маромаш норасида соати 4 –и шаби 18 сентябри соли 2022 ба зодгоҳаш, ба хонаи падару модар оварда шуд. Гӯё он шаб дар Ховалинг касе хоб накарда, ки бо овардани ҷасади ин фарзанди шуҷоъ ва ҳомии Ватан дар як лаҳза дар роҳу ҳавлии акаи Ҷамшед аз бисёрии одам ҷой намонд.
Офарин, ба акаи Ҷамшеду апаи Момагул, ки аз марги нобаҳангоми фарзандашон ягон норозигӣ баён накарданд. Гарчанде мурдани падару модарро меросу мурдани фарзандро тири алмос мегӯянд, онҳо барои марги фарзанд гиря мекарданд, дар баробари ин аз марги фарзанд, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ҷон бохтааст, ифтихор ҳам менамуданд.
Акаи Ҷамшед дар ҷавоб ба ҳамдардии дӯстону ҳамсоягон мегуфт:
– Писари ман худ дар ҳаёт роҳи зиндагиашро интихоб намуд. Ҳифзи тартибот ва ҳифзи Ватан ва дар ҳамин роҳ ҷон бохт. Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Зеро Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигар посбонӣ намекунад. Барҳақ чунин аст.
Модар – апаи Момагул дар марги писар зор-зор гиря карда, мегуфт:
– Писари дар ҳифзи сарҳади Ватан бо сарбаландӣ ҷон додаам, писари ватандӯстам, писари номбардори падару модар ва ҳамдиёрону ҳамватанон.
Бачам, ту чӣ қадар Ватанатро дӯст медоштӣ, ки васият намудӣ, то болои тобутатро бо Парчами Тоҷикистон оро диҳанд.
Шуҳрат пеш аз тир хӯрдан ба ҳамкору ҳамдиёраш Ҷаъфарзода Саймаҳмуд чунин васият мекунад:
– Дар ин ҷанг мумкин ягон нафарамон тир хӯрда, ҳалок шавем. Дар чунин сурат набояд мурдаи якдигарро партоем. Рафту ба ман ягон ҳодиса рӯх диҳад, дар болои тобутам Парчами Тоҷикистонро партоянд, то мардум бидонад, ки ман барои ҳифзи марзу буми Ватан сарбаландона ҷон додаам. Инро гуфта, ӯ Парчами Тоҷикистонро, ки ҳамеша дар чунин лаҳзаҳо бо худ мегардонд аз бағал бароварда, ба Саймаҳмуд нишон медиҳад. Саймаҳмуд мурдаи бародар, ҳамкор ва ҳамдеҳаашро бесоҳиб нагузошт. Гарчанде бо сабабҳои узрнок дар маросими дафни Шуҳрат иштирок накард, васияти ӯро ба ҷо оварда, онро ба падару модар ва ҳамдиёрон расонид.
Рӯзи гусели Шуҳрат ба манзили охират болои тобути ӯро Парчами Тоҷикистон оро медод.
Маросими мотами Шуҳрати ноком як маъракаи ватандӯстонаро мемонд. Суханони падару модари Шуҳрат акаи Ҷамшеду апаи Момагул ҳисси ватандӯстии ҳозиринро бе ҳеҷ муболиға баланд мебардошт.
Дар ҳақиқат падару модарони мо чун падару модари Шуҳрат бояд ифтихор дошта бошанд, ки фарзандонашон Ватани худ ва марзу буми онро ҳифз менамоянд ва лозим шавад барои он ҷони худро нисор мекунанд. Ҳаминро ҳам донанд, ки чи тавре акаи Ҷамшед гуфт:
– Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигар ҳифзу нигаҳдорӣ наменамояд.
Модарони мо чун модари Шуҳрат – апаи Момагул аз чунин марги фарзандон, ки барои ҳифзу нигаҳдории Ватани худ шаҳид шудаанд, бояд ифтихор дошта бошанд.
Руҳат шод, манзили охиратат обод бод, фарзанди содиқи Ватан, Шуҳрат Наҷмиддинов.
Саидҷалол САТТОРЗОДА,
раиси собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг