Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ САРБОЗОН

ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ САРБОЗОН

15-08-2017, 13:05
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ХИЗМАТИ САРБОЗОН
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати ҷавонон ба Ватану миллат, омодагӣ ба маъракаи навбатии даъвати ҷавонон ба сафаи қувваҳои мусаллаҳи кишвар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дидорбинии падару модаронро аз ҳаёту хизмати сарбозоне, ки истиқоматкунандагони ноҳияи Шоҳмансур мебошанду имрӯз дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Панҷакент ва шаҳри Бӯстони вилояти Суғд сарбаландона адои хизмат доранд, баргузор намуд.
Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми вохӯрӣ бо сарбозони қисми ҳарбии 01/972 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки мақомоти қудратии мамлкат имрӯз барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди хатарҳои ба ҳаёт ва ҷомеа таҳдидкунанда, мисли терроризм, экстремизм, пешгирӣ ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷудоиандозу ҷангҷӯ масъул мебошанд. Дар ин росто сарбозону афсарони шуҷоъ воқеан сипари боэътимоди Ватан ҳастанд.
Ҳамзамон мавсуф аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтобос оварда қайд намуд, ки “Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст”.
Дар ин сафар волидайни сарбозон аз шароити қисми ҳарбӣ ва хизмати фарзандонашон дар қисми низомӣ шинос шуда, изҳори хурсандӣ карданд ва ифтихор аз он доштанд, ки фарзандонашон имрӯз баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистон хизмати Ватан –Модарро ба ҷо меоранд.
Сипас аз ҷониби сарбозон саҳначаи тактикаи ҷангӣ нишон дода шуд.
Баргузории чунин вохӯриву ҷамъомадҳои судманд барои боз ҳам тақвият бахшидани эҳсоси ватанпарастиву худшиносии ҷавонон ва сарбозон мусоидат хоҳад кард.
Дар охир Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТар ноҳияи Шоҳмансур ба сарбозон туҳфаҳои хотирӣ супорид.
“МХ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: