Ҳодисаҳои охири марзӣ бори дигар ниятҳои нопоки душманони Истиқлолу ягонагии Тоҷикистонро ошкор намуд. Ҷониби Қирғизистон пас аз эълони оташбас аҳдшиканона амалиёти ҷангиро такрор менамуд.
Афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ барои ҳимояи хоки кишвари азизамон ҷони худро дареғ надошта, бо баҳои ҷон марзу буми кишварро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаи қирғиз ҳимоя намуда, қаҳрамониҳо нишон доданд. Дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи низомиёни Қирғизистон чанде аз сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ҷароҳат бардоштанд ва қисме аз онҳо фавтиданд.
18 сентябри соли 2022 дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дардар ва деҳаи Вашани ҷамоати деҳоти Урметан родмардони Ватан Мирзоев Аловуддин Мирзоевич ва Усмонзода Хирадманд Бегимбойро ба хок супориданд. Ин ҷавонмардони ҷасур бар асари муноқишаҳои марзӣ, ки бо иғвогарӣ ва аҳдшикании ҷониби Қирғизистон рӯй дод, қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Корномаи ин мардони ғаюру баномус барои ҷавонони тоҷик сабақи мардонагиву шуҷоат ва ватандӯстиву ҷавонмардист.
Мирзоев Аловуддин Мирзоевич 21 сентябри соли 1985 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. ӯ соли 2003 МТМУ №12 –ро хатм намудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ хатм намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар мешавад. Соли 2007 баъди адои хизмат ба бригадаи зудамали КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват карда мешавад. ӯ ба ҳайси афсар то дақиқаҳои охирини ҳаёташ сарбаландона ба Ватан хизмат намуд. Аз ӯ се нафар фарзанд ба ёдгор мондааст. Мирзоев Аловуддин аз соли 2021 то дами вопасин дар воҳиди таъиноти махсуси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуд.
Усмонзода Хирадманд Бегимбой 5 марти соли 1994 дар деҳаи Вашани Ҷамоати деҳоти Урметан дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ боз намудааст. Таҳсилоти миёнаашро аз 1 сентябри соли 2001 дар МТМУ №27-и зодгоҳаш шуруъ намуда, то соли 2010 таҳсили худро давом дода, пас аз хатми синфи 9 ҳуҷҷатҳояшро ба коллеҷи ҳарбии Суворови шаҳри Хуҷанд месупорад ва муддати 1 сол дар он коллеҷ таҳсил менамояд. Баъд аз баста шудани коллеҷи ҳарбӣ ба зодгоҳаш баргашта, таҳсили худро дар муассисаи зодгоҳаш давом медиҳад. Моҳи апрели соли 2012 бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои адои хизмати Модар-Ватан сафарбар карда мешавад. Усмонзода Хирадманд дар қисми ҳарбии 051055 Гвардияи миллӣ солҳои 2012-2014 хизмат намудааст. Пас аз гирифтани рутбаи сержантӣ ҳамчун командири амнияти баталёни танкии қисми ҳарбии 051055 адои хизмат намуда, дар давоми хизмат ба маркази таълимии Гвардияи миллӣ ба курси прапоршикӣ дохил шуда, ҳамчун прапоршик ба воҳидҳои таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ба вазифаи тирандоз-снайпери қисми ҳарбии 051062 дар водии Рашт ба кор таъин шуда, тӯли се сол адои хизмат намудааст. Соли 2018 ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмуъмин Раҳимов ба факултети ОДҲ ва тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, моҳи июни соли 2022 онро хатм намудааст.
Моҳи сентябри соли 2021 ба қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар он ҷо рутбаи ҳарбии лейтенанти хурдро соҳиб шуд. Бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳо мукофотонида шудааст. Барои халқу Ватани худ содиқона хизмат менамуд. Шиори доимии ин қаҳрамон чунин буд “ хок мешаваму хок ба душман намедиҳам”. Ин родмари Ватан дар роҳи ҳифзи марзи Ватан 16 сентябри соли 2022 дар ҷамоати Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ноҷавонмардона аз ҷониби душман ба ҳалокат расид. Як нафар фарзанд давомдиҳандаи корномаҳои падараш хоҳад буд.
Ҳарчанд, ки парварда ба домони шумо шуд,
Имрӯз фидо дар раҳи осоиши мо шуд.
Фарзанди шумо буд, дигар аз ҳама халқ аст.
Дилбанди шумо дар раҳи номус фидо шуд.
Оре, шуҷоату мардонагӣ ва корнамоиҳои афсарону сарбозони тоҷик боиси ифтихор ва сарфарозист. Хотираи неки ҷавонмардони содиқи Ватан дар дили хурду бузурги кишвар ҷовидонӣ хоҳад буд ва ҷоннисориву ҷасорати онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.
Фарзона НИЗОМОВА