
Яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боътимоди он Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлоли комили худро таъмин намояд.
Ҷавонони мо бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзу осудагиву оромии он барои ҳар фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ ва заковати баланди худшиносиву ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ, масъулини Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баргузор намуда истодаанд.
Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар як ҷавони кишварамон аст.
Барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар байни ҷавонони синни даъватӣ Кумитаи иҷроия ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, барои сафарбар намудани ҷавонон корҳои амалӣ ба анҷом мерасонад.
Дар натиҷа, ду нафар сарбози ихтиёрӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Нурматов Муслимҷон, сокини деҳаи “Гузари боло”-и ҷамоати деҳоти “Носири Хусрав” ва Мамадназаров Зубайдулло, сокини ҷамоати деҳоти “Носири Хусрав” ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, барои хизмат ба Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон бо сари баланд пайвастанд.