Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми низомӣ22-02-2019, 05:41
Хабарро хонданд: 362 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоқикистон бо сарбозони қисми низомии 0203 – и шаҳраки Саразм мулоқот доир намуданд. Сараввал раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода, суханронӣ намуда, афсарону аскаронро ба муносибати 26 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид шуд, ки хизмат ба Ватан ин ҳимояи марзи буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа барои зиндагии осудаи наслҳои оянда ба ҳисоб меравад. Хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзи фарзандӣ ва виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз вазъи қисми низомии 0203, аз ҷумла, хобгоҳ, ошхона, ҳуҷраи таълимӣ, майдонҳои машқу тамрин дидан намуданд. Дар охир аз ҷониби роҳбарияти кумиҷроия ба афсарону аскарон барои садоқат ба Ватан, интизоми намунавӣ, риояи талаботи Оинномаи ҳарбӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.