Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” оид ба чӣ қадар мутахассисони соҳаи тиб тарки кишвар намуданд, гуфт, ки тайи 6 моҳи соли равон 674 табиб ва 1 ҳазору 350 ҳамшираи шафқат Тоҷикистонро тарк карда, ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.
- Дар соли 2021 бо сабаби банд будани сарҳадҳо муҳоҷирати меҳнатии табибон ба қайд гирифта нашуд. Мо наметавонем гуфт, ки дар ин кишварҳо аз рӯи ихтисос кор мекунанд ё ба дигар кор гузаштаанд, - афзуд Абдуллозода.
Ӯ сабаби тарк кардани табибону ҳамшираҳои тиббиро пешниҳод шудани барномаҳои махсус ва имтиёзҳо аз ҷониби дигар кишварҳо, махсусан, ҳамсоя маънидод кард.
Вазир, ҳамчунин, зикр намуд, ки кишварҳои ҳамсоя барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барномаҳои махсус ва имтиёзҳо таҳия кардаанд. Аз ин рӯ, табибон барои ба даст овардани имтиёзҳо ба ин кишварҳо мераванд. Қисми дигар барои такмили ихтисос. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки баъзе донишҷӯён ба дигар давлатҳо барои гузаштани орденатураи клиникӣ сафар кардаанд.
Қурбон АҲМАДЗОДА