МАТЛАБИ «AKHBOR.COM» ОИД БА АКАДЕМИЯ БЕАСОС ВА ҒАРАЗНОК АСТ!4-08-2020, 10:36
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 240 нафар омӯзгор ба шогирдон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 18 нафар доктори илм ва 61 нафар номзади илм мебошанд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ Абдухалил Ғафурзода ректори академия ба хабарнигорон гуфт.
Ба саволи хабарнигори нашрияи «Минбари халқ» оид ба сари мансаб овардани хешу табори наздик ба академия, ки сомонаи «Akhbor.com» ба нашр расонда буд, ректор гуфт: “Дар атрофи мансаби ман ягон хешу табор фаъолият намекунад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар борҳо инро санҷиш кардаанд. Бо итминон мегӯям ва раёсати кадрҳои академия метавонад инро тасдиқ намояд. Тамоми кормандони академия дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд. Ман ҳеҷ гоҳ аз танқид намеҳаросам, баръакс хушҳол ва пайи ислоҳ мешавам, аммо суханони сомонаи мазкури мамнуъ асос надоранд”. Ҳамчунин, ректор оид ба ҳамкориҳои академия бо ВАО изҳори назар намуда, баён дошт, ки новобаста аз нишастҳои матбуотӣ кормандони ВАО метавонанд дар ҳама ҳолат бо мо робитаву ҳамкорӣ намоянд ва роҳбарияти академия ба ҳама гуна суолҳои рӯзноманигорон омодааст, ки ҷавоб бигӯяд. Қурбон АҲМАДЗОД |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.