Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Суолҳое, ки бепосух монданд...

Суолҳое, ки бепосух монданд...

14-07-2021, 09:44
Хабарро хонданд: 94 нафар
Назарҳо: 0
Суолҳое, ки бепосух монданд...
Санаи 12 июли соли равон, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Бо сабаб т дар нишасти матбуотӣ иштирок карда натавонистани раиси шаҳри Ваҳдат ва дар чорабинии муҳими давлатие қарор доштанаш, нишаст бо иштироки муовини аввали раиси шаҳр, бидуни муаррифӣ шурӯъ шуд.
Дертар маълум шуд, ки ӯ Холиқзода Давлат муовини раиси шаҳр оид ба соҳаи кишоварзӣ будааст, ба ҳар саволи хабарнигорон мисли “Ба фикрам...” ё “Ҷое кор ҳаст, камбудӣ ҳаст...” посухҳои умумӣ медод. Фазои толор ингуна буд, ки ба саволҳои рзноманигорон бидуни эҳтиром ва риояи одоби сӯҳбат, дурушт ҷавоб медоданд. Бояд гуфт, ки зимни нишаст, аксари роҳбарони мақомотҳои шаҳри Ваҳдат иштирок надоштанд.
Инчунин, вақте камина-хабарнигори нашрияи марказии ҲХДТ Қурбон Аҳмадзода барои саволдиҳӣ ба минбар баромадам, пас аз муаррифии худ, аз муовини раиси шаҳр хостам, то худашро ба рӯзноманигорон шинос намояд, ҳарчанд нишасти мазкур аллакаи “нисф” шуда буду аксар аз рӯзноманигорон намешинохтанд, ки ӯ кист?!
Вале ӯ бо ғурур “наистодӣ, тамом шава ба бгӣ” – гӯён, худро муаррифӣ намуда, ба саволи ман, ки дар бораи қоидавайронкунии роҳҳо аз ҷониби нақлиётҳои дохилии шаҳри Ваҳдат буд (дар шаш моҳи охир, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 453 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз он 31 ҳолаташ ба садамаи нақлиётӣ вобаста буда, аз ин шумораи садама 16 нафар ба ҳалокат расида, 30 каси дигар маҷрӯҳ шудааст), бо ҷавоби “Ин хел камбудиҳо мешавад, ягон рӯз худат сурх гузашта бошӣ ҳамин хел мегӯӣ...” гуфта, муттаҳам кард ишора намуд, ки агар лозим бошад, ба идораи суд муроҷиат кун...
Вақте 13 июл, баъд аз нисфирӯзӣ дар ин мавзӯъ ҳамроҳи раиси дастгоҳи шаҳри Ваҳдат Ҳайдарзода Ислом тариқи телефони идорӣ ҳамсуҳбат шудам, гуфт: “Саволи шумо аслан мантиқ надошт, шумо худ шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед, дар тамоми Тоҷикистон “чароғак”-ро сурх мегузаранд...”.
Аз гуфтаи “муҳтарам” раиси дастгоҳи шаҳри Ваҳдат танҳо ҳаминро метавон хулоса кард, ки яъне дар тамоми гӯшаҳои кишвар оид ба қоидавайронкунии роҳҳо назорат нест? Яъне ниҳоде бо номи БДА дар кишвар танҳо ба ном фаъолият мекунад? Дар шаш моҳи сипаригардида ба ҳалокат расидани 16 нафар шаҳрвандони Ваҳдат кирои гап нест, яъне ҷони онҳо арзиш надорад? Яъне ин рақамҳо, дар давоми ним сол содир шудани 453 ҷиноят, ҳалок шудани 16 нафар ва ҷароҳат бардоштани 30 нафар аз садамаҳои нақлиётӣ нигаронкунанда нест? Ва бояд мавриди таваҷҷуҳи рӯзноманигор қарор нагирад?
Ин ва чанде дигар суолҳоеанд, ки ман ҳамчун рӯзноманигор мехоҳам тибқи Фармони №622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат посух бигирам.
Қурбон АҲМАДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: