Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд8-04-2020, 09:59
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2020-ро Соли кормандони хадамоти ҳамширагӣ ва момодоягӣ эълон намуд. Ин иқдом бахшида ба 200-солагии асосгузори кори ҳамширагӣ Флоренс Найтингейл қабул гардид.
Дар робита ба ин роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилйева мегӯяд, ки «ҳамасола Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба як мушкилии муҳими глобалии тандурустӣ бахшида шуда, ҳамзамон аз ҷониби ҳамаи кишварҳо дар Ансамблеяи СУТ қарор қабул карда мешавад. Имсол соли махсус аст, зеро агар солҳои қабл мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ба масъалаҳои бемориҳои дилу рагҳо, саломатии рӯҳӣ, бехатарии роҳ, модар ва ғайра бахшида мешуд, соли равон бори аввал дар таърихи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бобати ба кормандони ҳамширагӣ ва момодоягӣ бахшидани Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ қарор қабул гардид. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки СУТ ба ин иқтидори бузурги кормандони соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Айни замон дар ҷаҳон 70%-и кормандони тибро ҳамшираҳо ва момодояҳо ташкил медиҳанд, ки нақши онҳо дар таъмини солимии аҳолӣ хеле калон мебошад». Ҳамчунин Галина Перфилйева аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аксар вақт саҳм ва мавқеи ин табақаи соҳаи тандурустӣ ҷиҳати таъмини саломатии аҳолӣ аз назарҳо дур мемонад. Тадқиқоти сершумори илмии СУТ нишон медиҳад, ки самаранокии ҳар як системаи тандурустӣ ва арзиши иқтисодии он аз самаранокии кор, аз ҷумла кори кормандони акушерӣ муайян карда мешавад. Ҳамзамон бояд гуфт, ки 70% корҳои профилактикӣ аз ҷониби ҳамшираҳо ва момодояҳо иҷро карда мешаванд. Дар бисёр кишварҳои олам ҳамшираҳо на танҳо маълумоти ибтидоии касбӣ, балки маълумоти олии тиббӣ низ доранд. Имрӯзҳо дар бисёр давлатҳо ҳамшираҳое ҳастанд, ки доктори илмҳои ҳамширагӣ ва профессорони акушерӣ мебошанд. Аз ин рӯ, мо бояд ба ҳамшираҳо ва момодояҳо диққати бештар диҳем. «Имрӯзҳо тақрибан дар аксари кишварҳои ҷаҳон мубориза бо коронавирус ҷараён дорад, ки ҳамшираҳо ва момодояҳо дар сафи пеши мубориза бо ин сироят қарор доранд. Агар мо ба ҳамшираҳо ва момодояҳо диққати бештар диҳем ва барои корҳои анҷомдодаашон ба онҳо миннатдорӣ баён намоем, фикр мекунам, ин ба манфиати аҳолӣ ва низоми тандурустии тамоми давлатҳо мебошад», — гуфт роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Галина Перфилйева. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.