Зарина Ибодова, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки аввалин маротиба дар таҷрибаи донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат моҳи сентябри соли 2022 дар назди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон клиникаи наздидонишкадавӣ (Маркази клиникӣ, илмӣ, таълимӣ) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин клиника баробари корҳои табобати беморон, ҳамзамон, донишҷӯён дарсҳои амалӣ ва клиникии худро тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд.
Ректор қайд намуд, ки клиникаи мазкур аз шаш ошёна ва шаш шуъба иборат буда, дар он беҳтарин мутахассисон ва донандагони риштаи тиб ҷарроҳии пластикии кӯдакона гузаронида, бемориҳои дандонпизишкӣ ва ғайраро табобат менамоянд.
Бояд гуфт, ки донишкадаи мазкур дар 5 факултет аз рӯи 5 самт: психологияи тиббӣ, кори иҷтимоӣ, кори табобатӣ, фармасевтӣ ва стоматологӣ мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоӣ омода менамояд.
Қурбон АҲМАДЗОДА