Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ХУШБАХТИИ ДУ ҶАВОН

ХУШБАХТИИ ДУ ҶАВОН

25-06-2022, 09:00
Хабарро хонданд: 35 нафар
Назарҳо: 0
ХУШБАХТИИ ДУ ҶАВОН

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар асоси банди 18-и тавзеҳоти Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.10.2020, №30/10-164 «Оид ба муҳлатҳои пешниҳоди маълумот аз ҷараён ва натиҷаи иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо аз 13 октябри соли 2020 №24/10-388 оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав 30 сентябри соли 2020 баён доштанд», санаи 25-уми июни соли 2022 дар тарабхонаи «Шоми Қаратоғ»-и ноҳия аз соати 13 то 16 тўйи арўсии ду ҷавон - Холзода Лайлобону Абдуҷаббор ва Муҳриддин Бобоев дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” баргузор гардид.
Навхонадорон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо таҷҳизоти тўёна таъмин гардида, инчунин шаҳодатномаи ақди никоҳи арўсу домод дар фазои тантанавӣ дар асоси Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳринав супорида шуд.
Узви ҲХДТ Холзода Лайлобону Абдуҷаббор, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, алҳол дар шуъбаи магистратураи Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Домод Муҳридин Бобоев бошад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст.













Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: