Иҷрои қонун дар амал19-07-2017, 10:43
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
![]() ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 12.07.2017 №16, нақшаи чорабинии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба фаҳмонида додани моҳияти аслии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеъӣ бахшида ба 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 11 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, санаи 17 июли соли 2017 дар толори КИН ҲХДТ маҷлиси васеъ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, мудирони шуъбаҳои КИН ҲХДТ ва инчунин аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардид. Маҷлисро Раиси КИН ҲХДТ Очилов Р.О. ифтитоҳ намуда, ба иштирокчиён дар бораи муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», роҳ надодан ба зиёдаравӣ ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ дар баргузор намудани ҷашну маросимҳо суханронӣ намуд. Дар давоми чорабинӣ иштирокчиён ба сухан баромада, барои тарғибу ташвиқи қонуни мазкур ва риояи он дар ҷойҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд ва таъкид карданд, ки қонуни мазкур ба мардуми Тоҷикистон дар баргузор намудани тӯю маъракаҳо сарфаю сариштакориро таъмин намуд ва ба буҷаи оилаҳо фоидаи калон расонд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.