Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Назарбоев: иқтисоди мо аз Чину Русия зарба мебинад

Назарбоев: иқтисоди мо аз Чину Русия зарба мебинад

5-03-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Назарбоев: иқтисоди мо аз Чину Русия зарба мебинад
Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфтааст, иқтисоди Қазоқистон аз рушди ноустувори иқтисоди Чин ва рукуди иқтисоди Русия зарар дидааст.

"Рукуди иқтисодӣ ва таҳримҳое, ки "ҳамсояи бузурги" мо Русия - яке аз шарикони асосии тиҷоратиамон мо рӯ ба рӯст, ба мо ҳам таъсир расонидааст. Тиҷорат ба 20-25 дарсад коҳиш ёфт", - гуфтааст Назарбоев дар мулоқот бо намояндагиҳои дипломатӣ дар Остона.

"Коҳиши рушди иқтисодӣ дар Чин низ барои мо таъсир дошт. Дар ин шароит, ки Чин онро "тавозуни нав" меномад ва ман онро "воқеияти нав" меномам, мо бояд ба арзиши пасти нафт, газ... ва металлҳо одат кунем. Ин осон нест. Инсон ба зиндагии хуб зуд одат мекунад ва аз он ҷудо шудан бисёр сахт аст", - афзудааст Назарбоев.

Сарфи назар аз рукуд, миқдори борҳое, ки аз Чин тавассути Қазоқистон ба Аврупо меравад дар соли ҷорӣ ду баробар афзоиш хоҳад ёфт, гуфтааст вай.

"Нақши Қазоқистон ҳамчун кишвари транзитӣ барҷаста аст. Теъдоди контейнерҳое, ки аз масири Чин-Қазоқистон-Аврупо мегузаранд, аз 6 ҳазори соли 2013 ба 48 ҳазор дар соли 2015 расида ва дар соли ҷорӣ ба 95 ҳазор хоҳанд расид", - афзудааст Назарбоев.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: