Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таљлили бошукўҳи Рӯзи Модар

Таљлили бошукўҳи Рӯзи Модар

5-03-2022, 10:47
Хабарро хонданд: 1120 нафар
Назарҳо: 0
Таљлили бошукўҳи Рӯзи Модар
Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 3 марти соли 2022 бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Чароғи маърифат» дар Кохи «Парфенон»-и пойтахт баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, кормандони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва фаъолзанони вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ширкат намуданд.
Зимни суханронии табрикотии худ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор иброз дошт, ки дар даврони истиқлоли миллӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа силсилаи тадбирҳои судмандро анҷом дод, ки дар таърихи миллат камназир ва бесобиқа мебошанд. Масъалаи занон дар меҳвари барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, Раиси муаззами ҳизб дар ҳама маърузаву суханрониҳояшон дар анҷуманҳо, маҷлисҳои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб пайваста ба баланд бардоштани нуфузи занон таъкид намуда, ташкилотҳои ҳизбиро вазифадор менамоянд, ки ба фаро гирифтани занон бо корҳои ҳизбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир диҳанд. Маҳз талошҳои пайвастаи Пешвои миллат имкон доданд, ки занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи васеи сиёсат ва умури давлатӣ роҳ ёбанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Таљлили бошукўҳи Рӯзи Модар
Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки нақши занону бонувон дар рушди тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола ва ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид мекунанд, ки нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург маҳсуб меёбад.

Таљлили бошукўҳи Рӯзи Модар
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Оилаи соҳибхирад”, “Оилаи соҳибмаърифат”, “Оилаи намунавӣ” ва “Оилаи ҷавон” бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки озмунҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрии ҳизб дар ду марҳила роҳандозӣ гардидаанд.
Татбиқи амалии ҳамин дастуру супоришҳо буд, ки имрўз дар сохтори ҲХДТ шумораи зиёди занон ба фаъолият фаро гирифта шудаанд. Чанд нафар бонувон, кормандони озоди ҲХДТ ба вазифаҳои давлатӣ дар сатҳҳои гуногун таъин гардиданд. Ҳамзамон, шаш нафар аъзои Раёсат ва 30 нафар аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро занон ташкил медиҳанд.
Имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳизби мо дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбари худ ташаббусҳои созандаи занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба тақвияти нақш ва мақоми занон дар ҷомеа аҳаммияти бештар зоҳир мекунад.
Бузургони олам аз қадим то ба имрўз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурўтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модаронро ситоиш мекунанд ва ба номи покатшон ҳамду сано мехонанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунад ва ба сиришти поку номи неки онҳо арҷ мегузорад.
Ҳамин тариқ, барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохтаи тоҷик анҷомбахши чорабинии идона гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: