Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

28-01-2022, 08:40
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

27 январ дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис муовинони Раиси ҳизб, аъзои КИМ ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, як қатор аъзои Ҳукумати кишвар, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумони кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи марказии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.
Рўзномаи маҷлис аз панҷ масъала иборат буд:
1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда;
2. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои КИМ ҲХДТ ва раёсати он.
3. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
4. Тасдиқи сметаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2022;
5. Тасдиқи Накшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022;
Аз рўйи масъалаи якуми маҷлис Муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баромад намуда, таъкид дошт, соли 2021 барои мардуми шарафманди кишвар соли муҳим ва таърихию хотирмон буд, зеро дар ин сол мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистонро бо руҳи бузурги ватандорӣ ва эҳсоси баланди меҳанпарварӣ таҷлил намудем. Дар раванди истиқлоли Ватан ва комил гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ва ташаккул ёфтааст, хеле бузургу мондагор аст. Ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тадбирҳои назаррасро амалӣ гардонида, дар корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ ва ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва ғояи давлати миллӣ корҳои ташвиқотиро дар миёни ҷомеа роҳандозӣ намуданд.
- Ҳизб бо иқдомҳои созандаи худ дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, амнияту оромии кишвар ва саломатии аҳолӣ нуфузу эътибор пайдо карда, ба ҳайси ҳизби пешсаф эътироф гардидааст, - иброз намуд А.Азизӣ. - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо сайъу талошҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. Аз ин рў, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари муаззами онро гиромӣ медорад.
Гуфта шуд, ки дар соли сипаригардида бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мадди аввал тамоми самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро фаро гирифта, мавриди амал қарор дошт.
Фаъолияти кумита ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ба роҳ монда шуда, дар тарғиби дастовардҳои истиқлол ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муносиб дорад.
Дар маърўзаи пурмуҳтавои худ Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони кишвар ва Шўрои собиқадорони ҳизб иттилоъ дода, дар бораи дигар чорабиниҳои баргузорнамудаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қадрдонӣ ва гиромидошти 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дўстӣ» баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ ёдрас гардид. зикр намудан ба маврид аст, ки чунин чорабинии бошукўҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Рашт низ ташкил ва гузаронида шуданд.
- Доир гардидани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзўи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат аз чорабиниҳои хотирмони ҳизб дар соли гузашта мебошад, - афзуд А. Азизӣ.
Ташкил ва баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо Шумоем” барои кўдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Душанбе, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар Донишгоҳи давлатии Данғара, конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»-и вилояти Суғд, конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ҳамоишҳои ҷумҳуриявии «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» дар НБО “Роғун”, рўзи таъсисёбии ҲҲДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ва дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат доир гардидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз муҳимтарин чорабиниҳои ҳизбӣ дар соли 2021 маҳсуб меёбанд.
Аз ҷониби Муовини якуми Раиси ҲХДТ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади роҳандозии тарғибу ташвиқи ғояҳои оинномавию барномавии ҳизб, ба таври густурда паҳн ва интишор намудани иттилооти ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сомонаи расмии ҲХДТ бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид.
Инчунин, таъкид шуд, ки дар асоси шартнома миёни Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба 170 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон “нафақи ҳизбӣ” муқаррар гардид.
Бояд гуфт, ки шумораи шумораи аъзои ҳизб ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба 504 ҳазору 900 нафар расида, аз онҳо занон – 51 фоиз ва ҷавонон 24 фоирро ташкил медиҳанд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то 1 январи соли ҷорӣ 6463 адад ҳастанд.
- Шароити муосир аз ҳар яки мо - роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ба ҳалли проблемаҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳем, - гуфт А.Азизӣ. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офатҳои табиӣ, таъмири мактабу кўдакистонҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳо, иншоотҳои обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб ба ҳукми анъана даромадааст ва ин иқдомҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа гарму самимӣ истиқбол ёфтанд. Махсусан ишора гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ бояд нақши сазовор дошта бошад.
Таъкид гардид, ки ҳизбиёни мамлакат ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон минбаъд низ бо масъулияти бузург дар назди наслҳои имрўзу оянда кўшиш менамоянд.
Изҳори бовар карда шуд, ки дар соли 2022 ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда самимонаву содиқона анҷом хоҳанд дод.
Баъд аз суханронии муовини якуми Раиси ҳизб дар идомаи муҳокимаи масъалаи якуми маҷлис Иброҳим Мирзозода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зуфар Исмоилзода - раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Қиёмиддин Миралиён - раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Рустам Фелалиев - раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Обид Фозилов - Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода - раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода – аъзои КИМ, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Хоналӣ Қурбонзода - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон баромад намудаанд.
Аз рўйи ин масъала қарори маҷлис қабул карда шуд.
Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рўзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои КИМ пурра баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд.
Инчунин, дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.
Инчунин, аз ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 нафар ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ ба узвияти ҳизб пазируфта шуда, ба онҳо шаҳодатнома тақдим гардид.
Бо ҳамин, Маҷлиси КИМ ҲХДТ ба кори худ хотима бахшид
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: