Бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистондар шаҳри Душанбе дар нахустин рӯзи баҳори фаррухпай,ба ифтихори Рӯзи Модар ҷамъомади бонувони номдори ҲХДТ, занҳои барӯманди кишвар, онҳое, ки дар дирӯзу имрӯзи рушди идеологияи давлатӣ саҳим буданду ҳастанд, баргузор гашт.
Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола ин сана, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷгузорӣ ва эҳтиром ба бонувони азиз ин рӯзи муқаддасро, “Рӯзи Модар” эълон намудаанд, ки мардуми мо онро бо як ҷаҳон ифтихор истиқбол мегиранд, имсол низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
-Ҳамоиши мазкур дар рӯзҳое баргузор гардид, ки мо як соли хеле аз лиҳози сиёсӣ муҳим,вале бар асари паёмадҳои бемории сироятии COVID-19 хеле мураккабро паси сар намудем.Бояд ин нуктаро таъкидкард, ки ҳам дар фазои амну ором баргузор гардидани маъракаҳои сиёсӣ ва ҳам бартараф кардани паёмадҳои бемории сироятӣ бонувони мо пешсаф буданд,-гуфт дар оғози сухани табрикии хеш муовини якуми Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор.
Дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аҳолии кишвар якдилона ба номзадии Роҳбари муаззами мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд, ки ин далели эътимоду боварӣ ва маҳбубияти сартосарии ин чеҳраи шинохтаи таърихӣ аст, ки тамоми ҳастии худро барои саодати халқ бахшидааст. Саҳми занони мо, ки ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатанд, дар интихобот хеле назаррас буд, ки ин нуктаро Президенти маҳбуби мо дар Паёми имсолаи хеш хоса таъкид намуданд.
“Раиси муаззами ҳизби мо - Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳоро барои ба мақоми арзандаи худ ҷойнишин шудани зан дар ҷомеа фароҳам овард. Имкон дод, ки занони қавииродаву боҷасорати мо ба арсаи васеи сиёсат ва умури давлатӣ роҳ ёбанд ва дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Ин имконоти густурдаеро фароҳам овард, ки мавқеи занон дар рушди самтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи неруи созандаи бонувони арҷманди мо заминаи устувор фароҳам ояд”, - таъкид доштанд, Абдуҷаббор Азизӣ дар идомаи суханронии худ.
Дар Паёми навбатӣ низ Сарвари давлат баКумитаикорбозанонваоиласупориш доданд, ки лоиҳаиқарориҲукуматимамлакатродарбораи«СтратегияимиллиифаъолгардониинақшизанондарҶумҳурииТоҷикистонбароисолҳои 2021 – 2030»ванақшаиамалисозиионробароисолҳои 2021 – 2025 таҳиявапешниҳоднамояд, ки гувоҳи эҳтироми хоса ва қадршиносии занон аз ҷониби Пешвои миллат аст.
Ин иқдоми шоиста, аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон ба бонувон ва муҳим будани мақоми онҳо дар ҷомеаи муосир, дарак медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 20 санади муҳими давлатӣқабул гардида, соли 2014 кишвари мо ба узвияти Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан шомил шуд.Индалели он аст, ки санадҳои барои фаъолияти занону бонувон қабулнамудаи мо, заминаи мусоид барои ҳифзи ҳуқуқи занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа аст.
-Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беш аз 490 ҳазор нафар аъзо дорад, ки 235 ҳазор нафар ё 45 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки теъдоди занонро дар мақомоти давлатӣ ва қонунгузори кишвар дар ояндаи наздик то 40 дарсад афзоиш диҳад.
Ҳизби мо дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳбари худ ташаббусҳои созандаи занонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба тақвияти нақш ва мақоми занон дар ҷомеа аҳамияти бештар медиҳад.
Татбиқи амалии ҳамин дастуру супоришҳо буд, ки имрӯз дар сохтори ҲХДТ шумораи зиёди занон ба фаъолият фаро гирифта шудаанд. Чанд нафар бонувон, кормандони озоди ҲХДТ ба вазифаҳои давлатӣ дар сатҳҳои гуногун таъйин шуданд. Шаш нафар аъзои раёсат ва 30 нафар аъзои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизбро занон ташкил медиҳанд.
Инчунин,даҳҳо нафар дар дастгоҳи КИМ ҲХДТ,раисони Кумитаи иҷроияи ҳизб, муовинон ва мудирони шуъбаҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби занони фаъолу сиёсатмадор интихоб гардидаанд, ки фаъолияти назаррас доранд, - гуфт муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар фарҷоми суханронии хеш.
Сипас, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва намояндаи СММ дар Тоҷикистон хонум Сизин Симин Оглу низ аҳли ҳамоиши идонаро ба ифтихори ҷашни модарон табрику таҳният гуфтанд.
Ҳамчунин, дар ин нишасти бошукӯҳ ба модарони ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтихорномаҳои ҲХДТ ва туҳфаҳоро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар муҳити идона супорида, ба онҳо изҳори сипос намуданд, ки чунин фарзандони закӣ ва некухислатро тарбия кардаанд.
Барои болидагии табъи бонувон ва ба ифтихори Рӯзи модар сарояндагони номдори кишвар ва чандин дастаҳои ҳунарӣ бо суруду рақсҳои ҷолиб дар назди аҳли нишаст ҳунарнамойӣ карданд.
Дар интиҳо, бонуи солманд ва сиёсатмадори пешин Низорамоҳ Зарипова риштаи суханро ба даст гирифта, аз номи кулли модарони кишвар сипоси беандозаи худ ва эшонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешваои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои хосаашон нисбат ба занону модарон, изҳор намуданд.
Хамоиши занон дар рӯҳияи идона ва фазои амни кишвар аз хушбахтиву осудагии рӯзгори эшон гувоҳӣ медод.
Ҳуриннисо АЛИЗОДА