ТОЛИБ ВА НАСРОНӢ1-11-2021, 11:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз ҷангҷўёни гурўҳи Толибон мошинеро боздошт, ки дар он марди насроние бо ҳамсару фарзандони худ равон буданд. Марди силоҳбадаст аз ронандаи насронӣ пурсид: - Шумо мусалмонед? Насронӣ: - Бале, мо мусалмонем! Ҷангҷў: - Агар мусалмон бошӣ, пораеро аз Қуръон қироат кун! Насронӣ бидуни андеша аз китоби Инҷил пораеро бо садои баланд қироат намуд. Ҷангҷўи Толибон гуфт: - Мошаллоҳ, иҷозат доред биравед! Баъди каме дур шудан аз назди ҷангҷўи гурўҳи Толибон, ҳамсараш ба мард хитоб намуд: Боварам намеояд, ки ту чӣ гуна тавонистӣ ҷони моро дар хатар бимонӣ. Чаро ба ў гуфтӣ, ки мо мусалмонем? Агар насронӣ будани моро пай мебурд, ҳамаамонро қатл мекард. Мард ба ҳамсараш гуфт: - Парво накун, инҳо ба ислом рабте надоранд, агар инҳо Қуръонро медонистанд, одам намекуштанд! Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.