Дар конфоренсияи 9-уми Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО «Роғун», ки 16 декабр бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Ҳабибзода Зоир доир шуд, фаъолиятиҳизбиён дар соли равон ва вазифаҳои нави онҳо баррасӣ шуд.
Тибқи барномаи пешниҳод ва аз сўйи вакилон тасдиқшуда, доирба масъалаи асосии рўзномаи конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ Абдулаҳадзода Сайдулло Абдуназар гузориш дод.
Мавсуф иброз дошт, ки ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО «Роғун» 888 нафар аъзо дошта, аз ин шумора 415 нафар ҷавонон ва 93 нафар бонувон мебошанд. Дар давоми соли равон 52 нафар кормандони ташкилоту қитъаҳои корӣ ба сафи ҳизб қабул шуда, дар ҶДММ «Шукўҳи Истиқлол» ташкилоти нави ибтидоии ҳизб бо 25 нафар аъзо тасис ёфт.
Тавре дар гузориш зикр гардид, айни ҳол нисбат ба279 нафар аъзои ҳизб ба сабаби қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ ва ивази ҷойи корашон варақаҳои узвияташон дар ҳолати боздошт буда, рўйхати онҳо ба КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун пешниҳод ва онҷо мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Ин нукта ҳам зикргардид, ки 30 нафар аз аъзои ҳизб азташкилотҳои ибтидоӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд.
Бар иловаи ин дар давоми сол бар асоси супориши гурўҳи кории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ варақаҳои ҳизбии 67 нафар кормандон, ки ба нафақа баромада буданд, ба Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷойи зисташон фиристода шудааст.
Дар гузориш ҳаракати аъзои ҳизб яке аз масъалаҳои муҳими дохилиҳизбӣ, аз ҷумла дар ташкилотҳои ибтидоии НБО «Роғун» зикр шуда, таъкид гардид, ки ин масъала таҳти назорати ҷиддии Кумитаи иҷроияи ин коргоҳ қарор дорад.
Як масъалаи мавриди баҳси иштирокчиёни конференсия ин буд, дар бунёди НБО-и Роғункорхонаву ширкатҳое ҳам саҳм мегузоранд, ки берун аз маҳдудаи сохтмон қарор доранд ва ҳақи узвияти кормандони чунин муассисаҳо ба Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, шаҳри Норак, шаҳри Роғун, ноҳияи Данғара пардохт мешавад. Теъдоди аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ҳизбии берун аз маҳдудаи НБО-и «Роғун» 4648 нафар зикр шуд.
Бар асоси пешниҳодҳо ин мавзуъ бояддар оянда ба таври ҷиддӣбаррасӣ гардад. Зеро ҳалли ин масъала ба содаву шафофтар шудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар дохили НБО «Роғун» ва ҳам дар кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои номбурда мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, дар НБО «Роғун» 10 ширкати хориҷӣ кор мекунанд, ки қариб 2,5 ҳазор корманд доранд ва аз ин миқдор 301 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Табиист, ки онҳо ҳақи узвият ба ҳизбро надоранд.
Дар гузоришёдоварӣ гардид,ки яке аз бахшҳои кори Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар ин давра вусъати иҷрои тадбирҳои таблиғотӣ буд ва боин мақсад дар назди Кумитаи иҷроия аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту қитъаҳои корӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон гурўҳҳои таблиғот таъсис ёфта,дар амри фаҳмонидани сиёсати давлату ҳукумат саҳм мегиранд.
Ин гурўҳҳо, аз ҷумла ҷиҳати тарғиби сиёсати давлат ва ҳизб, тарғиби нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоту қитъаҳо 27 вохўрию мулоқотҳо бо бунёдгарони НБО «Роғун» доир намуда, ба воситаи сайти ҲХДТ ҳамовозии аҳли бунёдгарони НБО-ро баён доштаанд.
Дар доираи Курси бозомўзии раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ 4 марти соли 2021 боиштироки муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор ҳайати калони олимону нависандагон раисони КИ ҲХДТ аз шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ба маҳали сохтмон омаданд, ки Кумитаи иҷроияи ҶСК НБО «Роғун»барои дар сатҳи баланд баргузор намудани вохўрӣ бо коргарони Роғун ва боздиди гурўҳ аз қитъаҳои сохтмонӣ саҳм гирифт.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб инчунин дар баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявии «Роғун – Кохи нури Точикистон», ки бо ибтикори КИМ ҲХДТ бахшида ба 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо иштироки беш аз сад нафар намояндагони касбу кори гуногун дар маҳали сохтмон баргузор шуд, саҳми худро гузошт.
Ёдоварӣ гардид, ки имрўзҳо ҳазорон мутахассисони касбу кори гуногун –экскаваторчиён, васлгару ронандаҳо, нақбкану кафшергарон, пармагару барқчиён, дуредгару роҳбарони ширкатҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои гуногуни ин ҷабҳаи бунёдгарӣ бо масъулияти азим ва садоқатмандона заҳмат мекашанд ва ҳизбиён низ паҳлўи онҳо ҳастанд.
Дар гузориш ин нукта ҳам таъкид гардид, ки барои баргузории амалиёти «Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман» фаъолияти 12 ташкилоти ибтидоӣ санҷида шуда, натиҷааш ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун пешниҳод шуд.
20 октябри соли равон гурўҳи кории Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ҷиҳати омўзиши фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ба Роғун омада, ба рафти корҳои дохилиҳизбӣ пеш азҳама ба ҳаракати аъзои ҳизб,тартиб додани протоколу қарорҳо,парвандаҳои шахсӣ, китоби бақайдгирии аъзои ҳизб, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ,варақаи пардохти аъзоҳаққӣ ва саривақт бақайдгирии аъзо диққат дода, қамбудиҳоеро ошкор намуд. Аз ҷониби гурўҳи корӣ ба масъулони Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои беҳбуди ҳолатҳои зикргардида. суҳбат карда, тавсияҳо дода шуд.
Дар поёни кори ин гурўҳ, гузориши муовини раиси ҲХДТ Латифзода А. ва роҳбари гурўҳи корӣ, иборат аз 20 банд таҳия гардид. Дар он бо таъкид ба ин нукта, ки нуфузва аҳамияти бузурги мавзеи стратегӣ доштаниҶСК НБО «Роғун», ки дар як вақт ҲХДТ ҳамчун сарпарасти маънавии неругоҳ эътироф шудааст, тағйир ва такмили сохтори Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ин коргоҳ зарур мебошад.
Оидба пешрафтҳо сухан ронда, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбиёни НБО «Роғун» оид ба камбудиҳо дар ташкилотҳои ибтидоӣ низ ибрози назар кард. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки маъулинибаъзе аз ташкилотҳо дар масъалаи гузарониданисоатҳои сиёсӣ, саривақт насупоридани ҳисоботи омории моҳона, қабули аъзо ба сафи ҳизб, пардохти ҳаққи узвият кам эътибор медиҳанд.
Пас аз маърўза, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО «Роғун» Далер Қурбонов вамуовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб дар ҶДММ «Нурсоз» Маҳмуд Сўфиев ба музокира баромада, доир ба бандҳое аз гузориш изҳори назар карданд.
Дар идома, иштирокчиёни маҷлиси ҳизбӣ дар асоси дастур ва тавсияи муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор дар сохтори Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО-и «Роғун» тағйирот ворид карданд.
Вакилон тибқи тағйироти воридшуда ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбро иборат аз 9 нафар, раис ва муовинони ўро интихоб карданд. Ба ҳамин тартиб, директори генералии ҶСК НБО «Роғун» Сафарзода Хайрулло Амиралӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб, Абулаҳадзода С.А. - муовин ва Абдураҳимов Пируншо – муовини озод интихоб шуданд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО «Роғун» дар ин маврид қарори дахлдор қабул кард.
Муовини раиси ҲХДТ Латифзода А. зимни суханронӣ дар назди аҳли ҷаласа ибрози боварӣ кард, ки аҳли муҳандисону бунёдкорони НБО «Роғун», аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири ободии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди минбаъдаи иқтисоди мамлакат, эҷоди заминаи пойдори пешрафти ҳамаи соҳаҳо, тарбияи мутахассисони ҷавон дар оянда тадбирҳои лозимро амалӣ карда, барои зиёд шудани теъдоди аъзои ҳизб, тарбияи мутахассисони ҷавон боз ҳам кўшиш ба харҷ медиҳанд. Дар амри тадбиқи сиёсати дурандешонаи Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори иқдомҳои созандаи ҳизбӣ ҳастанд, боз ҳам кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Ў ёдовар шуд, дар ҳақиқат масъалаҳои дохилиҳизбӣ зарурат ба такмил дошта, яке аз ҳадафҳои конференсия ҳам баррасии ин масъала буд. Зеротаҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои ташкили кору пешбурди фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар иншоотҳои азиме, ба монанди НБО «Роғун» масъулияти зиёд ва ҷиддитар лозим аст.
Дар суханронӣ ин нукта таъкид гардид, ки низоми муайяни ташкил, қабули аъзо ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ тасдиқ шудааст ва кор бояд ба тавре ба роҳ монда шавад, ки шарти ихтиёрӣ будани қабул ба узвияти ҳизб риоя гардад.
Ў бо боварӣ гуфт, ки тағйир ва такмили сохтории Кумитаи ичроияи ибтидоӣ дар ин иншооти бузург масъулияти мақомоти неругоҳ ва сарварони ташкилотҳои ибтидоиро ҷиҳати иҷрои талаботи Оиннома ва Барномаи ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии коргоҳро баланд хоҳад бурд.
Муовини раиси ҲХДТ ин нуктаро ҳам муҳим донист, ки дар оянда баробари масъулони Кумитаи иҷроия аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия низ барои иҷрои дастуру супоришҳои ҳизбӣ ва қарорҳои қабулшуда вазифадор дониста шаванд.
Махфират Давлатзода – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун зимни суханронӣ дар ҷаласа, тавсияҳои пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуд.
Ў гуфт: - Бовар дорем, Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҶСК НБО «Роғун» ва ташкилотҳои ибтидоии он бар асоси қарорҳо ва тавсияҳои дар маҷлис пешниҳодгардида, фаъолияти худро такмил дода, корҳои ташкилӣ ва оммавию сиёсиро минбаъд дар сатҳи беҳтару худтар ба роҳ мемонанд.
Солеҳ Юсуфов