Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР ПЕШОРЎӢ ҶАШНҲОИ МУҲИМ

ДАР ПЕШОРЎӢ ҶАШНҲОИ МУҲИМ

7-03-2018, 09:30
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
        ДАР ПЕШОРЎӢ ҶАШНҲОИ МУҲИМ
Дар Маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун 2 марти соли равон баргузор гардид, Раҳимзода Исмоил, муовини якуми раиси шаҳр, Ҳабибзода Зоир, мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ғиёсиддин Хокироев, узви Раёсати КИМ ҲХДТ, Давлатбек Қарчиев, узви Кумитаи иҷроия, сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии фаръии «Сохтмони асосӣ», роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, аъзои Кумитаи иҷроия, вакилон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣиштирок намуданд.
Махфират Давлатова, раиси Кумитаи иҷроия дар оғоз гуфт, ки маҷлиси мо дар марҳилае баргузор мешавад, ки тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, бахусус аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ зери таассуроти Паёми хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018-Соли рушди сайёҳӣва ҳунарҳои мардумӣ, ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврўзи хуҷастапай, 21 солагии Ваҳдати миллӣ, 27 -солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» омода мешаванд.
Мавсуф гуфт, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун, ташкилотҳои ибтидоиии он корҳои ташкилӣ ва оммавию-сиёсии худро ба муносибати ин ҷашнҳои таърихӣ дар сатҳи хуби сиёсӣ ба роҳ мондаанд.
Пас аз баромади раиси Комиҷроия ва тасдиқи нақшаи кории солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун барои соли 2018, Абдулаҳадзода С., раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «НБО-и Роғун» Файзуллоев Парвиз, раиси ташкилоти ибтидоии «Коллеҷи муҳандисию техникӣ», Шарафзода Баҳром раиси ташкилоти ибтидоии «Шаҳрӣ» ба музокира баромада фаъолияти кори Кумитаи иҷроияро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳабибзода Зоир оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси КИМ ҲХДТ (16 феврал) суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, Раҳимзода Исмоил аз камбудиву норасоиҳои дар ташкилотҳои ибтидоӣ ҷойдошта ёдовар шуда, шахсони масъулро барои бартараф кардани камбудиҳо даъват намуд.
Дар хотимаи маҷлис фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо сипосномаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва туҳфаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун сарфароз гардонида шуданд. Ба 6 нафар аъзои нави ҳизбӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Ибодуллоҳи Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: