Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд»

Таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд»

31-01-2017, 10:28
Хабарро хонданд: 327 нафар
Назарҳо: 0
Таъсиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд»

Дар ташкилотҳои ибтидоии назди кумитаи маҳалаҳои шаҳри Хуҷанд, ки аъзоёни онро коркунони соҳаи маориф ташкил медиҳанд, Конференсия оид ба интихоби Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.
Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ширкат варзида иброз намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқомати аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Бо ташаббуси узви ҳизб мумкин аст шӯрои раисони ташкилотҳои ҳизбӣ, маҳфилҳои ҳизбӣ, марказҳои таблиғотӣ, шӯрои собиқадорони ҳизб, созмонҳои занон, ҷавонон ва дигар намудҳои иттиҳодияҳо ташкил карда шаванд.
Ташкилоти ибтидоии ҳизб дар ҳолати мавҷуд будани 5 нафар узви ҳизб ва зиёда аз он ташкил карда мешавад. Қарор дар бораи созмон додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз тарафи кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ тасдиқ карда мешавад.
Мақоми олии ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси умумӣ мебошад. Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ як маротиба дар се моҳ, вале вобаста ба зарурият ҳар вақт даъват карда мешавад. Конференсияи кумитаи иҷроияи ибтидоӣ як маротиба дар ду сол даъват карда мешавад.
Барои пеш бурдани корҳои ҷорӣ маҷлиси умумӣ дар ташкилотҳои ҳизбие, ки то 30 нафар аъзо доранд, раис, дар ташкилотҳои ҳизбие, ки аз 30 то 300 нафар аъзо доранд – раёсат интихоб мекунанд. Дар ташкилотҳои ибтидоие, ки аз 300 нафар зиёд аъзо доранд, конференсия Кумитаи иҷроияи ибтидоиро интихоб мекунад. Ҳисоботи раис ва Раёсат дар маҷлиси умумӣ ҳар сол ва ҳисоботи Кумитаи иҷроия дар конференсия як маротиба дар ду сол шунида мешавад.
Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ вобаста ба зарурат, вале на кам аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад.
Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ конференсияи ҳизбиро даъват менамояд, ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии дар ҳудудаш буда назорат мебарад, ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоиро дар маҷлиси умумӣ мешунавад, қарорҳои болоии ҳизбро дар амал тадбиқ намуда, аз рафти иҷрои он ахборот пешниҳод менамояд, мутобиқи банди 3.2, 3.9 Оинномаи ҳизб ташкилоти ибтидоиро таъсис ва барҳам медиҳад, мақсадҳои Оиннома ва Барномаи ҳизбро дар амал тадбиқ менамояд ва дигар салоҳиятҳое, ки Оинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.

Сипас, бо таклифу пешниҳодҳои вакилони Конференсия дар назди кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр»-и шаҳри Хуҷанд Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ бо номи «Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд ва аъзоёни Раёсат ва кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки бо таклифу пешниҳодҳои аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Маорифчиёни шаҳри Хуҷанд» Илҳом Султонов ҳамчун раис, Ҳамрохон Атаева ҷонишини раис ва Зулфия Умарова котиби Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб шуданд.

Дар кори Конференсия аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдумавлон Азимов ба иштирокчиёни Конференсия нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро фаҳмонид.
Бо баргузории музокираҳо ва саволу ҷавобҳо Конференсия ба кори худ хотима бахшид.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: