Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иҷлосияи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷлосияи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17-02-2018, 09:05
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосияи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шонздаҳуми феврали соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар оғоз раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ронда, аз ҷумла гуфт: «Мақсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мувофиқи тағйиру иловаҳо, салоҳияти раисон ва судяҳои судҳои иқтисодӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои иқтисодӣ дар асоси эътирозу шикоятҳо ва зимни баррасии парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ мукаммал гардонида, назорати иҷрои санадҳои судӣ ба судяҳо вогузор карда мешавад.
Масъалаи дигари иҷлосияи мазкур баррасии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ зимни баррасии ин қонун қайд кар, ки: « …Аз ҷумла, ба қонуни конститутсионӣ се моддаи нав - моддаи 1 дар ишораи 1 вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 4 дар ишораи 1 оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллӣ ва моддаи 4 дар ишораи 2 оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони байналмилалӣ ворид карда шуд.
Ба қонуни конститутсионӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо оид ба мақом ва ваколатҳои мушоҳидони миллию байналмилалӣ, бо Конститутсия мутобиқ намудани ҳуқуқи интихобкунандагон ва ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, манъ кардани ҳама гуна иштироки мустақим ва ё ғайримустақими давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар маблағгузорӣ ва дигар намуди дастгирии моддии маъракаи интихобот, пуррасозии ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва дуруст намудани шакли пур кардани бюллетенҳои интихоботӣ аз қонуни конститутсионӣ духӯрагиҳоро дур сохта, ба шаффоф ва демократӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Ба мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳоро пешбарӣ кардаанд, худи номзадҳо ва прокурор додани ҳуқуқ барои ба суд муроҷиат намудан нисбати қарорҳои комиссияҳои интихоботӣ, ба шаҳрванд додани ҳуқуқи шикоят ҳангоми ба рӯйхат дохил нашудан, нодуруст ба рӯйхат дохил шудан ё аз рӯйхат баровардан, муайян намудани муҳлати дастрас намудани бюллетенҳои интихоботӣ ба комиссияҳои интихоботӣ меъёрҳое наве мебошанд, ки ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ворид карда шуда, ихтилофоти қонунгузориро аз байн мебаранд.
Ҳамчунин, ба қонуни конститутсионӣ меъёрҳои дигари нав оид ба манъ намудани ба ҳабс гирифтан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, ба истиснои дастгир шудан дар ҷойи содири ҷиноят, оид ба қатъи ваколатҳои шахсони боэътимод, оид ба натиҷаи пешакӣ ва ниҳоии интихобот, оид ба шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа баъд аз интихобот, ворид карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ, қабл аз ҳама, ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, шаффофияти баргузории интихобот ва таъмини амнияти фазои интихоботии кишвар равона шудаанд».
Масъалаи дигари иҷлосия тасдиқ намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ пазируфта шуд. Мавсуф аз ҷумла таъкид ба тағйиротҳои воридшуда намуд, ки ба ғайри таҳрирҳои забонӣ боз чунин иловаҳоро дар назар дорад: «Натиҷаи пешакии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати баъди ба охир расидани интихобот эълон мекунад.
Натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ тасдиқ гардида, дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди ба охир расидани интихобот бо рӯйхати аъзои интихобшудаи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар матбуот чоп карда мешавад».
Дар моддаи 81 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«Фаъолияти мушоҳидони миллӣ баъди бо қарори комиссияҳои ҳавзавии дахлдори интихобот тасдиқ гардидани рӯйхати онҳо оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии интихобот қатъ мегардад».
Дар моддаи 12 қонуни конститутсионӣ, ки ба ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бахшида шудааст, банди 11 бо мазмуни зайл илова карда шудааст: «тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад».
Дар моддаи 33, ки шаҳрвандони ҳуқуқнадоштаро барои номзад шудан ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон муайян менамояд, сархатҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«- шаҳрвандоне, ки забони давлатиро намедонанд;»
«- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 7 соли охир истиқомат доранд - барои номзад ба аъзои Маҷлиси миллӣ;»
«- шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ камтар аз 5 соли охир истиқомат доранд - барои номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон».
Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида дар баробари мутобиқкунонӣ ба қонунгузории кишвар, инчунин бевосита ба ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, кафолати иҷтимоӣ ва сиёсии номзад ба узвияти Маҷлиси миллӣ ва вакилии Маҷлиси намояндагон, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва шаффоф баргузор намудани интихобот равона шудаанд.

Масъалаи навбатии ин иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» буд, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ чунин ташреҳ дод: «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодии муомилоти ғалла, маҳсулоти коркарди он, талабот оид ба сифати ғалла, тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ ва тухмиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Қонун аз 6 боб ва 34 модда иборат буда, боби 1- уми он мафҳумҳои асосӣ, таснифоти ғалла, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он, вазифаҳои қонуни мазкур, субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, принсипҳои асосии ташкили фаъолият дар соҳаи муомилоти ғалла, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидорӣ ва бақайдгирии миқдору сифати ғалларо дар бар мегирад.
Боби 2 хусусиятҳои муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, кишт ва истеҳсоли ғалла, нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ, фурӯши ғалла, воридоту содироти он ва истифодаи партовҳои ғалларо ба танзим медарорад.
Принсипу усулҳои танзими давлатии муомилоти ғалла, сало­ҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими муомилоти ғалла, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мазкур, шаклҳои дастгирии давлатӣ ва самтҳои дастгирии давлатии муомилоти ғалла дар боби 3 пурра дарҷ гардидаанд.
Бобҳои 4, 5 ва 6 таъмини сифати ғалла, бамеъёрдарории талабот нисбат ба сифати ғалла, экспертиза ва арзёбии сифати ғалла, маҳсулоти коркарди он ва бақайдгирии давлатии гигиении он, сертификатсияи сифати ғалла, талабот нисбат ба бехатарии ғалла, назорати давлатии муомилоти ғалла, захираҳои давлатӣ ва ташаккули захираҳои давлатии ғалла, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро ба танзим медароранд.
Масъалаи дигари иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» буд, ки онро низ Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ шарҳ дод.
Баррасии масъалаи навбатӣ ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир дода шуд. Ӯ қайд кард, ки « Қонуни зикршуда асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторияро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Инчунин, барои дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ, таъмини барномаҳои қабулшудаи давлатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ равона гардида, фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузориро таъмин менамояд.»
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аҳли толор зимни баррасии ин масъала чунин таъки дошт: «Аз шумо хоҳиш менамоям баҳри дар амал татбиқ намудани қонуни мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоед, зеро он аз ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 сарчашма гирифтааст.
Имрӯз бояд ҳар яки мо дарк намоем, ки бе дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба рушди воқеӣ ноил шудан имконнопазир мебошад. Чунонки мушоҳида мешавад, дар мамлакатҳои пешрафта тавассути дастгирӣ ва тавсеаи соҳибкории хурду миёна рушду тараққӣ кардаанд. Бинобар ин, бояд ҷиҳати дастгирии пешниҳоди Сарвари давлат тамоми кӯшиши аз дастамон меомадаро ба харҷ диҳем ва ба ин васила, дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузорем».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки яке аз масъалаҳои дигар буд, чунин тағйиротро дар назар дошт: « Мутобиқи тағйири ба сархати сеюми моддаи 252 Кодекси андози амалкунанда воридшуда, муҳлати аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2018 ба 31 декабри соли 2020 тамдид карда мешавад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт Амирзода Раҳмоналӣ Амир ба моддаи 34 кодекси амалкунанда қисми нави 6 илова карда шудааст, ки тибқи он, минбаъд гузаронидани санҷиши андоз танҳо дар маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ ва (ё) маҳалли фаъолияти андозсупоранда амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти санҷидашаванда барои санҷишгар утоқи кориро таъмин карда натавонад. Ба қисми 1 моддаи 81 кодекси амалкунанда ҷумлаи дуюм илова карда шудааст, ки тибқи он, санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардидаанд, инчунин, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори қонунӣ надоранд. Илова бар ин, қонуни мазкур масъалаҳои аз байн бурдани ихтилофот дар қонунгузорӣ, имтиёзҳо барои истеҳсоли либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабӣ, воридот ва таҳвили минбаъдаи автомашинаҳои нав, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва маҳсулоти истеҳсолот барои таъминоти соҳаи парандапарвариро фаро гирифтааст- гуфт мавсуф.
Дар ин иҷлосия ҳамчунин даҳ лоиҳаи қарорҳо тасдиқ гардиданд, ки аксаран ба бозхонд ва таъини судяҳо мутааалиқ буданд. Ҳамчунин ҳиботи Прокурори генералии Тоҷикистон шунида шуд.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: