САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАХРВАНДӢ ТАНЗИМКУНАНДАИ МУНОСИБАТҲОИ ОИЛАВӢ17-10-2018, 08:42
Хабарро хонданд: 271 нафар
Назарҳо: 0
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи давлату ҳукумат як катор санадҳое ба имзо расиданд, ки барои тараққиёти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон пешбинӣ шудаанд. Масалан, баробари инқилоби кабири Фронса Эъломияи ҳуқуқи инсон ва баъдан Кодекси граждании Наполеон интишор мегардад, ки он ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳифз ва ҳимоя менамуд. Дар аксар давлатҳои Аврупо дар натиҷаи ба вуҷуд омадани ҷунбишҳои озодихоҳӣ масъалаи оила ва ба даст овардани ҳуқуқу имтиёзҳои оилавӣ баррасӣ мешуд. Муносибати оилавӣ дар замони Инқилоби Октябр ва даврони Шӯравӣ хислати дунявӣ пайдо карда буд. Дар танзими муносибатҳои оилавӣ ва никоҳ санадҳои меъёрию ҳуқуқии оилавӣ қабул карда мешавад, ки он низоми оилавиро дар заминаи муносибати неки ҳамсарон, эҳтирому самимият ва ғамхорӣ дар тарбия ва таълими фарзандон амалӣ мешуд. Бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ таърихи начандон тӯлонӣ дорад. Соли 1920 пас Аморати Бухоро ба вуҷуд омада, то барқарор гардидани ҳокимияти Шӯравӣ уҳдадориҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба зиммаи судҳои қазоватӣ вогузор гардида буд ва ин таҷриба то соли 1929 идома ёфт. Баъди соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии оилавӣ тобишҳои нав ворид карда шуд, муносибатҳои оилавӣ аз ақидаҳои мафкуравӣ озод карда шуда, ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии ватанӣ ва байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудаанд. Ин тадбир барои боз ҳам мустаҳкам гардидани мавқеи оила, таваллуди фарзанд, таълим ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи озод, солим ва ҳаматарафа ташаккул ёфта мусоидат менамояд. Асноди ҳолати шаҳрвандӣ амали шаҳрванд ё ҳодисаест, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо гардида, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамояд ва ҳамчун ҳодисаи асосӣ дар ҳаёти инсон ҳатман бақайди давлатӣ гирифташавад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба қайдгирии давалтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзу ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкии шаҳрвандон ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар карда мешавад. Конститутсия асос ва сарчашмаи қонунгузории мамлакат мебошад. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 1- и Қонунҳои оила, дар моддаи 3-юм масъалаи марбут ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба тафсил пурра ва равшану возеҳ нишон дода шудааст. Ин модда аз 4 зербанд иборат буда, масоили оилавӣ ва санадҳои меъёри ҳуқуқи иоилавиро дар бар гирифтааст. Таваллуд, вафот, бастан ва бекор намудани ақди никоҳ, муқаррар намудани воқеияти падарӣ, фарзандхон намудани кӯдаки бепарастории падару модармонда, иваз намудани ному насаб, номи падар, ворид намудани тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд бо тартиби муқаррар намудаи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шавад. Ҳолати шаҳрвандӣ маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахс, аниқтараш вазъи ҳуқуқии ӯро дар ҷомеа муайян менамояд, ки вобаста ба он ҳолати шаҳрвандӣ имкон медиҳад, мақоми шахс дар байни шахсони дигар бо нишон додани ному насаб, номи падар, ҷинс, шаҳрвандӣ, синн усол ва омилҳои дигари ба ин монанд мушаххас гардонида, вазъи оилавӣ, моҳияти қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунандаи ӯ маълум карда шавад. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар ва кӯдак аз лаҳзаи таваллуди кӯдак пайдо гардида, факти таваллуди кӯдак ба таври ҳатмӣ мавриди бақайдгирии давлатии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қарор дода мешавад. Аҳамияти бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуди кӯдак дар он аст, ки синну соли шахс аз рӯи қайди дар шаҳодатномаи таваллуд ворид гардида, муайян карда мешавад, ки қонунгузорӣ фарорасидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муайян, бастани ақди никоҳ дар ҳуқуқи оилавӣ, татбиқи ҷазои маъмурӣ дар ҳуқуқи маъмурӣ ва монанди инҳоро ба он алоқаманд медонад. Таваллуди кӯдак бо як қатор нишондиҳандаҳои тиббӣ, аз ҷумла, вазн, муҳлат, қад ва монанди онҳо муайян мешавад. Тартиби бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартибе ворид карда мешаванд, ки бо ҳамон тартиб ба қайди давлатӣ гирифта шуда буданд. Барои ворид намудани тағйирот, ислоҳ ва иловаҳо ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ шахсони манфиатдорро зарураст, ки ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зисти худ бо ариза муроҷиат намоянд. Агар ворид намудани тағйирот, ислоҳ ва илова бо асноди ҳолати шаҳрвандии шахси фавтида алоқаманд бошад, дар ин маврид ариза аз ҷониби хешу табори шахси фавтида пешниҳод мешавад. Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ шахси ба синни шонздаҳ расида ҳуқуқ дорад, ном, номи падар ва насаби худро иваз намояд, ки он аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқоматии шахс ба ҷо оварда мешавад. Тибқи моддаи 68 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» барои иваз намудани ному насаб ва номи падар шахсони манфиадторро зарур аст, ки ба мақомоти САҲШ бо аризаи хаттӣ муроҷиат карда, ба он ҳуҷҷатҳои зеринро замима намояд: 1. Шаҳодатномаи таваллуди шахсе, ки хоҳиши иваз намудани насаб, ном ё номи падарро дорад; 2. Шаходатномаи ақди никоҳ, агар аризадиҳанда дар ақди никоҳ қарор дошта бошад; 3. Шаҳоданомаи бекор кардани ақди никоҳ, агар аризадиҳанда бо сабаби бекор кардани ақди никоҳ гирифтани насаби пеш аз никоҳиашро талаб намояд; 4. Шаҳодатномаи таваллуди ҳар яке аз кӯдакони ноболиғи аризадиҳанда; 5. Шаҳодатнома дар бораи фарзандхонӣ ё шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ, дар сурате, ки агар аз тарафи мақомоти САҲШ бақайдгирии давалтии фарзандхонӣ ё муқаррар намудани падарӣ анҷом дода шуда бошад. Бақайдгирии давлатии вафот ба мисли асноди дигари ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби мақомоти САҲШ муқаррар мешавад. Мутобиқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» барои бақайдгирии давлатии вафот шахсони зерин метавонад бо ариза дар бораи вафоти шахс на дертар аз се рӯзи фаро расидани имарг ё аз рӯзи ёфт шудани ҷасади фавтида ба мақомоти САҲШ муроҷиат намоянд: 1. Ҳамсар, дигар аъзои оилаи шахси фавтида, инчунин вақти вафот кардани шахс ҳузурдошт ё дар бораи вафоти шахс хабар дорад; 2. Муассисаи тиббӣ ё муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки шахс ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш фавтида бошад; 3. Муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, агар маҳкум шуда дар давраи адо кардани ҷазои ҷиноятӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ вафот карда бошад; 4. Мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиш, дар сурате, ки агар оид ба марги шахс ё оид ба далели марг тафтиш бурда шавад ва шахсияти фавтида муайян нашуда бошад; Хулоса, бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба манфиати давлату ҷамъият ва бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодихоҳии молумулкии шахс буда, ҳамчун далели раднопазири ҳолатҳои мушаххас ба манфиати шаҳрвандон мебошад. Гузашта аз ин, аз рӯи он раванди инкишофи аҳолӣ, сабабу шароити барои болоравии омилҳои номатлуб, аз ҷумла бекор намудани ақди никоҳ ва бо ҳамин зиёд гардидани кӯдакони бепарастормонда муайян мегардад. Лозим ва ёдоварист, ки дар сурати сари вақт омода накардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва риоя нагардидани низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, метавонад аҳамияти худро гум карда, нисбат ба шахсони манфиатдор натиҷаи мусбат надиҳад. НАЗИРА Холиқова, мутахассиси пешбари РАХШ-и вФазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.