Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НИЗОМИ ИНТИХОБОТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

НИЗОМИ ИНТИХОБОТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

15-01-2020, 12:00
Хабарро хонданд: 23 нафар
Назарҳо: 0
НИЗОМИ ИНТИХОБОТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОНИнтихобот ҳамчун раванди сиёсӣ дар ҷаҳони муосир тавсиф гашта, ба сифати механизми эътирофшудаи таъмини иштироки мардум дар ташаккул ва ё амалинамоии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Аз ин нуқтаи назар, давлатҳо дар раванди татбиқи ин механизми муҳим дар доираи арзишҳо, меъёрҳо ва муқаррароти ташаккулёфта, ки ба анъана ва фарҳанги миллию давлатдории онҳо рабт дорад, баҳри шаклгирии низоми интихоботии худ кўшиш мекунанд. Дар робита ба низоми интихобот ва хусусиятҳои он дар Тоҷикистон андешаҳои узви КМИР, профессор Махфират ХИДИРЗОДА пешкаши хонандагон мегардад:

Дар навбати худ, низоми интихобот имконият медиҳад, ки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон бемамониат ва озодона амалӣ карда шавад. Низоми интихобот ин маҷмӯи мукаммал ва томи мақомот, сохтор ва меъёрҳое мебошад, ки мақсадашон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихобот буда, ба онҳо иерархияи муносибатҳо хос мебошад.

Дар мамлакати мо низоми интихоботиро метавон аз рӯи хусусият, вазифа ва шакл ба гурўҳҳои зерин тасниф намуд:

— вобаста ба сатҳи мақомоти намояндагӣ;

— вобаста ба низоми комиссияҳои интихоботӣ;

— вобаста ба шакли овоздиҳӣ.

Яке аз нишондиҳандаҳое, ки баҳри тавсифи низоми интихоботӣ зарур мебошад, ин муқаррар намудани сатҳи мақомоти намояндагие мебошад, ки мардум барои ташаккули он овоз медиҳад. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон интихобот ба мақомоти намояндагӣ сесатҳа мебошад. Чунончи, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқ ва интихоботи ҷамоат мебошад. Вобаста ба ин зикр намудан зарур аст, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобаста ба ҳар як сатҳи интихобот ба мақомоти намояндагӣ фарқкунанда буда, тарзи махсуси ташкили корро тақозо менамоянд. Аз он ҷумла, фарқият дар сензи синусолӣ, ки ҳангоми интихоб шудан дар ҳар се сатҳ мавҷуд аст, ба монанди синни 30-сола барои узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, 18-сола барои вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва 20-сола барои маҷлиси Ҷамоат муқаррар шудааст.

Фарқияти дигар ин сензи сукунат мебошад, ки тибқи моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 7 сол барои узви Маҷлиси миллӣ ва 5 сол барои вакили Маҷлиси намояндагон ва мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 3 сол барои вакилони Ҷамоатҳо муқаррар шудааст. Мутобиқи моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бошад талабот ба номзад бе муқаррар намудани муҳлати муайян буда, муқаррарот оид ба кор ва ё зиндагӣ намудан дар ҳудуди вилоят, шаҳр ва ноҳияи дахлдор пешбинӣ шудааст.

Фарқияти сеюм ин роҳҳои пешбарӣ ба мақомоти гуногуни намояндагӣ мебошад. Агар қонунгузории интихоботии мамлакат пешбарии номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз чониби ҳизбҳои сиёсӣ ва тариқи худпешбарӣ муайян намуда бошад, вакилони маҷлисҳои ҷамоат мутобиқи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» танҳо тариқи худпешбарӣ метавонанд пешниҳод шаванд.

Ҳамин тариқ, фарқиятҳо дар муҳлатҳои таъйини интихобот (75 рўз то анҷоми ваколати вакилони амалкунанда дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва 40 рўз пеш анҷоми ваколати вакили Ҷамоат), дар миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ (5 ҳавзаи бисёрмандата дар интихоботи узви Маҷлиси миллӣ, 41 ҳавзаи якмандата ва як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагон, то 70 ҳавзаи интихоботӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, то 40 ҳавзаи интихоботӣ дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва аз 15 то 40 ҳавзаи интихоботӣ дар маҷлисҳои ҷамоатҳо), теъдоди шахсони боэътимод (то 5 нафар ба номзади вакили Маҷлиси намояндагон ва то 3 нафар ба номзади вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва то 2 нафар ба вакили Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳия), тарзи фаъолият (дар асоси касбӣ ва ҷамъиятӣ, бе озод шудан аз вазифаи асосӣ), гарави интихоботӣ (барои узви Маҷлиси миллӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва вакилони Ҷамоатҳо гарави интихоботӣ пешбинӣ нашуда, барои вакилони Маҷлиси намояндагон гарави интихоботӣ муқаррар шудааст) ва дигар масъалаҳо пешбинӣ шудаанд, ки хусусияти хоси ҳар як сатҳи мақомоти намояндагиро таҷассум мекунанд.

Ҷанбаи дигари тавсифкунандаи низоми интихоботӣ хусусияти сохторию функсионалӣ дошта, ифодакунандаи низоми иерархии комиссияҳои интихоботӣ, ки вобаста ба сатҳи мақомоти намояндагӣ таъсис дода мешаванд, ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин дар фасли 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низоми комиссияҳои интихобот, тартиби ташкил ва фаъолияти онҳо муқаррар карда шудааст. Тибқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии болозикр «Барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон комиссияҳои зерини интихобот ташкил карда мешаванд:

— комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;

— комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон;

— комиссияҳои участкавӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон» таъсис дода мешаванд.

Низоми чорзинагии интихобот ҳангоми интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон имконият медиҳад, ки раванди интихобот аз боло ба поён ташкил ва назорат карда шавад. Масъулияти ташкил ва назорати раванди зикргардида дар ҳама зинаҳо ба уҳдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ гузошта шудааст.

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии зикргардида Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои Қонуни конститутсионии мазкур назорат ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд, дар доираи салоҳияти худ дастурҳо қабул ва тартиби татбиқи Қонуни конститутсионии мазкурро маънидод мекунад; ҳавзаҳои якмандатии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил мекунад ва ба онҳо ному рақам мегузорад; комиссияҳои ҳавзавии интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ташкил медиҳад ва доир ба қароргоҳи онҳо маълумот дарҷ мекунад; кори комиссияҳои интихоботро ба роҳ мемонад, тартиби ба ҳайати онҳо даровардани тағйиротро муайян мекунад, агар қарорҳои комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хилофи Қонуни конститутсионии мазкур бошанд, онҳоро мустақилона, ё бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор мекунад; масъалаҳои ба ҳавзаи интихобот ҳамроҳ намудани участкаҳои интихоботро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, ҳаллу фасл менамояд; ба номзадҳо барои иштирок карданашон дар маъракаи интихобот шароити баробар муҳайё мекунад; бо тартиби муқарраргардида маблағро ба комиссияҳои интихобот тақсим мекунад, бо бино, нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин шудани комиссияҳои интихоботро назорат мекунад ва масъалаҳои дигари таъминоти моддию техникии интихоботро ҳаллу фасл менамояд; шакл ва матни бюллетенҳои интихоботро оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, рўйхати интихобкунандагон, протоколи ҷаласаҳои комиссияҳои интихобот, ҳуҷҷатҳои дигари интихобот, намунаи қуттиҳои интихобот ва муҳри комиссияҳои интихобот, тартиби нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои интихоботро муқаррар мекунад; бюллетенҳоро барои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои ҳамаи ҳавзаҳои интихобот тайёр мекунад; гузориши роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, намояндагони ҳизбҳои сиёсиро аз рўи масъалаҳои тайёрӣ ва гузаронидани интихобот мешунавад; тартиби муайян намудани сатҳи донистани забони давлатиро аз ҷониби номзад ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунад; тартиби иштироки мушоҳидони миллӣ, мушоҳидони байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори хориҷӣ ва маҳаллиро муқаррар мекунад, онҳоро бо ҳуҷҷатҳои дахлдор таъмин менамояд; рўйхати номзадҳоро аз ҳизбҳои сиёсӣ, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидаанд ва шахсони боэътимоди онҳоро ба қайд мегирад; ба номзадҳое, ки аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба қайд гирифта шудаанд ва ба шахсони боэътимоди ҳизбҳои сиёсӣ шаҳодатномаи намунаи муқарраргардидаро медиҳад; натиҷаи интихоботро дар тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст менамояд, вакилони интихобшударо ба қайд мегирад, дар матбуот оид ба ҷамъбасти интихобот ахборот ва рўйхати аъзоёни интихобшудаи Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро чоп мекунад; масъалаҳои гузаронидани интихоботи такрории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ҳал мекунад; интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро ба ивази аъзо ва вакилони хориҷшуда таъйин намуда, мегузаронад; аризаю шикоятҳоро аз хусуси қарору амалҳои (беамалии) комиссияҳои интихобот баррасӣ менамояд ва аз рўи онҳо қарорҳо қабул мекунад ва ба бойгониҳо супоридани ҳуҷҷатҳои вобаста ба ташкил ва гузаронидани интихоботро таъмин менамояд

Лозим ба ёдоварист, ки қонунгузории интихоботии мамлакат муқаррар намудааст, ки комиссияҳои интихобот дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияҳои интихобот, ки дар доираи салоҳияташон қабул намудаанд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо, интихобкунандагон, ҳамчунин барои комиссияҳои поёнии интихобот ҳатмӣ мебошад.

Ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар се зина амалӣ карда мешавад:

1) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ;

2) комиссияи ҳавзавии интихобот (Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ) оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот;

3) комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатии интихобот.

Як нуқтаи муҳимро зикр намудан лозим аст, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуда, комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад

Комиссияи участкавии интихоботро оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи якмандатии интихобот камаш 45 рўз пеш аз интихобот дар ҳайати на кам аз 5 ва на зиёда аз 19 нафар, аз ҷумла раис, муовини раис, котиби комиссия ташкил мекунад.

Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бошад низоми шашзинагии интихобот фаъолият мекунад. Моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” муайян намудааст, ки барои интихоботи Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ комиссияҳои зерини интихоботтаъсис дода мешаванд:

— комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят;

— комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

— комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр;

— комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия;

— комиссияҳои ҳавзавии интихобот;

— комиссияҳои участкавии интихобот.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳама комиссияҳои интихобот аз рўи принсипи ҳудудӣ таъсис дода шуда, як нафар ҳуқуқ дорад фақат аъзои як комиссияи интихобот бошад.

Хусусияти дигаре, ки низоми интихоботии моро муайян мекунад ин вижагӣ вобаста ба усули овоздиҳӣ мебошад. Мутобиқи моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад». Истифода аз усули пропорсионалии ҳисобкунии овозҳо дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва мажоритарӣ дар ҳавзаҳои якмандатаи интихобот хусусияти омехтагии низоми интихоботиро дар Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бошад низоми мажоритарии интихобот амалӣ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, таҳлили низоми интихоботӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он бо хусусиятҳои хоси сохторию функсионалӣ ва мазмунии худ фарқ намуда, ифодагари ҷанбаҳои муҳимми ташаккули анъанаҳои давлатдорӣ мебошад, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва равандҳои демократӣ дар ҷаҳон такомул ёфта истодааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: