Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эй СММ садои афғондухтари мазлумро шунидаӣ?

Эй СММ садои афғондухтари мазлумро шунидаӣ?

16-09-2021, 12:52
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
Эй СММ садои афғондухтари мазлумро шунидаӣ?
****
Қатъи терроризм, таҷовуз, сар буридан, қамчинкорӣ, қатъи сари қудрат омадани ҷоҳилону палидон, қатъи таҷовуз ба мулки ҳамсоя, қатъи пуштибонии ҷанг дар Афғонистон, қатъи шикастани хомўшии ҷаҳониён дар фоҷиаи Афғонистон ин нуқта гузоштан ва қабул надоштани онҳо ба ҳамаи ин амалҳо дар дунёст.
Дар акси ҳол ҷаҳонро базудӣ айни ҳамин ҳоле интизор аст, ки имрўз дар Афғонистон аст!!!
Аморати исломӣ дар як кишвар қарор нахоҳад гирифт.
Нақшаи ин аморат (хонда шавад - касофат) дунёгирист.
Чун "Аморат" маънои як давлатро надорад.
Кишварҳои ғарбӣ ва аврупоӣ, Россия ва Осиёи Марказӣ ин қадамҷои баъдии ин хабисон хоҳад буд.
Фоҷиаи Афғонистон як ҷанги ин мардум нест. Он аввалин пойгоҳи расмии терроризм барои оянда тамоми ҷаҳонро гирифтан аст. Ин хатар, хатари ҷаҳон аст.
Ҳар касе гумон дорад, ки ҷанги акнуни Афғонистон чун солиёни пешин дар ҳудуди он боқӣ хоҳад монд, иштибоҳи таърихӣ хоҳад кард.
Гурўҳҳои террористие, ки дар ҳоли ҳанўз эътироф нашуданд, ин қадар қатлу таҷовузу ситам мекунанд ва ягон қавонини умумибашарӣ ё мусулмониро риоя намекунанд, фардо, агар чун давлат эътироф шавад, қудрати ҷаҳолатро алайҳи маърифат ба дасти хеш мегиранд ва тамоми дунёро ҳамсони худ кардан мехоҳанд.
Абарқудратҳои олам бояд бидонанд, ки ин шабакаи террористӣ дар ҳама кишварҳои онҳо ячейкаҳои хешро созмон додаву "мина замедленного действие" гузоштаанд.
Нигоҳи бефарқ ба амалҳои террористии имрўз роҳкушойӣ ба ин фоҷиаи асри нав барои фардост!
Имрўз як духтари таҷовузшудаи афғон садо баланд мекунад, то фардо духтарони шумо дар ҷойи ў набошанд.
Биандешед, ай дунёи гўё ҷодушуда дар қиболи чаҳор ваҳшии мағзшустаи мактабҳои покистонӣ.
Агар шумо ҳамин "ислом"- и террористиро, ки то дирўз хавфатон аз он зиёд буду ҳар рўз ҷор мезадед, ки бар муқобили онед, имрўз осуда тамошо мекунед, пас онро ба наздикӣ дар ҷон, хонадон ва хоки худ хоҳед дид.
Имрўз як писари сисолаи афғон ба шумо дарси муқовимат дар баробари ноадолатиро медиҳад.
Афғонистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст. Пас афғонкушӣ ягон узви ин созмонро ба дард намеорад? Марги ҳамон садҳо эъломияҳову созишномаҳои дурўғинатон!
Куҷост ҳуқуқи инсон, куҷост он қавонини башардустии афсонагаштаатон?
Боз чӣ қадар генотсид амалӣ шавад, ки баъд проектҳои шумо ба кор медароянд?
Шумо пеши таърих ва ояндагон барои имрўз чӣ ҷавоб мегўед?
Мегўед, ки мо ҳақему мудохила надоштем? Ё мегўед, ки хоки ин пораи дунё ҳанўз аз хун лой нашуда, ки дилҳоятон тар шавад?
Шумо баъди ин ҳаққи дар бораи аҳли башар сухан гуфтанро доред?
Ҳар соати ҷанг барои он кишвар ҳазорон маргу харобӣ меорад.
Садҳо наворҳои сарбурӣ далели он нест, ки шумо ҷаҳолати толибро бовар кунед?
Эътироф накардани шуморо имрўз ин ҳукумати лухтакҳои пашмину чиркину бесаводу мағзшустаи Покистон ба як пайса намегираду фардо онҳо ба қонунҳои байналмилалӣ итоат мекунанд?
Ҳанўз, ки дери дер нест, барои ояндаи мардуми худ, кишварҳои хеш ва ояндаи ҷаҳон биандешед, то ин фоҷиаро бар сари башарият нарезед!
Садои аз шиддати дард, ранҷ, ваҳшат ва нокомиву дасткўтаҳӣ пеши ин ҷанги миллаткуши толибон гирифта ва дар гулў дарнамондаи ин духтарак, садои дили миллионҳо ҳамватанонаш ҳаст, ки дод аз ҷабру ҷафои толиб мегўянд.
Садои гиряи занҳои ҳамовозаш садои миллионҳо модарони фарзанд гум кардаву дар таҳлукаи гум кардан аст.
Магар шумо ин садоро, ки бешак дар интернет шунидаед, фаромўш мекунед?
Магар шаб хобатон мебарад, баъди дидану шунидани садои ин духтар, ки мегўяд: «Толиб бо яроқ омаду бо лату кўб бо ман муомила ва таҷовуз кард…». Магар ин фарёди ғазаб шаб мегузорад, ки хобатон бибарад? Магар дар ин ҷодае, ки ўро номуси аз дастрафтааш ва дар натиҷаи он ба сарҳади ҷунун расидааст, масъала ва дарди Ватанаш овардааст, шуморо ба андеша водор намекунад, ки ҷойи ў метавонад духтар ё набераи шумо бошад?
Президенти Амрико бешармона аз он лоф мезанад, ки: «Агар тайёрааш дар Тоҷикистон ҳам мебуд, мардум ба чархҳои он часпида ба Амрико меомаданд…». Ин чи гуфтаи ғайрдипломатӣ ва бедардона аст!
Чиро дар назар дорад, ин сиёсатмадори як кишварро ба коми ваҳшат ва марг тела дода, худ бо парвоз ба Ватани ободаш баргаштааст.

Магар ин ҳушдорест ба Тоҷикистон?
Мазмун, ман дар ҳамсоягии шумо оташе дар додаам, ки сўхтораш бароятон беасар нахоҳад буд? Магар ин таҳдид ба Россия аст?
Ё суханҳои дилсўзонаи Пешвои миллати мо барои ғамшарикӣ ва оини ҳамсоядорӣ кардан ба афғонистониён гуфта шуд, ба ин абарқудрати бодӣ хуш наомад? Чӣ паёмест, ки ў инро бе ягон хиҷолат ироа мекунад? Магар аз нигоҳи демократия ин тарзи рафтор ва хоса ин гуфтор қобили қабул аст?
Ё барои ин абарқудратҳо аз номи ислом даҳшат афкандан "кайф" дорад?
Чанд рўзест дар интернет аксу далелҳои ҷангиёни давлатҳои бегона дар сафи Толибон паҳн мегардад, чаро вокунише нест? Куҷоянд соҳибони он парчамҳои қатори СММ, ки бо ҳам аҳди муштараки нигаҳдории амниятро дар ҷаҳон алайҳи терроризм доранд? Терроризм, магар ин ҳамарўза ҳаводиси сари мардуми Афғонистон нест?
Магар аз 35 миллион мардуми бумии Афғонистон, ки шояд 34 миллионаш ҳукумати толибонро намехоҳад, ҳақи талаби хостаҳои хешро надоранд?
Эй сиёсатмадороне, ки бар идеологияи сиёсати хеш арҷ намегузоред, аз ин пас, кӣ бояд ба шумо бовар кунад?
Ё магар мафҳуми «демократия» барои манофеи имрўзи шумо маънияшро дигар кардааст?
Магар зўран ишғол кардани як ҷумҳурии исломӣ дар пеши чашми шумо то ба ин дараҷа бераҳмӣ кардани ин гурўҳи дар ҳама ҷо мамнўъ, барои шумо боиси нороҳатӣ нест?
Сўхтор дар як минтақа аст, фардо он доман паҳн мекунад ва хомўш карданаш душвортар мегардад. Агар бар мардуми Афғонистон намеандешед, ба худ биандешед! Ва бидонед, ки баргашт ба хилофатҳо танҳо афсона асту халос!
Ҳуриниссо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: