Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » “ИДЕЛОГИЯ” -ҲАҚОРАТ?”

“ИДЕЛОГИЯ” -ҲАҚОРАТ?”

17-08-2020, 11:09
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
“ИДЕЛОГИЯ” -ҲАҚОРАТ?” Ахлоқ [/right]

Касоне, ки ақаллан аз алифбои жуналистика бохабаранд, медонанд, ки рӯ овардани муаллиф ба дашном, таҳқир ва паст задани мухотаб дар мақола танҳо ва танҳо ду сабаб дорад:
Сабабаи якум: кинаи шахсии муаллиф ба мухотаб ё сужаи мақолааш;
Сабаби дуюм: нотавонии муаллиф дар баёни андеша ва исботи он.
Ин ҷо сухани пурҳикмати шоир Хайрандеш хеле бамаврид аст, ки “Ҳар мард, ки ҳақорат мекунад, номард аст”.
Бале, таҳқир аслан аз ноилоҷии исботи андеша ва собит кардани афкор дар журналистикаи маҷозӣ ахиран ба жанр табдил шуда истодааст. Зеро дар нашрияҳо ба он роҳ дода намешавад. Риояи ахлоқ ва дигар қавонини кишвар ҳатмист. Таҳқири шахс ҷазо дорад ва инро ҳар як журналисти профессионал медонад.
Ҳарчанд ин ҷо вожаи журналистикаро истифода кардан ҷойиз нест. Вале аз кӣ бинолем, ки онро ба ғайр аз фейкҳо, ки номаълум аст, чи махлуқеанд, пушти номҳои дигар, бо ному насаби худ бештар журналистон касб кардаанд. Бадбахтона.
Зеро журналистика дар тамоми давру замон қувваи пешбарандаи идеологӣ ё афкории ҷомеа буд. Журналистика ба мардум на танҳо хабару рӯйдоду таҳаввулотро мерасонд, балки нақши ахлоқиву тарбиятгарӣниз дошту дорад. Шахси рӯзномахон нафари босаводу пешқадами ҷомеа ва бохабар аз тамоми навгониҳо буд. Онҳое, ки радио гӯш мекарданд, аз авзои олам бохабар буданд. Нафароне, ки телевизионҳои дигар кишварҳоро ҳам тамошо карда барномаҳоро бо дигар забонҳо мефаҳмиданд, ҳатман муосиртарин андешаҳоро ба дигарон пешниҳод мекарданд. Ин ҳама хидмати журналистика дар ҷомеа буд.
Дар журналистика ҳақорату дашном як тараф, ҳатто ба тавҳин ва сухани номуҳтарамона набояд роҳ дода шавад. Ин як нуктаи мусаллам ва дар эҷод пазируфташудааст, ки агар мехоҳӣ, хонанда қаҳрамони асаратро “хуб” ё “бад” гӯяд, худат ӯро хуб ё бад нагӯ, балки тавре дар борааш бинавис, ки (агар ҳунар дорӣ) худи хонанда дар охир бигӯяд, ки ӯ “хуб” аст ё “бад”. Танҳо дар чунин ҳолат аст, ки хонанда ин хулосаро мепазирад, чунки хулосаи худаш аст, на илқои журналист.
Мутаассифона, имрӯз баъзе ҳамкасбон фикр мекунанд, ки агар онҳо касеро дар навиштаашон ҳақорат карданд, дигар тамом, обрӯи он бадбахт мерезаду инҳо ҳам ба “ҳадаф” мерасанд (ва хеле ҷои таассуф аст, ки баъзе журналистони хушном ҳам ба ин “сабк” рӯ овардаанду насли ҷавони журналистон инро ҳамчун як “меъёр” қабул ва такрор карда истодаанд). Не, азизон, хонандаи имрӯз ҳушёр аст. Дар ихтиёраш чандин манбаъ дорад. ӯ аз тарзи баёни шумо пеш аз ҳама худи шуморо баҳо медиҳад. На мухотаби шуморо ва на сужаи интихобнамудаатонро. Як бор ба шарҳи (коммент) зери навиштаҳои ҳақоратборатон нигоҳ кунед, инро мефаҳмед.
Хидмат ё обрӯрезӣ
Ба онҳое, ки аз як аккаунт бо номи худу аз 20-тои дигар бо номи мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба туҳмату бадгӯи нисбати давлат ва миллати мо мепародозанд, дар поён хоҳем гуфт. Аниқтараш, ба беахлоқии онҳо, ки мусаллам аст, коре надорам. Онҳо «вазифа»-и худро анҷом медиҳанд, то ноне ба даст оранд (ҳоло ҳаром ё ҳалол будани ин нон бимонад барои баъд). Фалсафаи вуҷудии онҳо ба ҳайси рақиби сиёсӣ ҳамин туҳматноманависиҳост ва агар ин корро накунанд, пас чӣ кор кунанд, ки дигар ҳеҷ чизи сазовор барои пешниҳод надоранд.Ҳарчанд таҷрибаи муборизаҳои сиёсӣ ин тарзи бархурди бадахлоқонаи рақибонро ёд надорад. Рости гап, ҳамин дашном доданашон ҳам “бад” нест, чунки сатҳи маданиятшонро нишон медиҳаду суханашонро барои аҳли маънӣ бетасъир месозад.
Аммо сухани ман бо онҳоест, ки аз номи ҳомиёни давлатдории тоҷикон ва бониёни идеяи миллӣ вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мешаванду гоҳе сатҳи худро чунон пойин мебаранд, ки аз ҳамон гурӯҳи аввал, фарқ карданашон душвор мегардад.
Агар фикр мекунед, ки бо дашному ҳақорат маърифати худро ба намоиш мегузоред, хайр. Агар фикр мекунед, ки мубоҳисони мухолифи худро метарсонед ва хомӯш месозедин ҷо иштибоҳ мекунед. Онҳо, баръакс, ҳассостару пуррӯтар мешаванд, чунки шумо бо аз байн бурдани шаҳомати худ, ба сатҳи онҳо мефароед ва онҳоро берӯтар месозед ва мантиқан барояшон ҳақ медиҳед, ки чунин бошанд. Ва агар (кош, ман хато кунам) фикр меунед, ки бо ин гуна “ҳуҷумҳо” болои мухолифони давлат, худро ба давлат наздик месозед, ман, ки наметавонам аз номи давлат суҳбат кунам, аммо мантиқ тақозо мекунад, ки бояд ин роҳи наздикшавӣ ба давлат набошад. Давлат ниёз ба хешонидаи соҳибмаърифат, хушахлоқ, сиёсатмадор ва бофарҳанг ниёз дорад.
Охир ватандӯстӣ дар тамаллуқи бепоя ва садоқат дар таҳқири бешармонаи касони ба андешаи шумо номувофиқ нест.
Давлат ва ҳукумат барои бақои худ ва барои исботи ҳаққонияти худ дар баробари чаҳор бесарупо ҳеҷ ниёзе ба ин гуна мавқеъгириҳои пур аз дашному ҳақорат надорад. Бале, давлат ҳамеша ба инсонҳои бедор, равшанзамир, бохирад ва назарияпардоз ниёз дорад, аммо лутфан дарк намоед, ки ин ниёз ба ақлу ҳушу заковати шумост, на ба дашному ҳақорати шумо.
Аз кай ҳақоратҷанги фазои иттилоотӣ муайянкунандаи идеология шуда?
Аз кай мавқеи шаҳрвандӣ бо дашному тавҳини дигарон муайян карда мешавад?
Ин рафторҳои ҳамкасбони "номдор"- и мо таъсири бади худро аллакай нишон дода истодааст.
Як гурӯҳе, ки ҳар як ҳарфашон исботи ба фарсахҳо дур буданашон на танҳо аз сиёсати давлатӣ ва дарки моҳияти он, балки аз дониш, одоб, ахлоқ, маърифат ва рафторҳои оддии тоҷикист, имрӯз бо гузоштани акси роҳбарияти сиёсии давлат, бархе даст мезананд ба ҳақорату дашном. Ман ба ҳайси як хонандаи ин шабакаҳо, ки ҳамеша дар нашрияҳои сиёсӣ кор кардаам ин тарзи бархурдро маҳкум мекунам.
Магар ин аст, роҳи муборизаи идеологӣ, роҳи тарғибисиёсат, роҳи посух гуфтан ба рақибони сиёсии давлат, ки онҳо бо роҳи дигар зӯрашон намерасад ва бо ҳақорату тӯҳмат, паст задану бадном кардан даст задаанд.Магар мо низ чун онҳо ғайбатчиву тӯҳматгар бошем?
Масъалаи дигар ин аст, ки агар шумо беодобед, пушти акси худ ин ҳақоратҳоятонро бирезед. Чаро бархе хоса ҷавонони камсавод пушти аксҳои Президенти кишвар, ё пушти сурати гулу бутта, ҳайвонот ва биноҳо пинҳон шуда бо навиштаҷоти хеле бесаводона гӯё садоқати худро ба ҳукумат ё муҳаббати худро ба Ватан нишон доданӣ мешавед? Чаро акси худатонро намегузоред? Яъне шумо ё тарс доред, ё аз чунин навиштаи бемаънову пуриштибоҳатон шарм мекунед. Вале боре намеандешед, ки бо он ки аз сиёсат дуред, роҳҳои муборизаҳои сиёсиро намедонед, ё саводи казоии баҳсу мунозира надоред, пас хомӯшии шумо аз чунин тарзи мубориза беҳтар аст.
Биёед саре бизанед ба андешапароканӣварафторҳоимаҷозиёнихудиву "душман", ки фазоро олуда ва пуртаҳқир кардаанду акнун ҳар як ҷавони имрӯзу фардо таҳқирро шояд роҳи имубориза пиндорад? Ҷавонон бояд бидонанд, ки ҳеҷ як оппозитсияи ягон кишвар барои ҳарфи худ, гуфта ё ваъдаи худ ҷавобгар ё посухгӯ нест, аз ин рӯ ҳар чи , ки хост мегӯяд, яъне мағз мешӯяд.
Истиқлолиятинозодӣастваякеазмуҳимтарин унсури озодӣинозодииафкораст. Яънеинсонбароибаёниандешаихудозодаст. Баъдибаёнификраш тибқи қонунгузорӣ таҳдидватаҳқирнамешавад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро нафаре ба худ иҷоза медиҳад, ки дигареро таҳқир ва таҳдид бикунанд. Магар дар ҳоле, ки одамон аз қонун ҳимоя талаб мекунанд, чаро аз худ суол намекунанд, ки уҳдадории хешро барои риояи қонун чи тавр иҷро намекунанд? Хоса, агар ин қонун боз аз ахлоқ сарчашма бигирад?
Агар рақибони мо як тудае ҳастанд, бар зидди ҳукумат мубориза мебаранд, шумо (мо) ҳомиёни ин сиёсат бояд бо сатҳи волои мубоҳисаҳои сиёсӣ, бо таҳлил, далел ва заковату дониши худ онҳоро мулзам кунем. На бо ҳақорати фаҳштаре аз онҳо.
Агар дар қиболи ҳар тӯҳмату сақати онҳо бо исботу далел бо роҳи маърифату бо арқоми раднашаванда посух бигӯем, собит мекунем, ки онҳо кистанду мо кӣ?
Мардум бошад, ба дарки далелҳои мантиқӣ, албатта андешаи солимро интихоб мекунад.
Дар тамоми олам дӯстиву душманӣ, рақобату муборизаҳои мафкуравӣ, таззодҳои мазҳабиву динӣ ва муборизаҳои ошкорои сиёсӣ дар ҳар давру замон буд ва боқӣ мемонад.
Аммо чунин шакли рақобатро, ки фоҳиштарин гуфтор дар бораи рақиб нишони ғолибият маҳсуб ва тарғиб гардад, танҳо дар замони рушди интернет метавон дид.
Боз мо менолем, ки насли нав ахлоқ надорад, мактабу муаллимро эҳтиром намегузорад, волидонро писанд намекунад ва калонсолонро эҳтиром намесозад, забонаш кӯчабозорист. Аммо намеандешем, ки ин насли интернетӣ ҳар лаҳза аз навиштору гуфтори мо, бале аз худи мо- зиёиён чӣ меомӯзад?


Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: