Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТИ ҶАҲОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТОҶИКИСТОН

ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТИ ҶАҲОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТОҶИКИСТОН

10-04-2019, 11:08
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТИ ҶАҲОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ТОҶИКИСТОНБаровардасозии манфиат ба василаи терроризм ва экстремизми динӣ барои қудратмандони давр ва тоҷирони маводи нашъаовар, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи истеҳсоли силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, савдогарони нафти хому дигар захираҳои табиӣ ба як стратегияи омӯхташуда табдил ёфтааст. Терроризм ва экстремизми динӣ ҳанӯз дар солҳои аввали қарни ХХI дар ҷаҳони Ислом санҷида шуд ва таи солҳои 2000-ум ин ҳолат ба вабои Ислому дар умум инсоният мубаддал гардид. Аммо вазъи имрӯзаи геополитикаи ҷаҳонӣ исбот намуд, ки ташкили терроризму экстремизм дар доираи дигар динҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ бахусус дини масеҳӣ низ дар ҳоли санҷиш қарор дорад ва аввалин кӯшишҳои омезиш додани дини масеҳӣ ба сиёсат баҳри манфиатхоҳон ва тартиб додани стратегия натиҷаи дилхоҳ ба бор меоварад. Бо ин ҳол аз воқеият дур нест, ки дар солҳои начандон тулонӣ дар заминаи дигар динҳо низ гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ташкил нагардад.
Интиқол ёфтани як шохаи парокандаи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” ба кишвари ҳаммарзи мо Афғонистон, як қатор коршиносон ва сиёсатмадорони ин минтақаро ба ташвиш овардааст. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки таҳвил ёфтани ҷангиёни гурӯҳи номуваффақи “Давлати Исломӣ” ба кишвари Афғонистон маҳз ҷиҳати ноором кардани минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо бархе аз коршиносони дигар ин ҳама гуфтаҳоро иддао ва амали иғвобарангезона мешуморанд. Вобаста ба ин масъала суҳбате доштем бо Фаёзулло Баротзода, Директори маркази Исломшиносии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба назари Шумо Созмони террористӣ - экстремистии “Давлати Исломӣ” чӣ гуна тавонист вориди Ҷумҳурии Афғонистон шавад ва ҳузури онҳо дар ин мамлакат то куҷо ба амнияти минтақа таҳдидовар аст?
- Ҳарчанд дар охири соли 2017 инфрасохтори асосии Созмони террористӣ - экстремистии “Давлати Исломӣ” дар қаламрави кишварҳои Ироқ ва Сурия барҳам хӯрд, вале таҷриба ва гузашти соли 2018 нишон дод, ки ҳанӯз ҳам нерӯҳои парокандаи ин Созмони террористӣ ҳам дар қаламрави ин кишварҳо ва таъсиргузории онҳо, инчунин дар кишварҳои Ховари Миёна ва мамлакатҳои арабии шимори Африқо, интиқол ёфтани пайравони он аз Ироқ ба Эрон ва аз ин кишвар ба Афғонистон як хатари ҷиддие барои амнияти ҷаҳон ва минтақа ба миён овардааст. Таъсири номубораки неруҳои боқимондаи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” ва ҳамкории онҳо бо созмонҳои ҷиҳодӣ дар қаламрави Афғонистон ба мисли ҳаракати “Толибон” ва дигар гурӯҳҳои хусусияти мазҳабиву ифротгароидошта, ки шумораи онҳо дар Афғонистон наздик ба 100 адад мерасад, воқеан ҳам дар сиёсати дохилии ин мамлакат ва ҳам ба амнияти бисёр кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон таҳдидҳо ба миён овардааст. Вақте Созмони террористӣ - экстремистии “Давлати Исломӣ” дар қаламрави Ироқ ва Сурия ба шикаст рӯ ба рӯ шуд, табиист, ки ҷангиёни он аз паи ҳифозати ҷони худ шуданд. Ба сафи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” аз дисёр мамлакатҳои ҷаҳон бахусус аз қитъаи Аврупо, Африқо, Осиё гумроҳон гирд омада буданд. Мувофиқи иттилооте, ки мавҷуд буд, қисми бештари он нафароне, ки пайвасти ин гурӯҳои ҷиноӣ мешуданд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худро аз даст медодаанд. Аз ин ҷиҳат, баробари саркӯб шудан онҳо ба гурӯҳҳои алоҳида пароканда шуданд. Имрӯз мо мебинем, ки дар минтақаи марзии Туркия бо Ироқу Сурия ин гурӯҳҳо амал мекунанад. Як теъдоди дигар тариқи баҳри Миёназамин вориди кишварҳои Аврупо шудаанд, теъдоди дигарашон тариқи канали “Суэтс”, ки баҳри Сурхро бо баҳри Миёназамин мепайвандад, ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Либия ворид гардиданд. Инчунин қисми дигар барои идома додани фаъолиятҳои ҷангӣ вориди кишвари Яман шуданд. Аммо як теъдоди муайяне, ки шаҳрвандони Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд онҳо ҷони худро ҳифозат намуда, Ҷумҳурии Афғонистонро баҳри худ макон ихтиёр карданд.
Бо ин ҳама таҳдидҳо, ба андешаи Шумо, имрӯз макомоти қудратӣ ва марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавони ҳифозати марзро доро ҳастанд?
- Албатта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти худ қудрат ва тавоноӣ дорад, вале масъала на танҳо мушкили Тоҷикистон аст, балки вазъи ноамни Афғонистон ва ҳузури гурӯҳи парокандаи ба ном “Давлатӣ Исломӣ” тамоми минтақаро таҳдид менамояд. Ба ин хотир, бояд дар умум мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тамоми тадбирҳои амалиро рӯи даст бигиранд, то ҳамин гурӯҳҳо, ки дар ҳолати парокандашавӣ қарор гирифтаанд, нобуд гарданд ва имкони ба ҳам муттаҳидшавӣ дастёб нагардад.
Муҳақиқон бар он назар ҳастанд, ки имрӯз дар ҷаҳон суистифода намудан аз арзишҳои адёни ҷаҳонӣ ва омезиш додани онҳо ба сиёсат дар ҳоли санҷиш қарор дорад ва дур нест, ки ба зудӣ дар доираи динҳои дигар низ нооромиҳо ба миён ояд. Назари Шумо дар ин мавзӯъ чӣ гуна аст?
“Акнун дар сиёсати ҷаҳонӣ марҳилаи сӯиистифода кардан аз арзишҳо ва муқаддасоти динҳои дигари ҷаҳонӣ низ огоз гардидааст. Чунин ҳолатҳо имрӯз ба ҳама бошандагони ҷаҳон аён мебошад. Мисоли он ҳаводиси охир дар Амрикои лотинӣ, хусусан буҳронӣ шудани вазъият дар кишвари Венесуэла мебошад. Вазъ нишон медиҳад, ки ангезаи асосии мухолифини ҳукумати конститутсионии имрӯза низ дар заминаи гӯёо паймол кардани арзишҳои пайравони равияи католикӣ аз ҷониби гӯи ҳукумати ҳангоматалаби ин кишвар “пешниҳод” гардид. Баҳонаҷӯӣ дар атрофи масъалаи диниву эътиқодӣ имрӯз кишвари Венесуэларо ба ду қисмати муқобил ҷудо кард. Дар масалаи шинохти терроризм ва экстремизми динӣ ва дар самти мубориза алайҳи он бархӯрди дуҷониба мавҷуд аст. Нерӯҳои манфиатдор акнун дарк намудаанд, ки бо таҳрик додани муқаддасоти эътиқодӣ ва динии мардум ба даст овардани мақсадҳо ё ба истилоҳ, “обро лой намудану моҳӣ доштан” осон гардидааст. Бо ҳамин мақсад, дар ҷаҳон нахуст таи солҳои 2011 ин иқдомро дар муносибат ба кишварҳои ҷаҳони Ислом огоз намуданд. Ҳамагон шоҳиданд, ки дар соли 2011 ин нооромиҳо нахуст дар кишвари Тунис огоз гардиданд ва ин зуҳурот бо номи “Баҳори арабӣ” кишварҳои зиёди мусалмониро сироят намуда, боиси нооромиҳо дар олами ислом гардид.
Дар охир мехостем хитоби Шуморо ба пайравони дини Ислом, ки маҳз бо дасти худ Исломи нобро догдор намудаву миёни сокинони сайёра ҳамчун дини террористӣ вонамуд кардаанд, шунида бошем.
- Шумо тасаввур кунед, ки барои ба даст овардани обруву эътибор як шахс, як гурӯҳ, як созмон, як ҷомеа, як давлат бояд чӣ қадар меҳнат кунад. Вақте, ки дар сатҳи фазои иттилоотии ҷаҳонӣ низ ба ин ё он масъала саҳлангорӣ мешаваду кор аз кор мегузарад, ба воқеияту шинохти аслии ҳол баргардонидани он кори саҳлу содда нест. Ба ин хотир бояд кишварҳои исломӣ барои барқарор намудани арзишҳо ва муқаддасоти воқеан милливу ватандустиву инсонпарвараона доштани ислом чандин даҳсолаҳо кӯшиш намоянд.
Дар воқеъ, ҷомеаи ҷаҳонӣ худ шоҳид аст, ки ба сиёсат омезиш додани дин, эътиқоду боварии мардум ва ташкили терроризму экстремизми динӣ чӣ гуна балоҳоро миёни башарият ба бор овард. Аммо манфиатхоҳон то ба ҳол нафси ваҳшиёнаи худро тариқи қатлу куштор қонеъ насохтаанд. Бо роҳандозӣ гардидани стратегияи баровардасозии манфиат аз эътиқоди пайравони динҳои дигар амали нангиновар боқӣ мемонад. Гумон меравад, терроризму экстремизми динӣ дигар идоранашаванда хоҳад буд. Хитоб он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сари ин масъала бояд биандешанд, вагарна дер хоҳад шуд.
Суғдмеҳри Маъруфзод
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: