Сюзен М.Эллиотт: «Дар ягон масъала мо бо Тоҷикистон мухолиф нестем!»15-02-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 397 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи 25 декабри соли 1991 Иёлоти Муттаҳидаи Америка аз аввалин кишварҳои дунё истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуд. Шурӯъ аз ҳамон сол кишварҳои моро риштаҳои муносиботи гуногунҷабҳаи мазбут ба ҳам мепайванданд, ки бозгӯ аз сиёсати оқилона ва дурандешонаи ҳар ду ҷониб мебошад. Дар остонаи таҷлили 24 солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бо собиқ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сюзен М. Эллиотт сӯҳбате доштем, ки ҳоло манзури шумо мегардонем:
Хонум сафир, Америка аз шумори аввалин кишварҳоест, ки истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтааст. Аз он рӯз инак 24 сол гузашт. Имрӯз Шумо сатҳи муносиботи дуҷонибаро чи гуна арзёбӣ мекунед? -Шумо дуруст қайд намудед, ИМА аз аввалин кишварҳои дунё буд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намудааст. Агар ба таърих назар андозем, моҳи марти соли 1992 дар меҳмонхонаи «Авесто» аз ҷониби намояндаи муваққатии ИМА дар Тоҷикистон Эдмунд Маквилямс сафорати мо ифтитоҳ шуд, ки мутаассифона дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ муваққатан баста шуда буд. Соли 1993 нахустин сафири ИМА дар Тоҷикистон ҷаноби Стенли Эскудеро ваколатномаи сафириашро ба Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмонов супорида буд. Аз ҳамон вақт муносиботи дипломатии мо оғоз мегиранд. Имрӯз сатҳи муносиботи муштарак миёни кишварҳои мо дар ҳолати хеле хуб қарор дорад. Давоми 3 соле, ки ман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сафир фаъолият дорам, мушоҳида кардам, ки муодилоти мо дар ҷабҳаҳои гуногун ба самти мусбӣ тағйир пазируфта ва ин раванд идома дорад. Таваҷҷуҳи ИМА ба Тоҷикистон зиёд гашта, дар бисёр масоили минтақавиву ҷаҳонӣ нақши кишвари шумо афзун гашта истодааст, ки бозгӯ аз сиёсати дурусту оқилонаи ҳукумат аст. Масалан, чанд рӯз қабл ба Тоҷикистон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии ИМА генерал Ллойд Остин ташриф оварда, бо Президенти Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Дар бисёр масъалаҳое, ки мавриди назари ҳар ду тараф қарор гирифтанд-амнияти минтақавӣ, мубориза алайҳи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва амсоли ин ҷонибҳо омодагии худро ба ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум изҳор намуданд. Бояд гуфт, ки дар доираи масъулияти генерал Остин кишварҳои зиёд, азҷумла Сурия, Ироқ, Либия, дигар кишварҳои Шарқи Наздик ҳастанд ва ташриф овардану мулоқот намудан дар масоили амниятии ин минтақаи паҳновари сайёра бо Президенти шумо нишонаи он аст, ки нуфузи Тоҷикистон солҳои ахир рӯ ба афзоиш аст ва мо нуқтаи назари кишвари шуморо муҳим мешуморем. Равобити тарафайн судманди мо дар ҳоли рушду густариш ҳастанд ва итминони комил дорам, ки он боз ҳам мустаҳкам хоҳад гардид. Ҳадафҳои Иёлоти Муттаҳидаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон низ дар он ҷойгир аст, шарҳ диҳед. -Ҳадафҳои аслии Иёлоти Муттаҳида дар минтақа тақвияти сулҳу субот ва амният, рушди иқтисодиёти кишварҳои он ва таҳкими демократияву мардумсолорӣ мебошад. Мо дар пиёдасозии ин самтҳо барномаҳои зиёд дорем ва пайи амалӣ намудани он ҳастем. Ин барномаҳо на танҳо ҷавобгӯ ба ҳадафҳои мо, балки ҷавобгӯ ба аҳдофи тамоми кишварҳои минтақа ҳастанд. Аммо маҳз ҳамин вожаи «таҳкими демократия» аз забони ИМА имрӯз бисёр кишварҳоро ба ҳарос овардааст, чун онҳо онро ҳамчун мудохила ба корҳои дохилии худ медонанд ва ба сони таҳмили зӯроварона қабул доранд… Бигӯед, ки ин тарсу ҳаросро асосе ҳаст ва раванди рушди «демократияи асил» чи гуна бояд бошад? -Нисбати «тарсу ҳарос» чунин гуфтаниям, ки агар дар кишваре, ки унсурҳои мардумсолорӣ риоя мешаванду ҳукми қонун доранд, чунин ҳиссиёти ногувор зоҳир намегардад. Ин таблиғотест, ки режимҳои худкомаву тоталитарӣ барои ҳифзи ҳукмрониашон парчами худ кардаанд, ки гӯё «демократия бо роҳи зӯроварӣ метавонад таҳмил бигардад» ва аз ин як аъҷубае сохтааанд. «Таҳмили демократия бо истифодаи зӯроварӣ» на беш аз як маводи тарғиботиест, ки акнун зери ливо онро гурӯҳҳои сиёсии муайяни қудратталаб дар баъзе кишварҳои олам «барномаи корӣ»-и худ кардаанд. Кишварҳои дорои институтҳои демократӣ сари ин ягон ҳарос надоранд ва озодона дар ҳоли рушд ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, дорои Президент, ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобгардида, парлумони касбӣ ва Сарқонуни мутобиқ ба тамоми меъёрҳои демократӣ мебошад. Кишвар ҳамагӣ 24 сол дорад ва дар давлатдорӣ такя ба қонуниятҳои демократӣ он қадар таҷрибаи калон надошта бошад ҳам, хушбахтона мебинем, ки дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас ноил шудааст. Ҳамагӣ 25 сол пеш кишвари шумо яке аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ буд, ки дар ҳолати мавҷуд набудани демократия дар сохтори тоталитарӣ ба сар мебурд ва ин дастовардҳо дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ шоёни таҳсин ҳастанд. Ба демократия ҳамчун ба як ҷараёни мусбӣ бояд нигоҳ кард. Дар он ҷое, ки демократия ҳукмфармост, ҳуқуқу озодиҳои ҷомеаву шаҳрвандӣ тантана доранд ва давлат низ қавитар мегардад. Иёлоти Муттаҳидаи Америка 239 сол қабл дар асоси қонунҳои демократӣ ташкил ёфтааст. Ва бояд зикр намуд, ки шурӯъ аз он давра демократияи мо боз ҳам рушд кард. Масалан, дар Сарқонуни давраи ҳамчун давлати мустақил ташкил шудани ИМА ҳуқуқҳои танҳо шаҳрвандони сафедпӯст ҳимоя карда мешуд. Имрӯз қонунҳои ИМА ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми табақаҳои иҷтимоии кишвар-занон, аққалиятҳои милливу нажодӣ ва ҷинсиро кафолат медиҳанд. Вақте, ки мо имрӯз аз густариш ва рушди демократия сухан меронем ва ба шарикони худ барои роҳандозии унсурҳои демократӣ тавсия ва ёрӣ мерасонем, аз ин набояд тарсид, баръакс, бояд дарки онро намуд, ки ин амал баҳри рушди ҷомеа ва баробарии иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии инсонҳо равона шудааст. Ҳамкории ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод ва ҳарбӣ-техникӣ солҳои ахир чашмрас аст. Таваҷҷуҳи Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро дар густариши чунин ҳамкориҳо чи гуна маънидод мекунед? -Нақши муҳимро дар пиёда сохтани чунин ҳамкориҳо масоили амниятӣ мебозанд. Масъалаи ҳифзи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз умдатарин вазифаҳоест, ки сармашқи равобити мо қарор гирифтааст. Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад ва ҳифз кардану таҳти назорат нигоҳ доштани он воситаҳои техникии ҷадидро талаб мекунад, ки мо ба Тоҷикистон ёрии амалии худро дар ин самт мерасонем. Имрӯз Тоҷикистон дар пеши хати ҷабҳаи мубориза алайҳи терроризм ва гардиши маводи нашъаовар қарор дорад ва кӯмак расонидан ба он аз авлавиятҳоест, ки пешорӯи мо истодааст. Ин ба манфиати на танҳо Тоҷикистон ва минтақа, балки ба нафъи кулли мамолики сайёра аст. Дар дигар масъалаҳо, азҷумла масоили иқтисодӣ, мо бисёр барномаҳоро аз ҷониби ожонсии байналмилалии USAID дар ҷодаи таъмини амнияти озуқаворӣ, маорифу фарҳанг, тиб ва рушди иқтисодиёт роҳандозӣ мекунем, ки ба манфиати ҷонибҳост. Шумо Афғонистонро зикр намудед. Аз соли 2001, ҳангоме, ки ИМА ва қувваҳои эътилофӣ барои саркӯби ҳаракати террористии «Толибон» амалиёти ҳарбиро таҳти унвони «Озодии Шикастнопазир» оғоз намуданд, инак 14 сол сипарӣ шуд. Вале ҳоло мо мебинем, ки вазъи амниятии кишвар то ҳол мураккаб боқӣ мондаву ҳукумати марказӣ қудрати таҳти назорат нигаҳ доштани тамоми қаламрави онро надорад ва толибон дар бисёр вулусволиҳо худро роҳат ҳис мекунанд. Истеҳсолу гардиши маводи мухаддир низ тӯли ин замон бамаротиб зиёд гаштааст. Ин моро ба ташвиш нагузошта наметавонад, чун Афғонистон кишвари ҳамҷавори мост. Бигӯед, ки ИМА ахиран ба аҳдофи пеши худ гузошта дар ин кишвар расидааст ё на? -Қувваҳои амниятии байналмилалӣ ба хоки Афғонистон бо мақсади мубориза бо терроризм ва режими мустабиди «Толибон» ворид шуданд ва дар ин самт мо аз дастгирии сойири кишварҳои дунё, азҷумла Тоҷикистон низ бархурдор гашта будем. Шумо дуруст қайд намудед, имрӯз вазъи Афғонистон ноамн аст. Яке аз чизҳои муҳиме, ки барои субот лозим аст, ин мавҷуд будани ҳукумати қавӣ мебошад. Барои рӯйи кор овардани чунин ҳукумати мустаҳкам, ки тамоми қишрҳои мамлакатро муттаҳид хоҳад сохт, бояд намояндаҳои толибон аз амалҳои террористӣ даст кашанд ва дар ҷараёни сиёсӣ иштирок дошта бошанд. Аммо ман итминони комил дорам, ки вазъ нисбат ба 14 сол пеш хеле беҳтар шудааст. Нигоҳ накарда ба мушкилиҳои кунунӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Сатҳи саводнокии мардум, алалхусус ҷалби занону духтарон ба таҳсил бамаротиб афзудааст, соҳибкорӣ рушд пайдо намуд, ҳукумати бо роҳи демократӣ интихобшуда рӯйи кор омад- ҳамаи инро 14 сол қабл ҳатто тасаввур кардан аз имкон берун буд. Лекин имрӯз бисёр таҳдидҳо ҳастанд, ки онро бояд худи мардуми Афғонистон бо кӯмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳал кунад. Мақсади мо на пешбурди ҷанг, балки ба мардум ёрӣ расонидан мебошад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар ин самт бо мо ҳамақида аст. Қазияи Афғонистон роҳи ҳали низомӣ надорад, вале дар сӯи роҳи ҳали сиёсӣ боз аст. Мо дар ин кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гаштем, аммо моро ҳоло корҳои зиёд дар пеш ҳастанд. Бояд махсусан қайд намоям, ки дар ҳамаи он вохӯриҳое, ки мо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доштем, он кас ҳамеша ва қабл аз ҳама оид ба масъалаҳои вазъи Афғонистон ва мубориза алайҳи терроризм ва истеҳсолу интиқоли маводи мухаддир сухан меронд ва ӯ аз аввалин сарварони кишварҳои дунёст, ки сари ин таҳдидҳо аз минбарҳои баланд ҳушдор медод. Бозмегардем ба масъалаи равобити дуҷониба. Ҷумҳурии Тоҷикистон устуворона рӯ ба рушд аст ва кайҳост, ки минтақаи ноамн маҳсуб намегардад. Аз чӣ сабаб Америка-кишвари абарқудраттарин ва дорои иқтисоди бузургтарини ҷаҳон дар масъалаи сармоягузорӣ ба кишвари мо назар ба дигар кишварҳои абарқудрат- масалан Русияву Чин мафъул (пассив) аст? -Русияву Чин ҳамсояҳои Тоҷикистон ҳастанд ва имконоти бештаре дар самти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон доранд, магар он ки ИМА, ки он тарафи уқёнус аст. Ман ҳамчун сафир мехоҳам, ки дар иқтисодиёти кишвари шумо ҷалби сармояи америкоӣ зиёд бошад. Имрӯз якчанд ширкатҳои бузурги амрикоӣ, аз қабили Coca-Cola, силсилаи меҳмонхонаҳои Sheraton, Hyatt ва ғ. дар кишвар фаъолият доранд. Зикр бояд намуд, ки барои ширкатҳои хурду миёна фаъолият доштан дар сатҳи ҷаҳонӣ мушкил аст, аз ҳамин сабаб ҷалби сармояи бештар мураккаб мегардад. Мо тавассути барномаҳои худ, масалан лоиҳаи USAID ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мекунем, ки онҳо худашон соҳибкориро пеш гиранд ва дар рушди иқтисоди кишвар саҳмгузор бошанд. Мо ба соҳаи маориф маблағгузорӣ мекунем, чун агар сатҳи маърифатнокӣ зиёд бошад, ҷалби сармоя низ осонтар хоҳад шуд. Мисоли дигар, яке аз самтҳои асосии лоиҳаи USAID ислоҳоти замин аст ва чун агар қонунгузории Тоҷикистон оид ба истифодабарии замин бо қонунҳои ИМА наздик бошад, маблағгузорӣ дар ин ҷода осонтар сурат мегирад. Ман мехоҳам ва боварӣ дорам, ки оянда иштирок ва имкониятҳои ширкатҳои америкоӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон хоҳад афзуд. Шумо оид ба соҳаи маориф ҳарф задед. Барои он муҳассилини тоҷик, ки мехоҳанд дар ИМА идомаи таҳсил кунанд, чӣ тавсия медиҳед? -Мо барои муҳассилини тоҷик якчанд барномаву лоиҳаҳо дорем, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд. Яке аз ин лоиҳаҳо барномаи «идрорпулии хурд» аст, ки қариб дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон дастрас аст. Дар доираи ин барнома мо ба онҳое, ки имконияти омӯхтани забони англисиро надоранд, кӯмак мекунем. Ва дигар барнома ҳаст барои пешбинӣ, ки такя ба он хатмкардаҳои макотиб метавонанд бозомӯзӣ кунанд ва барои идомаи таҳсил ба Америка рафта, он муддате, ки хонданашон идома мекунад, дар хонаҳои шаҳрвандони америкоӣ зиндагонӣ кунанд. Ва на танҳо дар ИМА, балки дар кишварҳои Аврупо низ метавонанд таҳсилро давом бидиҳанд. Дигар ин ки мо марказҳои фарҳангии америкоӣ ва «гӯшаҳои америкоӣ» дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боз кардаем, ки дар онҳо дастрасӣ ба омӯзиши забони англисӣ ва шабакаи интернет муҳайё ҳастанд ва ин марказҳо барои онҳое равона шудаанд, ки мехоҳанд дар ИМА таҳсил кунанд. Имрӯз ягон масоили байналмилалие вуҷуд дорад, ки Америкаву Тоҷикистон дар диди он мухолифназар бошанд? -Ман фикр дорам, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки мо назарҳои мухталиф дошта бошем. Масалан, дар иқдомоти роҳандозӣ намудани созишномаи «5+1», ки барномаи ҳастаии Эронро фасл намуд, бисёре аз давлатмардони тоҷик изҳори қаноатмандӣ карданд, ки бо бардоштани таҳримот алайҳи Эрон равобити иқтисодии Тоҷикистон бо ин кишвар боз ҳам хубтар хоҳад шуд ва ин барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Мисоли дигари муносиботи хуби мо ин табрикоти бархе аз дӯстони тоҷики мо буд, аз барқарорсозии муносиботи дипломатии Америкаву Куба изҳори хушнудӣ карданд ва қайд карданд, ки ин ташаббуси хеле хуб аст. Такрор мекунам, ман ягон масъалаеро намебинам, ки сари он фикрҳои мо гуногун бошанд. Нисбати қазияи ҳастаии Эрон. Ба Шумо маълум аст, ки Тоҷикистону Эронро риштаҳои таърихии нажодиву забонӣ ва фарҳангӣ ба ҳам мепайванданд. Такя бар ин, бисёр тоҷикон ҳали қазияи ин кишвари ба мо наздикро хеле ҳассос қабул доранд. Бигӯед, ки сари ин масъала нигоҳи Шумо чи гуна аст? -Дар ояндабинии ҳали ин қазия нигоҳи ман нек аст. Аммо барои пурра фасл шудани он Эрон бояд тамоми талаботи Ожонсии байналмилалии оид ба энержии ҳастаиро иҷро намояд ва нозирони онро ба иншооти ҳастаии худ роҳ бидиҳад, то ки онҳо боварӣ ҳосил кунанд, ки Эрон сари сохтани силоҳи ҳастаӣ нест. Ғайр аз ин, роҳи мусолиҳатомези ҳали қазияи ҳастаии Эрон ба амнияти шарикони мо дар Ховари Наздик- Исроил, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои ҷойгузини минтақа таъсири мусбӣ хоҳад расонд, ки ин ҷавобгӯ ба манофеи ИМА мебошад. Дар сурати иҷрои тамоми бандҳои созишнома дари ҷомеаи ҷаҳонӣ барои Эрон боз аст ва кишвар метавонад ҳамчун узви комилҳуқуқи он рушди тозаро касб бикунад. Гарчанде суолот зиёд ҳастанд, аммо вақти Шуморо нахоҳем гирифт. Дар анҷоми сӯҳбат, бигӯед, ки муносиботи минбаъдаи кишварҳои моро чи гуна ояндабинӣ мекунед? -Хеле хуб. Ман дар ин масъала хушбин ҳастам. Муддати ин 3 соле, ки ман ин ҷо ба ҳайси сафир фаъолият дорам, бо қаноатмандӣ бояд зикр кунам, ки сатҳи муносиботи мо боз ҳам қавитар шудааст. Шумо қаблан суол додед, ки оё мо дар диди ягон масъала мухолифат дорем-агар чунин масъала иттифоқ уфтад, мо озодона сари он муҳокимаронӣ мекунем, ки ин бозгӯ аз сифати аълои равобити муштарак аст. Дар охир мехоҳам хонандагони ҳафтаномаи «Минбари халқ» ва кулли мардуми кишвари ба мо дӯстро бо рӯзи 24 солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям ва ба онҳо саломативу комёбиҳо орзу намоям. Ташаккур, хонум сафир, барои сӯҳбати пурмуҳтаво. - Ба шумо низ ташаккур. Мусоҳиб: Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.