Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ЧАРО “ЭЪТИЛОФИ ШИМОЛ” ШИКАСТ ХЎРД?

ЧАРО “ЭЪТИЛОФИ ШИМОЛ” ШИКАСТ ХЎРД?

26-08-2021, 08:59
Хабарро хонданд: 158 нафар
Назарҳо: 0
ЧАРО “ЭЪТИЛОФИ ШИМОЛ” ШИКАСТ ХЎРД?

Дар давоми чанд рўзи охир, Афғонистон шоҳиди таҳаввулоте шуд, ки бовар нокарданист: Пас аз ба дасти “Толибон” гирифтор шудани Муҳаммад Исмоилхон, яке аз фармондеҳони аршади ҷабҳаи ғарби Афғонистон, собиқ волии Ҳирот, ки бо унвони “Шери Ҳирот” маъруф буд, Ашраф ¬Ғанӣ ба Мазори Шариф шитофт ва бо маршал Дўстум ва Ато Муҳаммади Нур, ки аз фармондеҳони озмуда ва ҷангдидаи ҷабҳаи муқовимат бо Толибон маҳсуб мешаванд, мулоқоти махфӣ анҷом дод. Ашраф Ғанӣ мисли ҳамеша даст рўи сина ва бо нимтаъзими риёкоронаи худ ин ду “устод”, “қумондон”, “имперотурони шимол”, “амир соҳиб”, “марашалу ҷенерол” ва соҳиби ҳазор унвони дигарро итминон дод, ки “Мо бо шумо ҳастем, ман ёрӣ медиҳам ва “Толибон”-ро шикаст хоҳем дод. Шумо Мазори Шарифро доред, ман Кобулро”. Ин ду нафар “сутуни устувори Шимол” мисли кўдак фирефтаи гуфтаҳои Ғанӣ шуданд ва яке ваъда медод, ки “Аз Шимол “Толибон” зинда намераванд, ин ҷо қабристони онҳо хоҳад буд”, “Ҳатто шаҳид мешавем, вале тан намедиҳем” ва дигаре қасам мехўрд, ки “Ҳар ваҷаб замини муқаддаси шимоли Афғонистонро бозпасгирӣ хоҳем кард”... (Як рўз қабл аз ин моҷаро, вақте, ки яке аз роҳбарони ҷабҳаи муқовимати ҳазораҳо Алӣ Сарварро, ки ба кумаки Маршал Дўстум мешитофт, баъд аз ҳуҷуми ҳавопаймоҳои давлатӣ ба шаҳодат расид, дар саҳифаи фейсбукии худ навишта будам, ки мутаассифона Маршал Дўстум ва Ато Муҳаммади Нур ба доми фиреби Ашраф Ғанӣ уфтоданд ва қурбон мешаванд). Баъд аз як рўзи ин қасаму паймонҳо фармондеҳони соҳибартиш, ба унвони як фирориёни оддӣ аз хориҷи кишвар садо баланд мекарданд, ки ин “тавтеаи бузург” буд, “хиёнат” буд...
Отто фон Бисмарк нахустканслери Империяи Олмон гуфта буд: ”Ҳеҷ гоҳ бештар аз ин дурўғ намебофанд, магар дар замони ҷанг, баъд аз шикор ва қабл аз интихобот”. Мо дар чанд рўзи ахири ҷанги Афғонистон шоҳиди пешгўиҳои бепояву моя ва дурўғҳое шудем, ки барои чанд насли ин кишвар кофист. Гирифта аз изҳороти Ҷо Байден, Президенти ИМА, ки итминон медод: “Толибон ” ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд, чун артиши 300 ҳазор нафараи давлати Афғонистон, ки бо се миллиард доллар “парвариш” кардем бо он аслиҳаву мадорики ҷангӣ, ки дорад, ба онҳо посухи муносиб хоҳад дод”. Ашраф Ғанӣ ба ҷои ин, ки аз роҳпаймоиҳои пирўзмандонаи “Толибон” бонги хатар занад, мардуми афғонро бо дастури соҳибонаш ором мекард, ки “Нигарон набошед, кобини ман нақшаеро матраҳ кардааст, ки дар Афғонистон тўли панҷ моҳ амнияти сартосарӣ таъмин мешавад”. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Амруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳхону дигар вазирону кабирони Афғонистон шефтаи таъзимҳои Ашраф Ғанӣ ва афсонаҳои Ҷо Байден то лаҳзаи охир дар Арки Президент ба онҳо кафкўбӣ мекарданд.
Аҷиб... То лаҳзае, ки Ашраф Ғанӣ боз бо ҳамон нимтаъзими хунуки худ саллаи дарозашро алвонҷ, дода Афғонистонро тарк накард, хомўш буданд. Баъд аз фирори ноҷавонмардонаи ў, ҳамагӣ ба як бор садо баланд карданд, ки “Ашраф Ғанӣ хиёнат кард ва дар назди Худо ҷавоб мегўяд”. Агар ў хоин аст, чаро то ин дам дар канори ў будед? Чаро ўро барканор накардед, ки ба мардум хиёнат ва ватанатонро ба “авлодаш” таслим накунад?
Акнун меоем сари ин, ки чаро “Этилофи шимол” ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва касе аз паси ин “устодон”- и номвар барнахост, ки тўли ин солҳо фақат молу унвон ҷамъ карданду аз муҳаббати мардум бархўрдор нашуданд,?
Солҳои 1996 то 2001, ки “Толибон” сари қудрат буданду танку ҳавопаймоҳои ҳарбӣ доштанд, қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар як дарраи кўчак сангар нишаста, алайҳи онҳо муқовимат мекард. Ҳазор маротиба ҳуҷум карданд, ҳазор маротиба онҳоро ақиб зад. Имрўз савори мототсиклу бо як “калашников”-и оддӣ артиши сесадҳазорнафараи меросии Амрикоро, ки соҳиби зиреҳпўшу ҳавопаймоҳои ҷангӣ буд, дар ду моҳ шикаст доданд. Чаро Аҳмадшоҳ муваффақ буд? Чаро, ки ба мардум такя мекард, мардум бошад, ба ў бовар доштанд. Ҳеҷ гоҳ думболи Амрико, Чин, Русия ва Эрон намегашт. Балки онҳо ба хотири ҳифзи манфофеи кишварашон назди “Шери Панҷшер” меомаданд.
Панҷшер имрўз низ фатҳ нашудааст ва мардуми афғон умед доранд, ки дар ин водии шермардон як маркази муқовимат алайҳи неруҳои ваҳшатафкан таъсис хоҳад ёфт. Ба шарте, ки агар онро ҳам бидуни муқовимат ба “Толибон” таслим накунанд...
Пас аз шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, қумондонҳои “ҳазоррутба”-и ҷабҳаи Шимол ҳамин боварии мардумро, ки устувортарин сипар буд, аз даст доданд. Хеле дардовар аст, вале бояд иқрор кунем, ки нотифоқ буданд, алайҳи якдигар қиём карданд, ба пулу ҷоҳу мансаб фурўхта шуданд, ҳазораву ўзбеку дигар миллатҳо аз ин кори онҳо дилсард ва аз иттифоқ бо тоҷикон худдорӣ карданд. Ба бозиҳои сиёсии абарқудратон, ки дар Афғонистон пиёда карданд, печиданд. Ҳеҷ яке аз инҳо пешбинӣ накард, ки қиблаашон Амрико, ки ба он намоз мегузоранд, рўзе онҳоро мардуд (оқ) хоҳад кард. Бо Русияву Чину Эрон инҳо бояд иттифоқ мекарданд, кафолати амнияти сарҳадро инҳо бояд медоданд, на “Толибон”. Аммо... Вақте ҳушёр шуданду ба худ омаданд, хеле дер шуда буд.
Ин моҷароҳо боис шуд, ки Русияву Чин “душмани доно”- ро аз “дўсти нодон” афзалтар донистанд.
Афғонистон аз ваъдаи қумондонҳои сарсупурда, ки дар роҳи ҳифзи озодии он қасами шаҳодат мехурданд, ҳанўз 24 соат нагузашта ба дасти “Толибон” бидуни ҷангу муқовимат, суқут кард. Ин гувоҳи он буд, ки неруҳои амниятӣ на ба давлат эътимод доштанду на ба “фармондеҳони мардумӣ”.
ИМА имрўз ба таври шармандавор гоҳ бо таҳдиду гоҳ бо хушомад аз “Толибон” фурсат металабад, ки замонат диҳанд, то шаҳрвандонашро аз Кобул берун барад. Ҳамзамон, баъзе шоҳидони айнӣ дар фурудгоҳи Кобул мегўянд, ки неруҳои амрикоӣ ба сўи собиқ ҳамкорони афғонии худ, ки аз тарси муҷозоти “Толибон” мехоҳанд фирор кунанд, тирандозӣ кардаанд ва дар натиҷаи ин амали ғайриинсонӣ чанд нафар захмӣ ва се нафар ҷон бохтаанд. Мардуми зиёд аз ваҳшати “Толибон” ва хиёнати “калламардон”-и давлати Афғонистон, ба ҳавопаймоҳои ҳарбии Амрико часпида, ҳангоми парвози аз осмон сарозер шуданд ва ҷон ба ҳақ таслим карданд.
Чанд ҳафта қабл дар як матлаб навиштам, ки яке аз сабабҳои дастгирии “Толибон” аз ҷониби кишварҳое мисли Русия, Чин ва Эрон ин ба намоиш гузоштани чеҳраи аслии сиёсати хориҷии ИМА аст, ки дар ҳоли танг омадани қофия, шарикони худро ба ду пули сиёҳ мефурўшад.
Собиқ вазири дифои Исроил Моше Яалон дар саҳифаи худ, дар фазои маҷозӣ бо ишора ба хурўҷи артиши Амрико аз Афғонистон навиштааст: “Дуруст аст, ки Афғонистон аз Исроил дур аст, аммо ақибнишинии Иёлоти муттаҳида ва дар заминаи он пирўзии “Толибон” боиси паст шудани эътибори Амрико дар Ховари Миёна ва нигаронии кишвараш хоҳад буд”. Ў Телавивро ҳушдор додааст, ки ин амали ИМА ишора ба он аст, ки кишвараш ба ваъдаҳои пуштибонаш сахт эътимод набандад ва пешорўи ин хатарот, ба ҳар эҳтимол худро омода кунад, ки яккаву танҳо хоҳад монд.
Ин нигаронии дардомези наздиктарин аз шарикони стратегии ИМА, бояд ба дигар кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон дарси ибрат бошад.

Бахтиёр ҲАМДАМ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: